Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бадахшон - ягона минтақаи бе расонаи мустақил дар Тоҷикистон


Намое аз шаҳри Хоруғ - маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.
Намое аз шаҳри Хоруғ - маркази маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон.

Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ягона минтақае дар Тоҷикистон аст, ки то кунун расонаҳои мустақил надорад. Телевизиони давлатӣ ҷойгузин (алтернатива) надорад ва сокинон ба шабакаҳои иҷтимоӣ ва хабаррасонии мардумӣ (даҳон ба даҳон) бартарӣ медиҳанд.

Расо даҳ сол муқаддам дар шаҳри Хоруғ шумораи нахустини якумин нашрияи соҳавии "Ҳаёт" бо ташаббуси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ дар умури табобат ва пешгирии Бемории норасоии масъунияти бадан нашр шуд, ки моҳнома буд. Тиражи моҳонаи нашрия 800 нусха буд, ки дар он доир ба бемориҳои гуногун ва огоҳиҳои марбут ба онҳо дар доираи лоиҳаи "Помир алайҳи БНМБ" матолиб нашр мешуд. Вале бо гузашти 10 сол хеле кам одамоне пайдо мешаванд, ки ин нашрияро дар ёд дошта бошанд.

Бадахшон то кунун ягона минтақае боқӣ мондааст, ки он ҷо расонаҳои мустақил вуҷуд надоранд. Рӯзноманигорони маҳаллӣ аз зарурати таъсиси расонаҳои алтернативӣ мегӯянд, вале намояндагони расонаҳои давлатӣ мӯътақиданд, ки комилан масъулиятҳои худро иҷро мекунанд ва мардумро ба иттилоъ таъмин менамоянд.

Инҳисори расонаҳои давлатӣ

Ғоибназар, сокини 30-солаи шаҳри Хоруғ мегӯяд, ки агар интернети хуб дошта бошад, субҳи худро бо "Фейсбук" оғоз мекунад. "Баъзеҳо дар хонаи телевизиони маҳаллии "Бадахшон"-ро тамошо мекунанд, бархеҳо шабакаҳои дигарро, вале ман ба ахбори онҳо бовар надорам, ахбор ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайгирӣ мекунам ё тавассути дӯстону ошноҳо мефаҳмам, зеро шаҳри мо хурд аст, овозаҳо зуд паҳн мешаванд",-мегӯяд Ғоибназар. Ба гуфтаи ӯ, телевизиони маҳаллӣ дар солҳои навадум ва оғози дуҳазорум, замоне ки масоили доғ ва ҳатто сиёсиро матраҳ мекард, хеле маъруф буд. Ҳоло ҳама чиз якранг шудааст ва дигар мавриди таваҷҷуҳ нест.

Барои мухотабони дохилӣ дар Бадахшон расонаҳои давлатӣ матолиб пешниҳод мекунанд. Маъруфияти бештарро телевизиони "Бадахшон" бо барномаҳои 16-соата дар як шаборӯз дорад, ки ахиран дар манотиқи дигари Тоҷикистон ҳам дастрас шуд. Ҳамчунин ҳафтаномаи вилоятии "Бадахшон" бо тиражи 3100 нусха, як нашрияи шаҳрӣ ва 7 вилоятӣ, ки дар як моҳ боре нашр мешаванд ва низ як FM -- радио. Ҳеҷ кадоме аз ин расонаҳо сайти худро надоранд. Нашрияҳои давлатиро кормандони давлат, ки ба онҳо обуна шудаанд, дарёфт мекунанд.

Манбаъҳои алтернативии ахбор вуҷуд надоранд.

Раиси телевизиони вилоятии "Бадахшон" Муфарраҳ Шодиев мегӯяд, ки баъди дидори раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳҳон бо зиёиёни маҳаллӣ дар соли 2018, шабакаҳои онҳо тавассути моҳвора нашр мешавад ва ҳоло на танҳо дар дигар манотиқи Тоҷикистон, ки берун аз он ҳам қобили дарёфт аст.

"Аз ҷумла дар вилоятҳои Суғду Хатлон ва Федератсияи Русия хелеҳо барномаҳои моро мебинанд ва вазъи вилоятро пайгирӣ менамоянд. Мо талош мекунем, ки боварии мардумро ҳифз кунем ва тамоми воқеоти муҳими минтақаро бозтоб диҳем",-мегӯяд Шодиев.

Вале ба гуфтаи рӯзноманигори маҳаллӣ Ифтихор Миршакар, мушкили асосии расонаҳои давлатии вилоят - набуди иттилои дорои аҳамияти ҷамъиятӣ ва матолиби ҷиддии таҳлилӣ доир ба ҳаводисест, ки дар сатҳи минтақа рух медиҳанд.

Талошҳои номуваффақ

"Дар ҳоли ҳозир бисёре аз мардумони маҳаллӣ, хусусан ҷавонон дастрасӣ ба интернет доранд, вале дар торнамои ҷаҳонӣ, аз ҷумла дар шабакаҳои иҷтимоӣ доир ба минтақаи мо маълумоти санҷидашуда ва қобили бовар хеле кам аст. Аз ин рӯ, дар ҷомеа баъзан бар асоси далелҳои таъйидношуда ва манбаъҳои дурӯғин овозаҳои гуногун паҳн мешаванд",-мегӯяд рӯзноманигор Ифтихор Миршакар.

Ӯ ҳамроҳ бо тими худ ҳанӯз дар соли 2014 талош кард бо таъсис додани нашрияи мустақили "Pamir info" ин мушкилро аз байн бибаранд. Бо пуштибонии молии Ҷамъияти олмонии ҳамкории байналмилаӣ (GIZ) моҳона ин нашрия бо тиражи 300 нусха ба нашр мерасид.

"Мо талош кардем, ки тавассути чопи нашрия ба рушди муколамаи созанда миёни ҳукумат, бахши хусусӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ дар масъалаи рушди ВМКБ мусоидат намоем. Ҳарчанд ба мо барои нашри бархе матолибамон фишор оварданд, вале тасмими мо комилан ба идома додани чопи нашрия буд",-мегӯяд Миршакар.

Вале бо гузашти сол, мегӯяд ӯ, бар асари мушкилоти молӣ нашрия аз чоп боз монд ва тамоми муроҷиат ва талошҳо ба сармоягузорони дигар бидуни натиҷа буд.

Чунин таҷрибаи талхро рӯзноманигори варзидаи вилоят Қурбони Аламшо ҳам бо мо шарик месозад, ки дар солҳои 90-уми нашрияи "Фарҳанги Бадахшон"-ро нашр намуд ва дар соли 2010 нашрияи "Помир"-ро таъсис дод. Вале ҳар ду тарҳ ҳам ба далоили норасоии молӣ қатъ шуданд.

"Нашрияи хусусӣ бояд даромад дошта бошад то маоши кормандон, ҳаққи иҷора пардохта шавад. Мо муваффақ нашудем, ки онро бифурӯшем, зеро он хеле дер аз Душанбе ба мо мерасид ва ба минтақаҳаи дурдаст, мо умуман фурсат накардем, ки онро саривақт бирасонем. Агар ҳам, ки мерасондем, як сокин мехарид ва бошандагони дигар аз он гирифта мехонданд”,-мегӯяд Аламшо. Ӯ мушкили аслӣ дар роҳи эҷоди расонаҳои хусусиро набуди чопхона дар вилоят, сатҳи пасти реклама, набуди низоми паҳннамоӣ ва буҳрони кадрӣ медонад.

Ба гуфтаи ӯ, дар шароити ҳозир барои рӯзноманигорони маҳаллӣ ҳамкорӣ бо нашрияҳои Душанбе душвор аст. "Ҳаққи қалам барои кор хеле кам ва ба воқеиятҳои мо созгор нестанд. Масалан, рӯзноманигор дар Душанбе метавонад бо пули ночизе ба Ваҳдат ё Кӯлоб биравад, вале дар мо танҳо роҳ ба Мурғоб аз як тараф як рӯзро дар бар мегирад ва роҳкиро 200 сомонӣ аст",- мегӯяд рӯзноманигор.

Дигарон беҳтар нестанд

Ба назари узви Раёсати Шӯрои ВАО Тоҷикистон Иршод Сулаймонӣ, дар дигар вилоятҳо вазъи расонаҳои мустақил ҳам хуб нест ва рӯ ба бад шудан доранд. "Хатлон сераҳолитарин минтақаи кишвар як нашрияи мустақил дорад - "Пайк", ки вазъи хубе надорад. Як телевизион дар Бохтар ва яке дар Восеъ мавҷуд аст, ки гирифтори мушкилоти зиёде ҳастанд. Дар вилояти Суғд ҳарчанд шумораи телевизиону радиоҳои мустақил зиёданд, вале расонаҳои ҷамъиятиву сиёсие, ки битавонанд иттилои алтернатив пешниҳод кунанд, мавҷуд нест",-тавзеҳ медиҳад Сулаймонӣ.

Ба назари вай дар ВМКБ шумораи ками аҳолӣ, шароити сахти ҷуғрофиёӣ ва омили забонӣ душвориҳоеро барои роҳандозии расонаҳо ба бор меорад, вале бо ин вуҷуд гурӯҳҳои марбут ба минтақа дар шабакаҳои иҷтимоӣ бо фаъолмандӣ ва пурбаҳс будани худ аз гурӯҳҳои дигар фарқ мекунанд, ки аз вуҷуди зарфиятҳои мушаххасе дар вилоят қисса мекунад.

Умед ба шабакаҳои иҷтимоӣ

Яке аз ин гурӯҳҳои дар Фейсбук "Pamir News" аст, ки ҳудуди 33 ҳазор узв дорад. Ба гуфтаи яке аз гардонандагони гурӯҳ рӯзноманигор Улфатхоним Мамадшоева, ин гурӯҳ наздик ба 8 сол фаъол аст ва тақрибан ҷойгузини расонаҳои озод шудааст. "Гуруҳро рӯзноманигорони иҷтимоӣ шакл медиҳанд, дар он постҳо ба забонҳои гуногун, ҳам ба тоҷикию русӣ ва ҳам ба англисӣ нашр мешавад, вале аз ҳама беш забонҳои помирӣ тарғиб мешаванд ва ин гуруҳ майдони рушди ин забонҳо аст",-таъкид мекунад Мамадшоева.

ВМКБ дар 10 соли ахир бо воқеоти пурсару садое таваҷҷуҳбарангез шудааст, ки бо вуҷуди ин бисёре аз воқеот барои расонаҳои мустақил дастнорас боқӣ мемонанд. Расонаҳои мустақил дар Душанбе имкон надоранд, ки хабарнигорони худро дар минтақа дошта бошанд ва онҳое ки чунин имкон доранд, масалан Радиои Озодӣ наметавонад аз Вазорати умури хориҷӣ эътиборнома дарёфт кунанд.

Рӯзноманигорони маҳаллӣ мегӯянд, ки бидуни ҷалби маблағгузории берунӣ мушкил ҳалли худро намеёбад ва халои иттилотӣ аз сӯйи неруҳои дигар ва на ҳамеша созанда, пур карда мешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG