Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лағви консерти Нигина Амонқулова дар Исроил бинобар коронавирус


Нигина Амонқулова.
Нигина Амонқулова.

Барномаи ҳунарии Нигина Амонқулова, овозхони машҳури тоҷик, бинобар коронавирус дар Исроил бекор карда шудааст. Қарор буд ин барнома рӯзҳои 11-12-уми март баргузор шавад. Дар ин бора созмондиҳандаи барнома Эли Яқубов дар шабакаҳои иҷтимоӣ хабар дод.

"Консерти Нигина Амонқулова бояд фардо ва пасфардо баргузор мешуд. Аммо Вазорати тандурустии Исроил ҳамаи чорабиниҳоро бинобар хатари коронавирус лағв кард", - хабар дод ӯ дар шабакаҳои иҷтимоӣ.

Дар Исроил то рӯзи 10-уми март 42 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст ва ҳукумати он кишвар эълон кардааст, ҳамаи афроде, ки аз хориҷ меоянд, бояд ба муддати 14 рӯз карантин шаванд.

Нигина Амонқулова дар ҳоли ҳозир яке аз маъруфтарин овозхонҳои ҷавони кишвар аст. Ӯ соли 1986 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, номаш бори аввал баъди пирӯзӣ дар озмуни “Андалеб” машҳур шуд.

Аввалин таронае, ки Нигинаро машҳур кард, таронаи маъруфи солҳои 60-ум бо номи “Ранҷида нигорам омад” буд, ки Нигина Амонқулова бозхонӣ кардааст.

XS
SM
MD
LG