Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оғози мусобиқаҳои наврӯзӣ бо ҳузури камранги мухлисон. ВИДЕО


"Наврӯзгоҳ"-и Душанбе. 20 март, 2020.

Имрӯз дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе мусобиқаи ҷумҳуриявии гӯштии миллӣ бо теъдоди андаки мухлисон шурӯъ шуд. Дастандаркорон умедворанд, ки дар марҳилаи ниҳоии мусобиқа барои пирӯзӣ ва соҳиб шудан ба мошини сабукрав теъдоди мухлисон бештар хоҳад шуд.

Қабл аз зӯҳри ҷумъа вақте вориди "Наврӯзгоҳ" шудем, нахустин фикре, ки моро фаро гирифт, ин буд, ки шояд иштибоҳ кардем ва мусобиқа дар маҳалли дигаре сурат мегирад. Аммо Сӯҳроби Акбаршо, сардовари мусобиқа дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки паҳлавонони ҳашт даста аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон субҳи имрӯз маҳз дар ин ҷо барои дарёфти шоҳҷоизаи мусобиқа вориди рақобат шудаанд.

Вай гуфт, "паҳлавонони беҳтарин ба ин мусобиқа даъват шудаанд. Имрӯз марҳилаи нахустин рақобат аст ва пагоҳ даври ниҳоӣ, яъне финал баргузор мешавад".

Сӯҳроби Акбаршо дар посух ба ин савол, ки гуштӣ варзиши дӯстдоштаи мардуми тоҷик, бахусус дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯз аст ва чаро теъдоди мухлисон дар "Наврӯзгоҳ" андак аст, гуфт, умедворанд дар марҳилаи ниҳоӣ мухлисон бештар мешаванд.

Чунин ба назар мерасад, ки таҳлукаи мардум аз паҳншавии бемории коронавирус сабаб шудааст, ки мухлисон аз ҳузур дар мусобиқаҳои серодам худдорӣ кунанд. Бахусус, ки дирӯз Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ба мақомоти тоҷик машварат дода буд, ки дар шароити паҳншавии коронавирус аз баргузории маросимҳои серодам худдорӣ кунанд.

Наврӯз ҳамроҳ бо коронавирус. Шумо ҷашн мегиред?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:32 0:00

Аммо Хайрулло Иззатов, мухлиси гуштии миллӣ ва дар гузашта сармураббии тими мунтахаби гуштии миллии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки бештаре аз мухлисон ва сокинони Душанбе дар бораи оғози ин мусобиқа иттилои дақиқ надоштанд. Ҳарчанд, ба эътиқоди ин устоди варзишгар, сару садоҳо дар бораи беморӣ низ дар ин замина асар гузоштааст.

Вай гуфт, "ҳоло беморӣ сабаб шудааст, ки мухлисон хеле кам ба "Наврӯзгоҳ" омаданд, онҳо дудила буданд, ки ба варзишгоҳ биёянд ё не. Онҳоро фаҳмидан мумкин аст, ҳама аз ин беморӣ дар ҳарос ҳастанд".

Гуфта мешавад, маъмулан дар "Наврӯзгоҳ" барои то 15 ҳазор тамошобин ҷойи нишаст вуҷуд дорад, аммо теъдоди мухлисон дар мусобиқаи имрӯз на бештар аз 500-600 нафар буд.

Дастандаркорон мегӯянд, ки дар рӯзҳои ҷашни наврӯзӣ дар бештаре аз манотиқи Тоҷикистон мусобиқоти гуштӣ баргузор мешавад ва ба ин далел, алоқамандони тамошои ин рақобат дар Душанбе камтар аст.

Аммо, чунин мусобиқот дар солҳои қаблӣ низ дар арафаи ҷашни Наврӯз дар бештаре аз манотиқи кишвар доир мешуданд ва бо ин вуҷуд варзишгоҳи аслӣ барои рақобат дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ ҳамеша сертамошобин буд.

Шарҳҳоро бинед

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG