Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Зарари сел дар Хуросон беш аз 1,3 миллион сомонӣ ҳисоб шуд


Зарари сел ба деҳаи Ҳалқаҷари ноҳияи Хуросон беш аз 1,3 миллион сомонӣ ҳисоб шудааст. Дар натиҷаи боронҳои пай дар пай ва сели шоми 21-уми март дар деҳаи Ҳалқаҷар, як нафар ба ҳалокат расида, беш аз 200 хона зарар дид.

Раҳматуллоҳ Сафарзода, раиси ноҳияи Хуросон рӯзи 31-уми март дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки зарари расида аз сел дар деҳаи Ҳалқаҷари ҷамоати Садриддини Айнӣ як миллиону 338 ҳазору 75 сомонӣ шумурда шуд.

Раиси ноҳияи Хуросон афзуд, ки давоми даҳ рӯзи гузашта зиёни расида ба сокинонро шумурданд ва ба ҳукумати вилояти Хатлон гузориш пешниҳод карданд. Ба гуфтаи Раҳматулло Сафарзода, аз маҷмӯи 238 манзили сокинон, бархе осеби ҷиддӣ дида, шуморе қисман вайрон шуданд.

"Зарари расидаро ҳисоб кардем, албатта хоку лой ба хонаҳои мардум дохил шудааст. Хонаҳо қисман зарар дидаанд. Ду хона пурра зарар дидааст",-афзуд вай.

Вафо Ашӯров, як масъули Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи вилояти Хатлон ҳам дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки раиси ноҳияи Хуросон гузоришро ба ҳукумати вилоят ирсол кард ва он ба ҳукумати кишвар фиристода мешавад. "Чӣ хулоса бароварда мешавад, оё кӯмак мекунад ё на, маълум мешавад".

Шарифалӣ Муродзода, як сокини деҳаи Ҳалқаҷар дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, "ҳозир мошинҳо кор мекунад, вале намедонам, ки барои мардум кӯмак мекунанд ё на. Нашунидам, ки хонаҳоро барқарор мекунанд, вале ному насаби мардуми зарардидаро навиштанд".

Дар натиҷаи сели 21-уми март, сокини деҳаи Ҳалқаҷар Мирзоқул Раҳмонқулови 59-сола, ки аз масҷид ба хона бармегашт ба ҳалокат расид. Ин сел ҳамчунин заминҳои киштро вайрон карда, даҳҳо сар чорвои мардумро талаф додааст.

Дар пайи ин ҳодиса гурӯҳе аз сокинони Ҳалқаҷар ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки баъди фалокати табиӣ ба онҳо кӯмаки дуруст нарасониданд. Мақомоти Хатлон дар пай гуфтанд, ки барои рафъи оқибатҳои сели вайронгар даҳҳо маъмури наҷот ва садҳо корманди ихтиёриро ба ноҳияи Хуросон фиристоданд.

Тоҷикистон яке аз кишварҳои кӯҳистонӣ ва осебпазир дар баробари фалокатҳои табиист. Дар ин фалокатҳо бештар аз ҳама мардуми камбизоат ва кишоварзон осеб ва хисорот мебинанд.

Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ, аз соли 1992 то соли 2016 дар натиҷаи фалокатҳои табиӣ иқтисоди Тоҷикистон тахминан 1 миллиарду 800 миллион доллар зиён дидааст ва ин фалокатҳо ба мисли обхезиву, заминларзаву ярч ва тарма, ба 7 миллион нафар асари манфӣ гузоштаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG