Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз фурудгоҳи Маскав ба карантин дар Кӯлобу Бохтар. ВИДЕО


Бемористони касалиҳои сироятии шаҳри Кӯлоб. 25 март, 2020.

Беш аз 180 шаҳрванди Тоҷикистон шаби гузашта тавассути парвози махсуси ширкати "Сомон Эйр", аз Маскав ба Кӯлоб расиданд. Мақомот мегӯянд, ки ин мусофирон 14 рӯзро дар карантин сипарӣ хоҳанд кард. Шумораи зиёде аз ин мусофирон чандин рӯз дар фурудгоҳҳои Маскав банд монда буданд ва шикоят доштанд, ки мақомот ба вазъи онҳо таваҷҷуҳ надоранд.

Ба гуфтаи масъулини Раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб, аз шумораи умумии ин мусофирон, 151 нафарашон ба шаҳри Бохтар интиқол дода шуданд ва 31 тани дигар дар Бемористони сироятии Кӯлоб нигаҳдорӣ мешаванд. Ин мусофирон аз минтақаҳои мухталифи Тоҷикистон ҳастанд.

Садриддин Ғаюров, сардори Раёсати тандурустӣ дар минтақаи Кӯлоб рӯзи 25-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки 18 нафари ин мусофирон шабонгаҳ замони санҷиш дар фурудгоҳ ҳарорат доштанд ва бинобар ҳамин, дар Кӯлоб карантин шуданд. Ӯ афзуд, ки субҳи чаҳоршанбе ин афрод дигарбора муоина шуданд ва вазъи саломатии ҳамаашон хуб аст.

"151 нафарашон ба Бохтар интиқол ёфтанд, 31 нафар ба Беморхонаи сироятии Кӯлоб бурда шуданд. Аз ин 31 нафар 18 нафараш аз 36,5 то 37 дараҷа ҳарорати бадан доштанд, ҳоло ҳамашон хубанд ва ҳарораташон муътадил аст ва 14 рӯз зери назорат хоҳанд монд",-гуфт мусоҳиби мо.

Интиқоли ин афрод тавассути парвози махсуси "Сомон Эйр" дар ҳоле сурат мегирад, ки ин муҳоҷирон қаблан шикоят доштанд, ки бо қатъи шудани парвозҳо ба Тоҷикистон, онҳо дар фурудгоҳҳои Маскав дармонданд.

Муҳоҷирон бо ирсоли чандин навор ба Радиои Озодӣ гуфта буданд, ки дар фурудгоҳ вазъашон хеле бад аст ва қариб панҷ рӯз дар рӯи фарш хобиданд. Шикояти дигари муҳоҷирон ин буд, ки мақомоти тоҷик ба вазъи онҳо таваҷҷуҳ надоранд.

Мақомоти Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон қаблан гуфтанд, ки афроди дармонда дар фурудгоҳҳро ба ватан бармегардонанд ва ин масъала набояд ҷои ташвишу нигаронӣ бошад. Ширкати "Сомон Эйр" гуфт, барои овардани онҳо ба Тоҷикистон талош хоҳад кард. Бино бар хабарҳо ин парвозҳоро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон роҳандозӣ кардааст.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфтааст, ки то кунун барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон аз Русия, Туркия ва Амороти Муттаҳидаи Арабӣ ширкатҳои ҳавопаймоии "Сомон Эйр", "Тоҷик Эйр" ва "Fly Dubai" чанд парвоз анҷом доданд ва "ташкили парвозҳои иловагии чартерӣ барои овардани шаҳрвандони Тоҷикистон баррасӣ шуда истодааст".

Эълони ташкили парвозҳои чартерӣ барои бозгардонидани мусофирони тоҷик баъд аз он садо дод, ки садҳо мусофири тоҷик аз Русия ва дигар шаҳрҳои дунё бо нашри видеову аксҳо аз вазъи ногувору сахти худ нақл мекарданд. Видеоҳое нашр шуд, ки нишон медиҳад, мардум дар фурудгоҳҳо ҳар тараф паҳну парешон хобидаанд ва бо кормандони фурудгоҳҳо даъво доранд.

Давлати Тоҷикистон аз бими сирояти коронавирус парвози ҳавопаймоҳо ба қаламравашро аз рӯзи 20-уми март бе эълони пешакӣ ва ба таври ногаҳонӣ қатъ кард. Ҳадафи дастур ба гуфтаи Оҷонсии авиатсияи граждании Тоҷикистон, "пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон аст".

Шарҳҳоро бинед (7)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG