Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Исми Далер Шарифов дар феҳристи "10 таҳдиди фаврӣ ба озодии матбуот"


Далер Шарифов, журналисти тоҷик.
Далер Шарифов, журналисти тоҷик.

Ҳайати таҳририяи маҷаллаи "Time" бо такя ба Эътилофи ягонаи матбуоти озод (The One Free Press Coalition) - гурӯҳи муҳаррирони маъруфи матбуотӣ дар моҳи март исми Далер Шарифовро ба феҳристи журналистони рӯбарӯ бо таҳдид ворид кардааст.

Ин феҳрист бо номи рамзии "10 таҳдид ба озодии матбуот" ҳар моҳ исми даҳ нафареро дар саросари ҷаҳон нашр мекунад, ки барои фаъолиятҳои касбиашон дар роҳи мубориза барои озодии баён ва ҳуқуқи инсон бо таҳдид рӯбарӯ ҳастанд ваё зиндонӣ шудаанд.

Дар садри феҳристи моҳи март Чен Куишӣ, як видеоблоггер ё журналисти шаҳрвандии 34-сола аз Чин қарор дорад, ки гуфт, бар хилофи монеаву ҷорӣ шудани ҳолати изтирорӣ ҳақиқати ҳолро дар заминаи муқобила бо вируси марговари COVID-19 бозгӯ хоҳад кард.

Яке аз матлабҳои интиқодии видеоии ӯ аз беморхонаҳои Чин буд, ки гирифторони вирусро дар замину долонҳои беморхонаҳои Вуҳан ва дигар манотиқи Чин ба намоиш гузошт. Вокуниши мақомот сареъ буд: онҳо худи Куиширо боздошт карда, зӯран дар ҳолати карантин гузоштанд.

Дар мақоми дуюми феҳристи моҳи март исми журналисти мустақил ва мунаққиди ҳукумати Тоҷикистон Далер Шарифов зикр шудааст. Дар муаррифии исми журналист навишта шудааст: "Далер Шарифов (Тоҷикистон): Тоҷикистон дар остонаи интихоботи 1-уми март садои матбуоти мустақилро хомӯш мекунад".

Дар бораи ин журналист муаллифон навиштаанд, ки ӯ охири моҳи январи ба идораи пулис бурда ва баъдан ба ду моҳ ба ҳабс гирифта шуд. Баъди мусодираи компютер ва китобҳо аз хонаи журналист, ӯро ба "барангехтани кинаву адовати милливу мазҳабӣ", муттаҳам карданд.

Кумитаи байналмилалии ҳимоят аз журналистон ин ҳодисаро "талоши рӯшани хомӯш кардани садои яке аз камшумортарин мунтақидони матбуотӣ", арзёбӣ кардааст. "Дар сурати гунаҳгор эътироф шудан, ба Далер Шарифов то панҷ соли зиндон таҳдид мекунад",-омадааст дар ин матн.

Дар моҳи март, бо тақозои Эътилофи ягонаи матбуоти озод ва маҷаллаи Time, аз вазъи сиёсатмадори бразилиягӣ Патрисиа Кампос Мелло, журналисти зиддиҳукуматӣ Руҳуллло Зам, журналисти ветнамӣ Фам Дон Транг, журналисти мисрӣ Маҳмуд Ҳусейн, журналисти ҳиндӣ Осиф Султон ёдовар шудаанд.

Инчунин дар ин феҳрист исми Ҷамол Хошуқчӣ, журналист аз Арабистони Саудӣ ёд шудааст, ки аз куштори бераҳмонаи ӯ 500 рӯз сипарӣ мешавад. Дар мақоми шашуми ин феҳрист фаъоли ҳуқуқи башар аз Қирғизистон Азимҷон Аскаров қарор гирифт, ки баъди даҳ сол додгоҳ ба бозбинии парвандаи ӯ рӯ овард. Аскарови 68-сола даҳ сол пеш ба зиндони абад маҳкум шуд.

Беш аз як моҳ дар зиндон

Далер Шарифови 31-сола, ки замоне ҳамкори хабаргузории "Озодагон" буд ва дар робита бо таҳаввулоти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистон дидгоҳҳои интиқод дошт, беш аз як моҳ аст, ки дар боздоштгоҳи КДАМ ба сар мебарад.

Рӯзи 3-март ба Радиои Озодӣ имкон даст надод, ки аз аҳволи ӯ дар боздоштгоҳ аз наздикону дӯстонаш иттилое бигирад. Вале дар як сӯҳбати рӯзи 22-юми феврал бародари Далер - Бахтиёр Шарифов гуфт, ки волидон ва ҳамсари журналист тавонистанд бо ӯ рӯзе аз ин пеш дар боздоштгоҳ дидор кунанд ва ҳолат хуб буд. Ба гуфтаи ӯ, суолҳое, ки муфаттишон медиҳанд, бештар марбут ба китоби навиштаи ӯ мебошад.

Дар изҳороти рӯзи 1-уми феврали Додситонии кулли Тоҷикистон, Шарифов барои нашри "200 матлабу мақола", ки "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ", муттаҳам мешавад.

Ба гуфтаи додситонӣ, ин мақолаҳо аз соли 2013 то 2019 нашр шудаанд. Кумитаи дини Тоҷикистон ҳам рӯзи 5-уми феврал гуфт, ки навиштаҳои Шарифов "дар истеҳсоли кумита" қарор доранд ва баъд аз ташхис натиҷаи он гуфта мешавад.

Боздошти журналисти мунтақиди ҳукумат мавриди интиқоди ҷомеаи журналистӣ дар дохилу хориҷи Тоҷикистон шуд. Моҳи феврал боздошти Шарифовро созмони Дидбони Ҳуқуқи Башар ё Human Rights Watch низ маҳкум кард ва аз мақомоти тоҷик талаб кард, ки ин журналист билофосила озод шавад.

Қаблан дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ - Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон низа хостори озодии Далер Шарифов шуданд. Ин созмонҳову дигар журналистони мустақил боздошти Далер Шарифовро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

Рӯзи 2-юми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ Стив Свердлов, як ҳомии маъруфи ҳуқуқи башар низ боздошти Далер Шарифовро дар остонаи интихоботи парлумонии Тоҷикистон ҳамчун ҷузъе аз таҳаввулот дар "фазои сиёсии олуда бо таъқибу фишор" номид.

Ӯ гуфт, ки "моҳи январ шоҳиди боздошти яке аз охирин садоҳои мустақили журналистика Далер Шарифов шудем. Интихобот дар пасманзари бадтар шудани вазъи ҳуқуқи башар гузашт ва нуқтаи авҷи бадтар шудани вазъи ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон шуд".

XS
SM
MD
LG