Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фавти ду нафар дар Узбекистон ва Қазоқистон аз коронавирус


Узбекистон. Акс аз бойгонӣ.

Узбекистон рӯзи 27-уми март эълон кард, ки як нафар бар асари бемории коронавирус дар ин кишвар ҷон бохтааст. Ин нахустин мавриди фавти як нафар дар Узбекистон бар асари ин беморӣ мебошад. Дар Қазоқистон ҳам нахустин ҳолати фавт бар асари ин беморӣ сабт шудааст.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 27-уми март бо такя ба мақомоти Вазорати тандурустии Узбекистон хабар дод, ки шахси фавтида як зани 72-солаи сокини шаҳри Намангон мебошад, ки қабл аз гирифторӣ ба коронавирус, аз дигар бемориҳо низ ранҷ мебурдааст.

Шаҳри Намангон дар водии Фарғона воқеъ мебошад ва баъд аз Тошканд дуввумин шаҳри калони Узбекистон ба шумор меравад. Узбекистон чанд рӯз қабл барои пешгирӣ аз коронавирус тадбирҳои сахт рӯи даст гирифт ва дар саросари кишвар карантин эълон кард.

Рӯзи 27-уми март мақомоти Узбекистон эълон карданд, ки дар ин кишвар 75 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Бо ин ҳол, коршиносон ҳушдор медиҳанд, ки бинобар анҷом надодани озмоишҳо, наметавон шумораи воқеии гирифторонро дар ҳар кишвар муайян кард.

Узбекистон сар аз 24-уми март дар шуморе аз шаҳрҳо ва ноҳияҳо ба шумули пойтахт шаҳри Тошканд, маҳдудиятҳои сахти рафтуомадро ҷорӣ кард. Рӯзи 27-уми март мақомоти вилояти Навоӣ гуфтанд, ки шаҳрҳои Навоӣ ва Зарафшон карантин шуданд. Мақомоти Бухоро рӯзи 27-уми март гуфтанд, ки марзҳояшонро бастанд. Рӯзи 26-уми март мақомоти Самарқанд ва Водии Фарғона чунин маҳдудиятҳоро ҷорӣ карда буданд.

Мақомоти Узбекистон ҳамчунин гуфтанд, ки пас аз гирифтор шудани ҳадди ақал 11 нафар аз кормандони арсаи тиббӣ ба беморӣ, маоши кормандони ин бахшро боло бурданд.

Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", табибони узбек ҳар ду ҳафта 2500 доллар -- чанд баробар назар ба ҳолатҳо маъмулӣ, маош дарёфт мекунанд. Ҳамин тариқ, маоши ҳамшираҳои шафқат ва кормандони озмоишгоҳҳо то 1500 доллар ва кормандони хурди тиббӣ то 1000 доллар боло бурда шудааст.

Дар сурати олудани шудани онҳо дар ҳангоми муолиҷаи беморони мубтало ба коронавирус, ҳар яке аз ин кормандон 10 ҳазор доллар дарёфт мекунанд.

Дар ҳоли ҳозир Узбекистон ҳама марзҳои худро баста, пӯшидани ниқобҳои тиббӣ дар ҷойҳои умумиро ҳатмӣ кардааст.

Ҳамзамон, дар Қазоқистон -- кишвари ҳамсояи Узбекистон, як зан бар асари гирифторӣ ба коронавирус фавтидааст.

Даурен Абаев, вазири иттилоот ва рушди иҷтимоии Қазоқистон шоми 26-уми март дар нишасти матбуотӣ гуфт, ин мавриди нахустини марги сокинон бар асари бемории КОВИД-19 дар ин кишвари Осиёи Марказӣ аст.

Вай афзуд, "ин ҳолат бори дигар моро аз хатарнокии коронавирус огоҳ мекунад. Он чи ки ҳоло мегузарад, имтиҳоне барои ҳамаи мост."

Бино ба иттилои навтарин, дар Қазоқистон 109 мавриди гирифторӣ ба коронавирус сабт шудааст. Аз ин шумора 61 нафар дар шаҳри Нурсултон, 40 тан дар Алмато ва ҳашт тани дигар дар Қарағандаву Чимкент, Оқтпеппа, Ҷамбул ва вилоятҳои шимолии Қазоқистон ҳастанд.

Тибқи охирин гузоришҳо, шумораи гирифторон ба вируси корона дар ҷаҳон рӯзи панҷшанбеи 26-уми март аз 510 ҳазор нафар гузашт ва шумораи қурбониён ҳам ба беш аз 23 ҳазор нафар расидааст. Тайи 24 соати гузашта ҳудуди 40 ҳазор нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 750 тан бар асари ин беморӣ ҷон бохтанд.

Шарҳҳоро бинед (2)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG