Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талаби муваққатан аз андоз озод кардани ширкатҳои сайёҳӣ. Мақомот: "Ҷойи нигаронӣ нест"


Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон.
Сайёҳони хориҷӣ дар Тоҷикистон.

Ширкатҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон аз мақомот талаб доранд, ки муваққатан онҳоро аз пардохти андоз озод кунанд. Масъулини ин ширкатҳо мегӯянд, хуруҷи коронавирус фаъолияти онҳоро касод кард ва феълан аз ҳеҷ ҷойе даромад намегиранд. Мақомот аммо мегӯянд, ҷойи нигаронӣ нест ва агар ширкатҳо даромад намегиранд, бояд ҳисоботи сифрӣ пешниҳод кунанд.

Муродҷон Ҳомидов, роҳбари ширкати сайёҳии "Ҷаҳонгард" дар шимоли Тоҷикистон мегӯяд, ҷалби сайёҳ аз хориҷи кишвар ва бурдани муштариён ба берун ҳоло ғайриимкон аст. Ба ин хотир, ҷаноби Ҳомидов мегӯяд, ба дастгоҳи иҷроия ва Кумитаи андоз муроҷиат кардааст, ки ширкатҳои сайёҳиро муваққатан аз пардохти молиёт озод кунанд.

"Сарҳад маҳкам бошад куҷо мебарорем? Муфлис шудем, дигар манбаи даромад надорем. Кумитаи андоз аз мо талаб дорад, ки андоз супор. Моҳи гузашта андози мо 283 сомонӣ шуд, аз мақомоти андоз занг зада гуфтанд, ки наход ҳамин қадар маблағ надошта бошед. Ноилоҷ аз маблағҳои захиравии худам бурда супорам",-мегӯяд роҳбари ширкати "Ҷаҳонгард".

Ба ин монанд моликони чанд ширкати дигари ҷаҳонгардӣ низ рӯзи 18-уми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз касод шудани корашон шикоят карданд ва гуфтанд, аз мақомот мехоҳанд онҳоро муваққатан аз пардохти молиёт озод кунанд. Мақомот дар посух ба талаби ширкатҳои сайёҳӣ мегӯянд, ҷойи нигаронӣ нест ва агар ширкатҳо даромад нагирифтанд, пас бояд инро дар ҳисоботашон пешниҳод кунанд.

Як масъули Сарраёсати сиёсати андоз ва пардохтҳои давлатии Вазорати молия бидуни зикри номаш дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, мақомот то ин вақт ба ширкатҳои сайёҳӣ сабукиҳои зиёде додаанд. Вале ба гуфтаи ин мақоми Вазорати молия, агар ширкатҳо феълан даромад надоранд, "пас манбаи андозбандӣ низ вуҷуд надорад".

"Бояд ширкатҳо мувофиқи қонун ба мақомоти андоз ҳисобот пешниҳод карда, онҷо зикр кунанд, ки ман ин моҳ даромад надидам. Умуман даромад, ки нагирифт, объекти андозбандӣ пайдо намешавад",-гуфт масъули Вазорати молия.

Таъкиди ин масъули Вазорати молия дар ҳолест, ки моликони бархе ширкатҳои ҷаҳонгардӣ мегӯянд, мақомоти андоз ҳисоботи сифриро баъзан қабул надоранд ва талаб мекунанд, ки аз ҳар роҳе набошад андозро супоранд.

Моликони бархе ширкатҳои ҷаҳонгардӣ гуфтанд, дар фикри омода кардани муроҷиати дастаҷамъонаи расмӣ ба унвонии мақомоти андози Тоҷикистон ҳастанд, то бо назардошти аз фаъолият мондани кори соҳаи туризм дар пасманзари маҳдудшавии парвозу сайру сафарҳо, онҳоро аз пардохти андоз озод кунанд. Феълан маълум нест, ки ин нома кай ба дасти Кумитаи андоз мерасад.

Интиқолу овардани сайёҳон, фурӯши чипта ва дуруст кардани санадҳо барои гирифтани раводид аз манбаҳои аслии даромади ширкатҳои сайёҳӣ аст, ки ба гуфтаи масъулини ширкатҳо феъла аз онҳо даромаде нест. Овардани сайёҳон аз хориҷа ва бурдани шаҳрвандони Тоҷикистон ба берун бар асоси як дастури Кумитаи рушди сайёҳӣ аз рӯзи 17-уми март муваққатан манъ шуд. Аксари парвози ҳавопаймоҳо ҳам манъ гардид ва касе ҳам ба гуфтаи масъулини ширкатҳои сайёҳӣ, барои дуруст кардани санади раводид муроҷиат намекунад.

Нурулло Раҳимов, директори ширкати сайёҳии "Зигана Тур", яке аз калонтарин ширкатҳои ҷаҳонгардии Тоҷикистон мегӯяд, аз пеш омадани чунин вазъ ҳама ширкатҳо нигаронанд. Ба гуфтаи Раҳимов, аллакай баъзе ширкатҳои ҷаҳонгардӣ фаъолияти худро муваққатан ва баъзе пурра қатъ карданд.

Ҳамсӯҳбати мо гуфт, агар мақомот масъалаи мувақаттан аз пардохти андоз озод кардани ширкатҳои сайёҳиро набинанд, "бисёр ширкатҳои сайёҳӣ баста мешаванд. Барои онки даромад нест. Ҳамаи ширкатҳо зарари калон диданд".

Тоҷикистон, ки даромади аслии он аз фурӯши алюминий, пахта ва интиқолҳои пулии муҳоҷирони корӣ дар Русия аст, рушди ҷаҳонгардиву туризмро яке аз ҳадафҳои муҳими стратегияи рушди кишвар то соли 2030 унвон кардааст. Умедвории Тоҷикистон ин аст, ки аз роҳи ҷалби меҳмонҳои хориҷӣ ба тамошои кишвари кӯҳманзар тиҷорати хурду миёна ва бахши андоз ҷон мегирад.

Соли 2018, ба иттилои расмӣ, аз Тоҷикистон беш аз 1 миллион меҳмони хориҷӣ дидан карда, будҷаи давлатӣ аз ин ҳисоб тахминан 23 миллион доллар фоида дидааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG