Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи Homo Homini-ро ба бародари Бузургмеҳр Ёров доданд. ВИДЕО


Ҷоизаи вакили шинохтаи тоҷикро қабл аз оғози ҷашнвораи филмҳои ҳуқуқи инсон дар Прага супурданд.

Бузургмеҳр Ёров, вакили зиндонии тоҷик, Ҳомо Ҳоминӣ - ҷоизаи як созмони имдодии Чехияро ба даст овард, ки ҳар сол дар маросими хосе дар шаҳри Прага тақдим мешавад.

Олег Сентсов, коргардони шинохтаи украинӣ, ки барои мавзеъгириаш ба зидди ишғоли нимҷазираи Қрим бештар аз чаҳор соли умрашро дар зиндонҳои Русия паси сар кардааст ва Шимон Панек, мудири созмони “Афроди мӯҳтоҷ” ҷоизаро ба бародари Бузургмеҳр, Ҷамшед Ёров супурданд. Маросим шаби 5-уми март дар калисои Аннаи муқаддас баргузор гардид.

Олег Сентсов пеш аз тақдими ҷоиза ба Ҷамшед Ёров дар ин маросим гуфт: “Кумак ба афроде ба мисли Ёров фавқулода муҳим аст. Агар мо ҳарчӣ бештар доир ба онҳо бигӯем, мардуми бегуноҳе, ки бо иттиҳомоти бофта зиндонӣ шудаанд, имкони бештари эмин будан аз азобу кушта шуданро хоҳанд дошт. Ҳамчунин имкони бештаре хоҳад буд, ки таҳти фишори ҷомеаи байналмилалӣ ин афрод мисли ман озод мешаванд."

Шимон Панек Бузургмеҳр Ёровро вакиле номид, ки "иштиёқаш ба адолат ва ҳақиқат ӯро ба ҳимояти онҳое водор кард, ки ҳуқуқашон зери по шудааст, ноодилона таъқиб шудаанд ва ё муҳокимаи онҳо зери назари мақомоте сурат гирифтааст, ки амр додаанд, парванда боз шавад."

Ҷоизаи Homo Homini-ро ба дасти бародари Бузургмеҳр Ёров доданд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:21 0:00

Весна Эванс, сухангӯи созмони "Афроди мӯҳтоҷ" ба Радиои Озодӣ гуфт, ​Ҷоизаи Ҳомо Ҳоминиро ба онҳое, медиҳанд, ки ба гуфтаи дастандаркоронаш бо вуҷуди тамоми сахтиҳо барои ҳуқуқи инсон саъй кардаанд. Ӯ афзуд: ​"Мо барои он ҷаноби Ёровро интихоб кардем, ки муддатҳои тӯлонӣ барои беҳтар кардани вазъи ҳуқуқи тамоми мардум дар Тоҷикистон саъй кардааст. Талоши ӯ барои онки ҳуқуқи бунёдии мардум, яъне ҳуқуқи доштани вакили дифоъ риоят шавад."

Баъди гирифтани ҷоиза Ҷамшед Ёров ба созмони “Афроди мӯҳтоҷ” изҳори сипос кард ва баёнияи бародарашро хонд, ки гуфтааст, ба ӯ ва ҳамватанонаш умед медиҳад, “ҳуқуқи инсон ва волоияти қонун аз ёдҳо нарафтааст”.

Бузургмеҳр Ёров дар ин баёния, ки аз зиндон фиристодааст, гуфтааст: "Кумаки шумо, дарки шумо ва қадрдонии шумо ба ман нерӯ медиҳад ва бовариамро қавитар мекунад, ки адолат дар ниҳоят пирӯз мешавад. Ман ҳаргиз пушаймон нестам ва ҳар коре, ки кардаам, барои адолат ва қонун буд."

Ҷамшед Ёров: Албатта бародарамро ёд кардам
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:47 0:00

Худи Ҷамшед ба Радиои Озодӣ гуфт: "Ин як ҷоизаи илҳомбахш аст, ҷоизае ҳаст, ки таваҷҷӯҳи ҷаҳонро ба парвандаи Бузургмеҳр нишон медиҳад. Ба мо қувват мебахшад, ки муборизаро барои озод кардани бародари худ идома диҳем".

Бузургмеҳр Ёровро моҳи октябри соли 2016 бо гуноҳҳои даъвати оммавӣ ба тағйири ҳукумат, сохтакории санаду қаллобӣ ба 23 соли зиндон маҳкум карданд. Додгоҳ баъдан ба ҳукми ӯ барои “таҳқири намояндаи ҳокимият ва президент” 5 соли дигар изофа кард.

Соли гузашта бар асоси Қонуни авф ҳукми Бузургмеҳр Ёровро 6 сол кам карданд. Бузургмеҳр Ёров мегӯяд, ки ҳеч гуноҳ накардааст ва парвандааш ангезаҳои сиёсӣ дорад ва фақат барои ҳимояти ӯ аз ҳуқуқи аъзои Ҳизби наҳзати исломӣ буд. Ин ҳизбро соли 2015 дар Тоҷикистон созмони террористӣ эълон карда ва фаъолияташро мамнӯъ намуданд. Бузургмеҳр Ёров аз ҳуқуқи 13 узви боздоштшудаи раёсати ин ҳизб ҳимоят мекард.

Кишварҳои ғарбӣ ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ борҳо аз ҳукумати Тоҷикистон хостаанд, ки Бузургмеҳр Ёровро раҳо кунад. Ӯро соли гузашта сазовори ҷоизаи ба номи Файзиннисо Воҳидова донистанд, ки созмони Иттиҳодияи муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Аврупо таъсис додааст.

Ҷоизаи “Ҳомо Ҳоминӣ”-ро ҳар сол ба афроди алоҳида ва ё гурӯҳҳое медиҳанд, ки дар “ҳимоят аз ҳуқуқи инсон, демократия ва ҳалли мусолиматомези муноқишаҳои сиёсӣ” саҳм гирифтаанд. Ҷоизаи мазкурро дар гузашта Интиқом Алиев, вакили озарӣ, Алес Бялятски, ҳомии ҳуқуқ аз Беларус, Абдулло Мӯъминӣ ва Маҷид Таваккулӣ фаъолони ҳуқуқи инсон аз Эрон соҳиб шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG