Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомот нархро зери назорат гирифтанд, ҳангомаи хариди орд идома дорад.ВИДЕО


Бозори "Меҳргон"-и Душанбе. 5 март, 2020.
Бозори "Меҳргон"-и Душанбе. 5 март, 2020.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки дар кишвар барои ду соли оянда захираи маводи хӯрокворӣ вуҷуд дорад ва сокинон аз ин бобат набояд нигарон бошанд. Ин дар ҳолест, ки сар аз рӯзи гузашта дар пайи овозаҳо дар робита ба эҳтимоли паҳншавии коронавирус дар Тоҷикистон, сокинон дар минтақаҳои гуногуни кишвар ба бозорҳо рехтанд ва маводи хӯроквориро ба миқдори зиёд харидорӣ карданд. Дар пайи ин, нархи маҳсулот дар бозорҳо боло рафт.

Шодихони Ҷамшед, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон рӯзи 5-уми март зимни брифинги хабарӣ гуфт, ки Оҷонсии захираҳои моддии кишвар барои ду соли оянда захираи кофии ғизо дорад ва метавонад мардумро таъмин кунад. Вай ҳамчунин афзуд, ки воридоти маводи хӯрока аз хориҷ чун пештара идома дорад.

Мирҳомуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ҳам дар ин нишасти хабарӣ гуфт, ки рӯзи гузашта Гурӯҳи байниидоравӣ барои мӯътадил нигоҳ доштани вазъияте, ки рӯзи чаҳоршанбе дар бозору фурӯшгоҳҳо ба миён омад, ташкил шудааст. Ба гуфтаи вай, масъулони ниҳодҳои давлатӣ аллакай дар бозору фурӯшгоҳҳо корро оғоз карданд.

Навбат барои орд дар Тоҷикистон, дар пасманзари нигарониҳо аз коронавирус
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:37 0:00

Аз Хадамоти зиддиинҳисории Тоҷикистон ҳам ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ба омӯзиши сабабҳои болоравии нархи маҳсулот дар тамоми бозорҳои кишвар оғоз кардаанд. Дилшод Музаффарзода, муовини раиси ин ниҳод рӯзи 5-уми март гуфт, хадамот дар ҳамоҳангӣ бо масъулини Додситонии кулл, гурӯҳи корӣ таъсис додааст. "Аз субҳ гурӯҳи корӣ, ки аз кормандони Хадамоти зиддиинҳисорӣ ва Додситонии кулл иборат аст, ба тамоми бозорҳо рафтанд",-афзуд вай.

Ин ниҳоди танзимкунандаи давлатӣ маъмулан танҳо пас аз 20 дарсад гарон шудани нархи молу маҳсулот дар як моҳ, ҳаққи дахолат ба онро дорад. Аммо дирӯз дар тамоми бозорҳои кишвар нархи маҳсулоти ниёзи аввалия то ду баробар боло рафт ва мақомот даст ба ин иқдом заданд.

Вазорати рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ҳам рӯзи 5-уми март бо нашри як иттилоия гуфт, ки овозаҳо вобаста ба кам шудани истеҳсол ва воридори маҳсулоти озуқаворӣ, "асос надоранд". Ин вазоратхона ҳамзамон аз сокинон хостааст, ки ба "овозаҳои беасос ва ҳангомаҳои баъзе тоҷирони манфиатдор" бовар накарда, ба эҳсосот дода нашаванд ва аз эҳтиёҷоти худ барзиёд харидорӣ намудани маҳсулоти хӯрокворӣ худдорӣ кунанд.

Аммо сокинон бо таваҷҷуҳ ба чораҳои пешгирӣ аз вирус ба ҷиддӣ будани масъала дар кишвар таъкид мекунанд. Бино ба наворҳое, ки корбарон шаби гузашта фиристоданд, овозаи камчин шудани хӯрокворӣ дар пайи чораҳои пешгирӣ аз коронавирус сокинонро нигарон кардааст.

Мушоҳидаи хабарнигорони Радиои Озодӣ нишон дод, ки субҳи панҷшанбеи 5-уми март низ сокинон дар назди растаҳои фурӯши орду дигар маводи ғизоӣ дар аксар бозорҳои пойтахт навбат меистоданд. Таҷаммӯи зиёди харидорон боис шудааст, ки кормандони милиса вазъро назорат кунанд.

Вазъ дар бозор чӣ гуна аст?

Дар пайи тақвияти чораҳои назоратӣ дар бозорҳо, имрӯз, 5-уми март нархи орд дар фурӯшгоҳҳои Душанбе дар муқоиса ба як рӯзи пеш тағийр ёфта, нисбатан арзон шуд. Аммо навбатпоии сокинон барои хариди орд дар бархе аз бозорҳо ҳанӯз идома дорад. Шоми дирӯз чанде аз сокинон мегуфтанд, ки як халтаи ордро бо нархи аз 230 сомонӣ боло дастрас намуданд.

Алишер Раҷабалиев, сокини Душанбе дар бозори "Меҳргон"-и пойтахт як соат боз дар навбати орд меистод. Ӯ рӯзи 5-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар ин ҷо як халта ордро бо нархи 190 сомонӣ метавон дастрас кард. Ӯ таъкид кард, ки хонаводааш ба орд ниёз дорад, вале овозаҳои ахир онҳоро барои хариди он шитобзада кард.

Ҳаким Хушвахтов, раиси бозори "Меҳргон" дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, сокинон набояд ба ҳангома дода шаванд ва барои хариди орд шитоб кунанд. Хушвахтов афзуд, ки як халтаи ордро аз 185 то 200 сомонӣ пешниҳоди сокинон намуданд. Ӯ таъкид кард, ки худи ҳамин рӯз ба бозор 50 тонна орд ворид намуданд ва барои ҷилавгирӣ аз гаронии он назорати қатъиро ба роҳ монданд.

Бархе аз огоҳони умур мегӯянд, тоҷирон аз вазъияти ба миён омада, сӯиистифода намуда, нархро боло бурданд. Аммо чанде аз савдогарон бар ин назаранд, ки талабот зиёд шуд ва бар асоси қоидаи бозор, нархҳо низ гарон мешаванд.

Тоҷири яке аз фурӯшгоҳҳои бузурги Душанбе, ки нахост номаш бурда шавад, гуфт, дирӯз ба якборагӣ шумораи муштариёни орд зиёд шуд ва онҳо дар муқоиса ба рӯзҳои пеш нархро гарон намуданд. Ба қавли ӯ, гаронии орд зиёд давом накард ва то нисфирӯзии 5-уми март нархҳо ба ҳолати қаблӣ баргашт.

Ҳарчанд дар бозорҳои пойтахт нархи расмии орд ба ҳолати қаблӣ баргашт, аммо сокинон аз бархе минтақаҳои кишвар мегӯянд, ки ордро дар муқоиса ба рӯзҳои пеш бо нархи гарон дастрас мекунанд.

Имрӯз дар кӯчаву хиёбонҳо, дохили мусофирбарҳо ва ҷойҳои ҷамъиятии дигар сӯҳбатҳо аз масъалаи нархи орду дарёфти он ба гӯш мерасид. Бархе мегуфтанд, ки шитоб надоранд ва умедворанд то чанд рӯзи дигар навбатпоиҳову интизориҳо барои харидории орд бартараф мешавад.

Вазорат шарҳ дод, ки чаро масҷидҳо баста шуданд

Мирҳомуддин Камолзода дар брифинги хабарии рӯзи панҷшанбе ба масъалаи бастани масҷидҳо ва низ маҳдуд ё манъ шудани бархе чорабиниҳо дахл кард ва гуфт, ки ин тадбирҳо ба хотири пешгирӣ аз паҳн шудани коронавирус рӯи даст гирифта шуданд.

Вай ба ин суоли хабарнигорон, ки чаро масҷидҳо баста, аммо муассисаҳои таълимӣ ба фаъолияти худ идома медиҳанд, афзуд, ки ба масҷидҳо шаҳрвандони хориҷӣ низ меоянд ва имкони рӯзона чанд дафъа пок кардани қолинҳои масоҷид вуҷуд надорад ва бо дарназар гирифтани вазъияти кишварҳои исломӣ, чунин тасмим гирифта шуд.

Мирҳомуддин Камолзода гуфт, "муассисаҳои таълимӣ умуман баста намешавад", зеро ба гуфтаи ӯ, дар ин муассисаҳо ба таври мунтазам тибқи супориш муоинаи тиббии хонандагон ва донишҷӯён ба роҳ монда мешавад.

Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон рӯзи 4-уми март "ба хотири пешгирӣ аз сирояти коронавирус", ки то ин дам дар ҷаҳон боис ба марги беш аз 3100 нафар шудааст, қарор кард, муваққатан аз хондани намоз дар масҷидҳои ҷомеъ, масҷидҳои панҷвақта ва ҷамоатхонаҳо худдорӣ шавад. Бино ба қарори Шӯрои уламо, танҳо ба хондани намози ҷаноза дар масҷидҳо иҷоза ҳаст.

Лағви чорабиниҳои наврӯзӣ ва қатъи "маршировка"

Аз ин пеш мақомоти Тоҷикистон тамрини роҳпаймоӣ ё "маршировка"-и донишҷӯёнро барои таҷлил аз ҷашни Наврӯзи имсола қатъ карданд. Айни замони Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон иштироки хонандагонро дар озмунҳои байналмилалӣ низ муваққатан боздоштааст.

Кумитаи рушди сайёҳӣ бо фиристодани номае ба ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон гуфтааст, барои ҷилавгирӣ аз вируси хатарнок аз ташкили саёҳати шаҳрвандоне, ки дар кишвари онҳо ин вирус ошкор шудааст, парҳез кунанд. Мақомот мегӯянд, ин муваққатӣ аст ва то замони муътадил шудани вазъ аст.

Коронавирус моҳи декабри соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин пайдо шуд ва аз он замон то кунун босуръат дар даҳҳо кишвари ҷаҳон паҳн гардид. Дар ин муддат дар саросари ҷаҳон беш аз 3000 нафар ҷон бохта, беш аз 90 ҳазор тани дигар ба ин беморӣ мубтало шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG