Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

«Героин» -и ҳукумат. Чаро бархе гурӯҳҳои молӣ мехоҳанд “сиёсӣ” бошанд?


Раҷаби Мирзо

Раҷаби Мирзо,

рӯзноманигор ва таҳлилгар

Бознашр аз веблоги "Рӯзи нав"

Ба назар чунин менамояд, ки дар Тоҷикистон як теорияи ленинии дигаргуншавии ҷомеа вайрон шудааст. Ӯ мегуфт инқилобҳо вақте сар мезананд, ки агар «поин» ба тарзи феълӣ зиндагӣ кардан нахоҳаду «боло» беш аз ин тавонмандӣ надорад. Ҳоло сухан аз бархе мақомдорони тоҷик нест, ки дар сӯҳбатҳои пасипардагии худ сахт норозигӣ аз иқдомҳои ҳукумате мекунанд, ки худ дар он мақоми баланд, аммо ҳарфи паст доранд. Аз ин мақомдорон ё гурӯҳҳои молие, ки ба захираҳои моливу моддии мамлакат дасти дароз доранд (ин гурӯҳ низ дар мо таркиби асосии элитаи ҳукмрон аст), насле ба миён омада, ки интиқодот ва бархӯрди эшон аз мухолифини сиёсӣ камтар нест.

На, онҳоро шумо дар маҳфилҳои сиёсии мухолифин (дар мо мухолифини шаклгирифта ба маънои пурра аслан, ки вуҷуд надорад) нахоҳед дид. Ин насл даъво ҳам надорад, ки сохти шӯравӣ баргардаду моликият гӯё ба соҳиби аслии худ – мардум хизмат кунад. Онҳо акнун ба истилоҳ «менеҷерҳо» ва «аврупоианд». Молу мулк ва пули зиёд дар бонкҳои хориҷӣ доранд. Мошинҳои гаронбаҳо, қасру кӯшк...

Пас аз «кори пурмаҳсул»-и ҳамарӯза дар идораҳои муҷаҳҳаз бо технологияҳои навтарин, шомгоҳон дар тарабхонаҳои хос дам мегиранд. Ба таври дигар, соҳиби зиндагии «сазовору муваффақанд». Хуб ҳам медонанд, ки ин ҳама аз куҷост. Бо вуҷуд, боз чизе онҳоро қонеъ намекунад.

Чӣ?

Элитаи нав гӯё фаҳмидааст, ки дар зиндагӣ ва фаъолиятҳо бояд чизеро тағйир дод. Бешак барои ҳифзи моликият ва манофеи худ. Барои ҳамин, баъзе амалкардҳои дигарон барои онҳо примитив менамояд. Мехоҳанд ҳама бо мафҳумҳои нав ҳарф бизананд, тасаввуроту бардошти дигарон ҳам мисли онҳо бошад. Яқин, намедонанд, ки аксарияти мардум мушкилоти одитарини зиндагӣ доранду дар бораи мафҳумҳо ва тасаввуроти нав на шунидан мехоҳанд, на имконият доранд.

Аз ин лиҳоз, элитаи нав, мешавад гуфт, ҳатто бо мардуми одӣ низ дар мухолифат қарор доранд. Ин махсусияти дигари онҳост.

Духтури шиносе дорам. Боре наздаш рафтам, ки дар утоқи кориаш зиқ нишастааст. Сабаб пурсидам. Нақл кард, ки яке аз “тоҷикони нав” -ро табобат кардаасту ӯ пас шифоёбӣ нигорае (картинка) барояш тӯҳфа меорад. Он табиб, ки воқеан соҳибкасб аст, мегуфт интизор дошт, ки ин шахси доро ақаллан 200 -300 доллар барояш медиҳаду ӯ зиндагии худро то ҷое таъмин мекунад. “Ё ақаллан 2 – 3 халта орд меовард. Ина бин, чӣ овардаст, як расм!”, бо асабоният мегуфт духтур.

Барои таскини дилаш гуфтам, ки ин нигора арзиши баланде дорад ва бояд хурсанд шавад, вале ваҷоҳати ӯ тағйир наёфт. Баъд шӯхӣ кардам:

-- Доктор, ақаллан барои ин бояд хурсанд шавед, ки ӯ Шуморо шахси сарватманде ҳисоб кардааст ва фикр мекунад дар зиндагӣ ниёзе надоред ва деворҳои хонаатон аз ин гуна нигораҳои гаронбаҳо пур аст!

-- Рост мегӯӣ, - гуфт табиб, - инҳо дар ҳақиқат аз мардум ва зиндагии онҳо хеле дур рафтаанду фикр мекунанд ҳама мисли онҳо беғаму ташвишанд...

Ҳодисаи дигаре ёдам меояд. Шоми 10 сол қабл барои сарфи таом ба яке аз тарабхонаҳои сатҳи миёнаи Душанбе рафтем. Аҷиб буд, ки дар он ҷо гурўҳе аз муваффақтарин менеҷерҳои наздик ба ҳукумат низ нишаста буданду моро ба мизи худ даъват карданд. «Ба мардум наздик шуданием» бо шӯхӣ гуфт яке аз эшон дар ибтидо. Вале дар ин ҳарф воқеиятеро низ фаҳмидан имкон дошт, чун шабу рӯзи аввали ҳаводиси Қирғизистон (апрели соли 2010) буду ҳукумати Боқиев бо ҳама аъзову ҷонибдоронаш аз хоки мамлакат роҳи берунрафт меҷӯст.

Аҷобати дигари ин сӯҳбат он буд, ки ҳамроҳи онҳо як сарватманди дигаре нишаста буду мушкили гароне дошт. Маълум шуд, ки ӯ саҳмияҳои асосии яке аз корхонаҳои муҳими Душанберо харидорӣ кардаасту баъдан «як зӯр»-и дигар бо роҳи фиреб онҳоро аз худ мекунад. Талошҳояш барои аз роҳи ҳуқуқиву судӣ ҳал кардани қазия бенатиҷа анҷом ёфтанд. Ўро фаҳмидан мумкин буд, агар як парадокс дар ин муаммо вуҷуд намедошт.

Гап сари ин мерафт он «нафари зӯр» ҳоло «радди маърака» гаштаасту корхонаи мавриди баҳсро ба нафари дигари дар «ҷамъият» ҳанӯз устувор ваъда кардааст. Ба сифати тўҳфа, албатта.

Манёври ўро фаҳмидед?

Бале, ин ҷаноб бо ин ки корхонаро ба «зӯри зӯрҳо» медиҳад, аввалан садоқати худро ба элита ва қойидаҳои бозии онҳо нишон медиҳад ва дуюм, ба «зўри зўрҳо» ошкор мекунад, ки «шикаста бошем ҳам, нарехтаем».

Ана ҳамин хел “элита”, ана ҳамин хел қойидаҳои бозӣ!

Акнун фаҳмидед, ки чаро онҳо элита нестанд?

Дар ҳамин сӯҳбати шомгоҳии мо, таҳлили вазъи сиёсӣ ҳам сурат гирифту овозаву тахминҳо аз зиндагии пасипардагии доираҳои элитаи ҳукмрон низ ба баҳс кашида шуд. Як менеҷер, ки воқеан ҳам аз нигоҳи саводу фаҳмиш ва тавонмандӣ, болотар аз ин, ба маҳзи хусусиятҳои инсонӣ, арзанда ба зиндагии шоиста аст, аз он изҳори ташвиш намуд, ки дар борааш сару садои бепоя паҳн мекунанд. «Масалан овоза кардаанд, ки гӯё мо дар хонаамон аз қошуқи тилоӣ истифода мекунем. Ин дурӯғи маҳз аст!» бо ташвиш мегуфт ӯ.

Дар посух гуфтам, ки «бовар кунед, барои мардум аз қошуқи тиллоӣ истифода кардани Шумо боиси воҳимаву изтироб намешавад. Зеро медонанд, ки Шумо нафари муваффақе ҳастеду одамони мисли Шумо бояд зиндагии роҳат дошта бошанд. Барои мардум танҳо як масъала боиси сару садост:

“Ношаффоф будани фаъолиятҳову дурӣ ҷустанатон аз мардум!».

Дар ҳақиқат, барои элитаи нав, ки ба таври зуд масъалаҳои молиявию иқтисодии худро ҳал кардаанд, гӯё мушкилоти дигаре боқӣ намондааст. Пас аз тағйирот дар дунё, хосатан пас аз ҳаводиси Шарқи Наздик барояшон як муаммои нокушода дарди сар шудааст:

Оё ин ҳама молу мулк ва ҷоҳу ҷалолро то куҷо имкони ҳифз намудану ба наслҳои ояндаашон «безарар» расонидан вуҷуд дорад?

Сабаби то андозае таҳаммулпазир намудор шудани бархе аз намояндагони ин элитаро бояд аз ҳамин нукта ҷуст. Албатта ин хуб аст. Аммо, Худое нахоста, дар рагу пайванду андешаи онҳо низ як рӯз «героини ҳукумат» ҷо пайдо кунад, чӣ мешавад?

Чаро “героини ҳукумат”?

Зеро мегӯянд, ҳукуматдорӣ низ барои бархе мисли одат пайдо кардан ба маводи мухаддир аст. Одат бикунанд, онро тарк кардан тақрибан номумкин мегардад, агар хумораш гирифт, ҳама чизи доштаашонро барои дарёфташ сарф мекунанд… Бархӯрдҳои ин «героин» (манфиатҳо) -ро байни ҳамшарикон дар Русия дида будем. Тақдири Гусинский, Березовский, Невзлин ва Ходорковский, ки бо сиёсатпардозиҳои либералии худ аввал муваффақ, баъдан аз ватан берун ё кунҷи маҳбасро гирифтанд, фаромӯш нашудаанд.

Дар Тоҷикистон низ ба ин монанд ҳолатҳоро вохӯрдаем…

Сиёсат дар ҷомеаҳое чун мо қойидаҳои махсуси бозии худро дорад. Дар ин бозии дилхушкунанда аксари вақт усули «бозӣ бидуни қоида» низ истифода мешавад. Раҳм нест. На ба «худӣ», на ба «бегона». Танҳо аз ҳама зӯр ғолиб меояд.

Маккиавелизм мегӯед?

Шояд, ҳарчанд бардоштҳои дигар ҳам ба миён омаданаш мумкин...

Шарҳҳоро бинед (10)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG