Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зоиров умедвор аст, ки ҳизбаш ба порлумон роҳ меёбад. ВИДЕО


Раҳматулло Зоиров пеш аз раъйдиҳӣ дар қитъаи раъйдиҳӣ дар рӯзи 1-уми марти соли 2020

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон умедвор аст, ҳизбаш ба порлумон роҳ меёбад, ба шарте, ки он шаффоф, озод ва демократӣ баргузор шавад. Зоиров ин суханонро баъди овоздиҳӣ дар қитъаи рақами 34-и ноҳияи Синои пойтахт ба хабарнигорон иброз дошт.

Ҳизби ӯ ягона нерӯи мухолиф аст, ки дар интихоботи порлумонӣ иштирок мекунад. Ин ҳизб панҷ номзадро аз феҳрасти ҳизбӣ ба порлумон пешниҳод кардааст. Қитъаи овоздиҳии рақами 34, бештар аз 1300 райъдиҳанда дорад ва ба гуфтаи масъулонаш, то соати 8-и субҳ нӯҳ дарсади интихобкунандаҳо овоз доданд. Раҳбарияти ҲСДТ гуфтанд, танҳо дар ҳамин нуқтаи овоздиҳӣ бештар аз 400 раъйдиҳанда доранд.

Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон то ин дам дар порлумон ҳеҷ курсӣ надошт. Дар интихоботҳои гузашта мақомот гуфта буданд, ки ҳизб овози заруриро ба даст наовардааст. Раҳбарияти ҲСДТ бовар дорад, раъйи тарафдорони онҳоро "дуздидаанд".

Ахиран Паймони миллии Тоҷикистон, гурӯҳе аз созмонҳои мухолифи ҳукумати Тоҷикистон дар хориҷа пуштибонии худро аз Ҳизби сотсиал-демократ ва номзадҳои он дар интихобот эълон карданд.

Зоиров дар посух ба ин суол ки оё ин тарафдорӣ бар зарари сотсиал-демократҳо нест, гуфт, "не, чун фикр мекунам миёни мо ҳеҷ созише набуд ва он ки Додгоҳи олӣ ин ё он созмонро терорристӣ эълон кардааст, ин нисбати ҳамон ташкилотҳо амал мекунад. Лекин ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла онҳо ҳам шаҳрванди ин кишвар ҳастанд ва ҳеҷ кас ҳуқуқи конститутсияи шаҳрвандонро маҳдуд накардааст. Бояд аз ин лиҳоз ҳамагуна мавқеро эҳтиром кард".

Зоиров умедвор аст, ки ҳизбаш ба порлумон роҳ меёбад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:50 0:00

Таҳлилгарон баъд аз даъвати мухолифон, ки ҳукумат паймони онҳоро созмони "террористӣ" эълон кардааст, гуфтанд, ки чунин ҳимоят бар зарари ҳизби Зоиров аст.

Раҳбари Ҳизби сотсиал-демократ гуфт, аз ҷараёни ин маъракаи сиёсӣ дар аввали рӯз таассуроти хубе дорад ва изҳори умедворӣ кард, ки ин ҳолат то охири рӯз идома кунад ва интихобот шаффофу демократӣ натиҷагирӣ шавад. Раҳматилло Зоиров ҳарчанд ба феҳристи умумии интихобкунандагон, ки 4 миллиону 900 ҳазор эълон шудааст, бовар надорад, вале мегӯяд, мумкин аст 50 дарсади мардум дар интихобот ширкат кунанд.

Ҳизби сотсиал-демократ яке аз ҳафт ҳизби расмӣ дар Тоҷикистон аст ва беш аз 8,5 ҳазор узв дорад. Ҳизби сотсиал демократ соли 1998 ва замоне сабти ном шуд, ки Зоиров мушовири ҳуқуқии президент Эмомалӣ Раҳмон буд. Вай баъди сабтиноми ҳизб дар Вазорати адлия аз мушовирии президент истеъфо дод ва аз он замон то кунун раҳбарии ин ташаккули сиёсиро ба уҳда дорад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG