Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Эрон: "Коронавирус метавонад миллионҳо нафарро ба ҳалокат расонад"


Табибон бемори коронавирусро табобати мекунанд. Теҳрон, 17 марти соли 2020
Табибон бемори коронавирусро табобати мекунанд. Теҳрон, 17 марти соли 2020

Дар ҳоле ки шумораи қурбониёни коронавирус дар Эрон ба 1000 нафар мерасад, телевизиони давлатии ин кишвар ҳушдор дод, ки агар ҷомеа ба чораҳои ҳифзи саломатӣ беэътиноӣ кунад, ин беморӣ метавонад "миллионҳо" нафарро дар Ҷумҳурии Исломӣ ба ҳалокат расонад.

Ин ҳушдор пас аз нимирӯзии 17-уми март, баъди он пахш шуд, ки Вазорати тандурустии Эрон гуфт, ки дар як рӯзи гузашта 135 аз бемории КОВИД-19 фавтидаанд. Ин афзоиши 13-дарсада шумораи умумии қурбониёни коронавирусро дар Эрон ба 988 нафар расонд. Ҳамин тавр, Эрон пас аз Чин ва Итолиё савумин кишварест, ки бештарин мавридҳои тасдиқшуданро дорад.

"Ҳисоботи беш аз 56 лаборатория нишон медиҳад, ки дар тӯли 24 соати охир мо 1718 ҳолати нави тасдиқшудаи сирояти COVID-19-ро дорем", -- гуфт сухангӯи вазорати тандурустӣ Киёнуш Ҷаҳонпур.

"Ин шумораи умумии ҳолатҳои тасдиқшударо то нимаи имрӯз ба 16 169 адад расонд",-- афзуд Ҷаҳонпур.

Афзоиши фавт дар ҳоле рух дод, ки Эрон тақрибан 85,000 маҳбусро қабл аз 17 март озоод кард, то аз авҷгирии беморӣ дар зиндонҳ пешгирӣ шавад.

Сухангӯи додгоҳ Ғуломҳусайн Исмоилӣ гуфт, ки дар байни озодшудагон маҳбусони сиёсӣ низ буданд.

"Тақрибан 50 дарсади афроди раҳошуда зиндониҳои марбут ба масъалаҳои амниятӣ буданд ... Инчунин дар зиндонҳо мо барои пешгирии авҷ гирифтан чораҳои эҳтиётӣ дидем", -- гуфт Исмоилӣ, аммо ҷузъиёти бештаре надод.

Шубҳаҳое вуҷуд доранд, ки ҳамаи ин арқом назар ба ончӣ ҳукумати Ҷумҳурии Исломӣ мегӯяд, фарқи ҷиддӣ дорад.

Президенти Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 16 март эрониёнро даъват кард, ки дар ҷашни Наврӯз дар 20 март дар хона бимонанд ва аз сафар ба наврӯзгоҳҳо худдорӣ кунанд. Телевизиони давлатӣ хабар дод, ки бисёре аз мазору ибодатгоҳҳои кишвар аз бими паҳн шудани коронавирус баста шудаанд.

Ин эълонҳо тақводорони сарсахти шиъаро ба хашм овард ва онҳо саҳни ду зиёратгоҳи муҳими эрониён -- масҷиди Имоми Ризо дар Машҳад ва мақбараи Фотимаи Масумаро дар Қум ишғол карданд. Издоҳоми зоирон дар ин ҷойҳо 24 соат дар як рӯз, ҳафт рӯз дар ҳафта намоз мегузоранд ва қабру зиёратгоҳро даст расонда, мебӯсанд. Ин ҳолат масъулони соҳаи тандурустиро ба ташвиш овард ва онҳо ҳафтаҳо пеш ба рӯҳониён дастур доданд, ки зиёратгоҳҳро банданд.

Расонаҳо давлатии Эрон ҳамчунин гуфтанд, ки Ҳошими Баттоӣ узви Шурои хубрагон аз олудашудан ба вируси короно ҷон додааст ва ҳамингуна шумораи мурдагон миёни хизматчиён ва мансабдорони пешин ба 12 нафар расидааст. Хабаргузории давлатии ИРНА гузориш дод, ки Оятуллоҳ Ҳошими Баттоии Гулпойгонӣ, ки 78-сола будааст, ду рӯз пас аз мусбат баромадани санҷишаш аз бемории COVID-19 дар беморхона фавтид.

Ин рӯҳонӣ намояндаи расмӣ Теҳрон дар Маҷлиси Коршиносон буд. Маҷлиси Коршиносон ё Хубрагон, 88 рӯҳонии қудратмандро дар бар мегирад, ки раҳбари олии Эронро таъйин ва назорат мекунад. Пеш аз ин чанде аз чеҳраҳои саршинос ба монанди Ҳусейни Шайхулислом ,муовини пешини вазорати хориҷӣ, Ҳодии Хусравшоҳӣ, сафири пешин, Фотимаи Раҳбар намояндаи мунтахаби маҷлис ва Муҳаммади Мирмуҳаммадӣ узви Маҷмаи ташхиси маслиҳати низом дар Ҷумҳурии Исломӣ аз вируси корона фавтиданд.


Ҳадди аққал 12 сиёсатмадор ва мансабдори эронии имрӯза ва ё пешина аз беморӣ фавтиданд ва 13 нафари дигар олудашуда ё дар карантин мебошанд ва ё табобат мегиранд.

Бар асоси баррасиҳои радиои Фардо то кунун зиёда аз 32 ҳазор нафар ба сабаби доштани нишонаҳои короновирус дар 30 вилояти Эрон бистарӣ шуда ва ё зери назар мебошанд.

XS
SM
MD
LG