Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Тоҷик Эйр" муҳоҷирони бандмондаро аз Маскав ба Кӯлоб овард


Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб.
Фурудгоҳи шаҳри Кӯлоб.

Беш аз 200 мусофири тоҷик, ки дар давоми панҷ рӯз дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав дармонда буданд, бо як парвози вижа ба кишвар интиқол дода шуданд. Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" субҳи 26-уми март ин гуруҳи мусофиронро аз фурудгоҳи "Домодедово" ба шаҳри Кӯлоб интиқол дод.

Дар Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб гуфтанд, гуруҳи муҳоҷирон барои ду ҳафта ба карантин интиқол дода мешаванд. Ба гуфтаи мақомот, 92 нафар аз ин муҳоҷирон дар Беморхонаи "Ҷерқалъа"-и шаҳри Кӯлоб ва боқимонда дар шаҳри Бохтар давраи карантинро паси сар хоҳанд кард. Аз 92 нафаре, ки шаҳри Кӯлоб ба карантин фаро гирифта шуданд, ба гуфтаи мақомот панҷ нафараш кӯдак ва шаштои дигар зан будаанд.

Садриддин Ғаёров, сардори Раёсати тандурустии минтақаи Кӯлоб рӯзи 26-уми март дар суҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ҳамаи муҳоҷирони омада дар фурудгоҳ аз ташхис гузашта, ба маконҳои карантин интиқол ёфтанд. Ғаюров гуфт, дар рафти санҷиш дар бадани ягон муҳоҷир ҳарорати баланд мушоҳида нашуд.

"Ин субҳ аз 220 нафар зиётар фуруд омад ва каме пеш ҳама аз тахшис гузаштанд ва ягон нафар ҳарорати баланд надошт. Онҳо 14 рӯз каратинро дар "Ҷерқалъа" ва шаҳри Бохтар мегузаронанд,"-гуфт сардори Раёсат.

Дар шаҳри Кӯлоб як бемористони дигар барои ба карантин фаро гирифтани шахсони бозгашта аз хориҷ холӣ карда мешавад. Дар Раёсати тандурустии минтақа гуфтанд, ки баъди ҷо ба ҷо кардани афроди бозгашта онҳо таваллудхонаи шаҳриро холӣ хоҳанд кард.

Дар умум дар Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз хуруҷи коронавирус аз моҳи феврал то 25-уми март 5460 нафар​ро ба "карантин" фиристода шудаанд. Ин афрод аз хориҷ ба кишвар омада, ду ҳафта зери назорати пизишкон хоҳанд буд.

Ба қавли мақомоти Вазорати тандурустӣ, аз ин шумор аллакай ду ҳазор нафар ба хона ҷавоб шуда, наздики севуним ҳазор кас давраи карантинро паси сар мекунанд. Дар миёни онҳо 107 шаҳрванди кишварҳои хориҷӣ будаанд. Мақомот мегӯянд, то ҳол дар кишвар сирояти корнавирус ба қайд гирифта нашудааст.

Зимнан барои интиқоли ин муҳоҷирон дар ҳоле парвози вижа ташкил мешавад, ки қаблан муҳоҷирон аз вазъи тоқатфарсои худ дар фурудгоҳҳои шаҳри Маскав шикоят доштанд. Баъзе аз ин муҳоҷирон баъд аз бозгашт дар суҳбати кӯтоҳи телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, хушҳоланд, ки дар ватан қарор доранд.

Ин муҳоҷирон ба гуфтаи худашон бояд шоми 19-уми март ба Тоҷикистон парвоз мекарданд, вале дар пайи қатъи парвозҳо ба кишвар натавонистанд саривақт ба ватан баргарданд. Муҳоҷиронро нахуст аз фурудгоҳи "Внуково" ба фурудгоҳи "Домодедово" оварда, аз онҷо ба Тоҷикистон интиқол доданд.

Қатъи ногаҳонии парвозҳо ба Тоҷикистон даҳҳо шаҳрванди Тоҷикистонро дар фурудгоҳҳои Русия ва Истамбули Туркия сарсон кард.

XS
SM
MD
LG