Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз бепарвоӣ ба сиҳатии хеш то пули хатарнок дар Вахш. "Озодӣ Онлайн". ВИДЕО


Имрӯз дар бораи бепарвоӣ ба сиҳатии худ ва нодида гирифтани тавсияҳои табибон сӯҳбат мекунем. Ва вазъи як пули хатарнокеро дар Вахш баррасӣ мекунем, ки солҳои дароз таъмир нашудааст ва мардум вақти гузаштан аз он метарсанд.

Як видеои Радиои Озодӣ, ки ҳашт роҳи эмин нигаҳ доштан аз коронавирус ва карантини дурустро тавсия медиҳад, баҳси зиёдеро дар "Инстаграм" барангехт. Бархеҳо ҳамкорони моро барои ин корашон офарин гуфтанд, баъзе танқид кардаанд.

Аз ҷумла Умед Буйдаков гуфтааст, "агар ба кор наравем, Шумо пули моро медиҳед? Дар хона биншинем, кӣ моро сер мекунад? Шумо, ба назарам, ин видеоро барои мардуми Аврупо омода кардед".

Аммо бисёриҳо баръакс афродеро, ки гуфтаанд, риоят кардани тавсияҳо барои карантин мушкил аст, танқид кардаанд. Корбаре бо номи Саодат Алимова навиштааст, "то замоне ки бигӯянд, дар Тоҷикистон ягон нафар аз коронавирус ҳалок шуд, ҳеч кас инро ҷиддӣ қабул намекунад".

Баъзеи дигар гуфтаанд, воқеан 8 тавсияе, ки дар навор ҳаст, дуруст аст ва бояд иҷро кард. Аммо ба қавли баъзе на ҳама метавонанд, онро риоят кунанд. "Ди эр эс ти ҷей" дар саҳифаи мо дар "Инстаграм" навиштааст, "беҳтарин навор, аммо барои халқи мо нест. Халқи мо якто нонро дар табақ мехӯранд. Дигар дар як утоқ мегӯед, тоҷикони бечора бисёраш дар як хонаи як ё ду утоқӣ панҷ нафар зиндагӣ мекунанд".

Аз бепарвоӣ ба сиҳатии хеш то пули хатарнок дар Вахш
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:03:08 0:00

"Тоҳир 75 02" ҳам аз мардуми Тоҷикистон хостааст, тавсияҳои табибонро иҷро кунанд, то ҷони худу дигаронро дар хатар наандозанд. Ӯ чунин навиштааст: "Инҳо ҳамааш тавсия ҳаст, аз тарафи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ, ки Тоҷикистон ба он гӯш намекунад. Мисли Италия ва Испания, лекин баъд дар як рӯз аз 500 то 750 кас мемирад. Ҳамин духтар дуруст мегӯяд. Эй мардум шӯхӣ накунед".

Ва як корбаре бо номи Асаншоева, ки гуфтааст, табиб аст, аз мардум илтимос кардааст, ки бепарво набошанд ва тавсияҳои онҳоро нодида нагиранд. Ӯ дар саҳифаи мо дар "Фейсбук" гуфтааст: "Бародару хохарон, ман ҳамчун табиб аз шумо илтимос мекунам, ҳамин чизҳоро иҷро кунед. Воҳима нест, лекин покизагиро риоят кунед, кӯдаконро дар хона нигаҳ доред ва зуд-зуд дастҳоятонро шуед".

Воқеан видеои ҳашт роҳи эҳтиёт дар сайти Радиои Озодӣ дар Инстаграм ҳаст, ки шумо ҳам метавонед тамошо кунед.

Аммо мавзӯи дигар. Деҳаи Меҳнатободои ноҳияи Вахш як пули хатарноке дорад ва ба гуфтаи сокинонаш, 25 сол боз таъмир нашудааст. Корбаре ба мо як видое фиристод, ки ин пули 12-метрии рӯи дарёи Қумсангир дар чунин ҳоли садамавиро нишон медиҳад, ки на ҳама ҷуръат мекунанд аз он убур кунанд.

Аз ин пул нақлиёти зиёде ба ноҳияҳои Ҷалолиддини Балхӣ, Ҷайҳун, Панҷ, Дӯстӣ, Қубодиён ва Шаҳритус мераванд. Муаллифи видео мегӯяд, агар пул ба зудӣ таъмир нашавад, мумкин аст, фалокате шаваду инсонҳо ҷон диҳанд.

Шумо ҳам видеое доред, акси ҷолибе ё хабаре дорад, ба мо бифристед. Аз ҳар роҳе ки мехоҳед - вотсапп вайбер, телеграм ва ё имо.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG