Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эҳтимоли ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпӣ-2020


Як рӯз пас аз он, ки Кумитаи байналмилалии олимпӣ эълон кард, ки бинобар паҳншавии бемории корона дар саросари ҷаҳон, масъалаи баргузор шудан ё нашудани Бозиҳои олимпӣ дар Токиоро баррасӣ мекунад, нахуствазири Ҷопон эҳтимоли ба таъхир андохтани ин мусобиқотро матраҳ кард.

Рӯзи 22-юми март дар ҷараёни нишасти ҳайати иҷроии Кумитаи байналмилалии олимпӣ, ин ниҳод эълон кард, то чаҳор ҳафтаи дигар дар мавриди ин, ки Бозиҳои олимпӣ-2020 дар Токио - пойтахти Ҷопон доир шавад ё на, тасмим хоҳад гирифт.

Тавре, ки Кумитаи байналмилалӣ олимпӣ дар вебсайти худ эълон кард, бо дар назар гирифтани нигарониҳо аз саломатии ҳама касоне, ки ба Токио сафар мекунанд, сенарияҳои гуногун дар назар гирифта мешавад. Ин сенарияҳо аз ҷумла, тағйири барномаҳо ва ҳамчунин тағйири замони оғози Бозиҳо хоҳад буд.

Се рӯз пеш Ҷопон ба таври расмӣ машъали Бозиҳои олимпиро қабул кард. Аммо ин маросим бидуни тамошбин баргузор шуд.

То пеш аз баргузории нишасти ҳайати иҷроӣ, Кумитаи байналмилалии олимпӣ таъкид дошт, ки талош хоҳад кард Бозиҳо дар вақти муайяншуда баргузор шавад.

Дар ҳафтаҳои гузашта корона аз марзҳои Чин ва кишварҳои ҳамсояи он гузаштааст. Коронавирус на танҳо ба як бемории фарогири ҷаҳонӣ табдил шудааст, балки дар ҳоли ҳозир шумораи гирифторон дар кишварҳои аврупоӣ, Ховари Миёна ва Амрико дар ҳоли афзоиш аст.

Як рӯз пас аз нишасти Кумитаи байналмилалии олимпӣ, Шинзо Абе, нахуствазири Ҷопон эълом кард, ки агар баргузории Бозиҳо ба таври якпорча ва ба монанди давраҳои пешин мумкин набошад, "бояд тасмим бигирем, ки он таъхир гузошта шавад", зеро ҳифзи саломатии ширкаткунандагон аз ҳама муҳимтар аст".

Кумитаи байналмилалии олипмпӣ мегӯяд, барои баррасии сенарияҳои гуногун, ба ҳамкории комили кумитаҳои баргузоркунандаи Бозиҳои олимпӣ-2020, мақомҳои ҷопонӣ ва ҳама федератсияҳои байналмилалӣ ва Кумитаҳои миллӣ ниёз дорад.

Ҳамчунин шабакаҳои хабарие, ки ҳаққи пахши Бозиҳоро доранд, сармоягузорон ва пуштибонҳои молӣ, ва низ муҷриён, таъминкунандагон ва паймонкорон ҳамагӣ бояд мутаҳҳид бошанд ва бо доиркунандагони мусобиқот ҳамкорӣ кунанд.

Бозиҳои олимпӣ-2020 қарор аст 22-юми июл дар шаҳри Токио оғоз шавад.

Дар ҳамин ҳол, Канада гуфт, ки варзишгаронашро ба Токио намефиристад ва хостори ба таъхир афтодани Бозиҳои олимпӣ ба муддати як сол шуд

XS
SM
MD
LG