Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳодур Усмонов соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 шуд


Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик.
Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик.

Баҳодур Усмонов, муштзани маъруфи тоҷик, ки имрӯз, 11-уми март, дар мусобиқаи интихобии олимпӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус дар шаҳри Аммони Урдун дар даври бокс-офф дар вазни то 63 кило миёни мардон бар варзишгари эронӣ Ашкон Ризоӣ бо ҳисоби 5:0 пирӯз шуд, соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио-2020 гардид. Ин аввалин роҳхати варзишгарони тоҷик ба Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ мебошад.

Дар вазни то 63 кило миёни мардон шаш роҳхат ихтисос дода шудааст. Чаҳор нафаре, ки ба нимфинал роҳ пайдо карданд, соҳиби роҳхатҳо шуданд. Муштзанҳое, ки дар чорякфинал мағлуб гаштанд, барои ду роҳхат мубориза бурданд.

Дастоварди бузурги варзишии соли 2019 ба Баҳодур Усмонов марбут аст. Ин муштзани тоҷик дар қаҳрамонии бокси Осиё дар шаҳри Бангкоки Тайланд ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медали тилло сарфароз гашт.

Баҳодур дар рақобатҳо дар вазни зери 64 кило баъди се пирӯзӣ ба финал баромад. Ӯ дар қувваозмоии ниҳоӣ бар Обада Ал-Касбеҳ аз Урдун дастболо шуд. Зимнан, Баҳодур Усмонов дар таърихи бокси тоҷик чорумин муштзанест, ки ба гирифтани унвони қаҳрамони Осиё мушарраф шудааст.

"Мақсади асосии ман ба даст овардани роҳхат ба Бозиҳои олимпии соли 2020 мебошад. Кӯшиш мекунам, ки дар мусобиқаи литсензионӣ соҳиби роҳхат ба Олимпиадаи Токио шавам"-гуфта буд Баҳодур Усмонов дар як суҳбат бо Радиои Озодӣ.

Баҳодур Усмонови 22-сола, ки хатмкардаи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон аст, инчунин порсол дар мусобиқаҳои байналмилалӣ 3 нишони тилло, 1 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст овардааст.

Имрӯз муштзани охирини тоҷик Шаббос Неъматуллоев дар вазни то 81 кило бо Санчин Кумар аз Ҳиндустон барои ба даст овардани роҳхати олимпӣ талош мекунад.

Дар мусобиқаи интихобӣ дар минтақаи Осиё/Уқёнус оид ба бокс барои дарёфти роҳхатҳо ба Бозиҳои олимпии соли 2020, ки аз рӯи 13 дараҷаи вазнҳо (8 вазн миёни мардон ва 5 вазн миёни занон) сурат гирифтааст, беш аз 250 варзишгар аз 40 кишвар барои 63 роҳхат (41 роҳхат миёни мардон ва 22 роҳхат миёни занон) талош меварзанд.

Тибқи низомнома дар ин мусобиқа миёни бонувон дар вазни то 51 кг шаш нафар, дар вазнҳои то 57, 60, 75 кг чорнафарӣ, миёни мардон бошад, дар вазнҳои то 52, 57, 63 кг шашнафарӣ, дар вазнҳои то 69, 75, 81 кг панҷнафарӣ ва дар вазнҳои то 91 кг ва беш аз 91 кг чорнафарӣ ба ҳаққи ширкат дар Олимпиадаи Токио-2020 мушарраф мешаванд.

Бозиҳои XXXII тобистонаи олимпӣ дар Токио аз 24-уми июл то 9-уми августи имсол барпо мегарданд. Мусобиқаи олимпӣ оид ба бокс аз 25-уми июл то 9-уми август доир хоҳад шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG