Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бист сол зиндагии як оила дар анбору вагон. ВИДЕО


Муҳаббат Ҷонакова.

Муҳаббат Ҷонакова ва Бобохон Беков, сокинони ноҳияи Кушониён, ҳамроҳ бо фарзандон 20 соли ахир дар гӯшаҳои гуногуни вилояти Хатлон, гоҳ дар вагону гоҳ дар бошгоҳҳои саҳроӣ ва гоҳе ҳам дар анборҳо иҷоранишинанд. Аз панҷ фарзанде, ки доранд, якеро дар хонаи модари Муҳаббат Ҷонакова бузург кардаву ба шавҳар додаанд. Фарзандонаш ҳам дар вагон ё анбор ва ё бошгоҳи саҳроӣ таваллуд шудаанд. Фарзанди дувум ва 16-солаи онҳо танҳо то синфи се таҳсил кардааст.

Муҳаббат Ҷонакова, сокини ноҳияи Кушониён мегӯяд, "мо дар ҳар куҷо иҷора мешиштем. Як сол дар хонаи падару модарам будем. То синфи якум хонд. Дар ноҳияи Ёвон дар ду ҷо хондааст. Баъд дар як бошгоҳ будем, беҳад аз маркзаи ноҳияву мактаб дур буд. Мактаб рафта наметавонистанд, дар зимистон мошин намерафт, хару асп мерафт. Лой буд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Бист сол зиндагии як оила дар вагон
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:18 0:00

Ҳоло дар як гӯшаи замине дар шаҳри Леваканд дар вагон зиндагӣ мекунанд. Саргардониву иҷоранишинии ин хонавода соли 2000-ум, замоне сар зад, ки падари хонаводаро барои кори посбонӣ ба ноҳияи Ёвон даъват карданд. Ва бо ҳамин аз хонаи падарӣ берун шуданду дигарбора баргашта натавонистанд.

Муҳаббат Ҷонакова, сокини ноҳияи Кушониён гуфт, "панҷ сол 3 бинои калонро, ки бояд 3 фаррош кор кунанд, худам ба танҳоӣ поккорӣ мекардам. Ба он хотир, ки ба ивази маош ба ман замин ваъда карда буданд. Оқибат на замин доданд, на маош. Як бор 10 сомонӣ равон карданду бас."

Шавҳари Муҳаббат бознишаста ва бемор аст. Зиёд роҳ рафта наметавонад ва дар ҷое ҳам кор намекунад. Бобохон Беков гуфт, "ҳатто ба як-ду ҷо рафтам барои посбонӣ, гуфтанд, ту нафақахӯрӣ, кор кардан мумкин нест.”

Таъмини хонаводаро Муҳаббат Ҷонакова ба ӯҳда дорад. "Марди хона шудаам. Шабҳо гулдӯзӣ мекунам, ки барои рӯзгузаронӣ мешавад. Рӯз боз ба замини мардум меравем, киштукор мекунем. Вақти пиёзчинӣ то Қумсангир (Ҷайҳун) меравем ҳамроҳи занҳои дигар, то кор кунем", -- нақл кард ӯ.

Талоши чандсолаи ин хонавода, махсусан Муҳаббат Ҷонакова, барои дарёфти як порча замин барои сохтмони манзил бенатиҷа будааст. Раисони ноҳия ва вилоят борҳо ваъда додаанд, аммо то ҳанӯз иҷро накардаанд.

Муҳаббат Ҷонакова мегӯяд, ин ҳама талошаш барои дарёфти замину манзил танҳо ба хотири фарзандонаш аст, ки ҳадди ақал таълими дуруст бигиранд ва дар зиндагӣ роҳи худро пайдо кунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (6)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG