Пайвандҳои дастрасӣ

Абдураҳими Умариён: Хушхабар дар анбуҳи шумхабарҳо


Абдураҳим Умариён

Соат ба вақти Ню-Йорк 16:00. 8-уми апрел.

То ин дам шумори гирифторони вируси корона дар саросари олам аз якуним миллион гузашта, то имрӯз 88,165 нафар аз шиддати ин беморӣ вафот намуд.

Амрико бо 426,300 нафар гирифтор дар сафи аввал буда, теъдоди қурбониёнаш 14,622 нафарро дар бар мегирад. Дирӯз шумори фавтидагон дар ин кишвар аз 2000 нафар гузашта (яъне дар як рӯз), имрӯз ин рақам ба 1,781 расид. Ба ҳисоби дигар, коронавирус ҳар дақиқа як нафарро дар Амрико қурбон мекунад.

Испания бо 148,220 гирифтори COVID-19 дар ҷойи дувум меистад. Итолиё бо шумори 139,422 нафар дар ҷойи сеюм ва Олмону Фаронса дар қатори чоруму панҷум қарор доранд.

Авҷи гирифторшавӣ ба ин вирус аз ҳама бештар дар шаҳри Ню-Йорк, шаҳре, ки ман ва бештар аз 50 ҳазори дигар тоҷикони Тоҷикистон ва Узбекистон, хусусан шаҳри Самарқанд зиндагӣ мекунем, ба мушоҳида мерасад. Шумори гирифторони корона дар ин шаҳр ҳатто аз Испанияву Итолиё гузашта, ба 149,316 нафар расид ва ҳамарӯза аз 700 то 800-нафарӣ дар инҷо мемиранд.

Ба бахти шӯри мо аллакай 5 тоҷикро ин вирус аз байнамон бурд, як нафар аз Тоҷикистон ва 4 нафари дигар аз шаҳри Самарқанд.

Бо вуҷуди эълони карантин ва имконнопазир гардидани қабули беморон дар шифохонаҳои Ню-Йорк, аз сабаби беморони зиёд, дар бисёр минтақаҳои ин шаҳр мардум ҳанӯз дар кӯчаву хиёбонҳо мегарданд. Баъзеашон ҳам бе ниқоб (маска)-у дастпӯш. Гурӯҳе аз ақаллиятҳои маскун низ ҳангоми маросими ҷанозаи бастагони фавтидаашон талаботи карантинро риоя накарда, гирди ҳам меоянд. Дахолати пулис ва ҳушдори ба такрори мақомотро баъзе аз сокинон нодида мегиранд.

Шаҳрдори Ню-Йорк нақлиёти ҷамъиятӣ, яъне автобусро ройгон эълон намуд, аммо пардохт барои истифодаи қатор (метро) ҳамоно ҳатмист. Дар чунин ҳолат дохили автобус чун гузашта камодам нест ва хатари авҷи вирус дар осмон аст!

Дар пайи сӯҳбат бо чанд тан аз ҳамватанон маълум гардид, ки онҳо низ мисли ман аз сари эҳтиёт дар хона нишастаанд. Ҳатто барои харид ба мағоза рафтан низ ба ҷони инсонҳо хатар дорад. Хабари худкушии одамон, ғорати мағозаву фурӯшгоҳҳо, дуздии чарху қисмҳои воситаҳои нақлиёт ҷаставу гурехта ба гӯш мерасад ва ё наворе аз ин саҳнаҳои мудҳиш вориди шабакаҳои иҷтимоӣ мегардад.

Хатари бадтар аз ончи гуфтем, мубталоёни маводи мухаддиранд, ки дар ҳолати авҷи хуморашон эҳтимол даст ба ҳар ҷинояте бизананд. Ин ҳам дар ҳолест, ки фурӯши яроқ дар ин кишвар озод аст ва шумори яроқбадастон кам нест…

Ҳамасола дар ин шабу рӯзи гулпӯши баҳорӣ Ню-Йорк шабеҳи тӯйхонаи серодами тоҷикӣ буд. Ҳама бо чеҳраҳои хандону рухи шод ва ҳавои ошиқона ба шаҳр ҳусни дигар медоданд. Вале имсол ин шаҳри ошиқону гулпӯш мотамсароеро мемонад, ки аз дидагони сокинони ғамзадааш хун меборад. Имрӯзҳо Ню-Йорк ҳамранги саҳнаи филмҳои мудҳиш аст, ки бо диданаш ақл ба ҳақиқати талхи он бовар намекунад.

Бар асоси дастури раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп, қарор аст, карантин то охири моҳи апрел идома ёбад, аммо маълум нест, аз сари сокинони шаҳри Ню-Йорк, ки аксарашон дар хонаҳои танг бисёрнафарӣ ба сар мебаранд ва кӯдакони хурдсолу гурбаву саг доранд, то охири моҳ чӣ мегузарад…

Ҳадаф аз тасвири рӯзҳои мотамангези ин абаршаҳри дунё, он ҳам бо қавитарин иқтисод, ки буҷаи солонааш ҳатто аз буҷаи тамоми Русия бештар аст, дар он мебошад, то ҳар шаҳрдори оқил ва роҳбарони дигар кишварҳо аз он ибрат бигиранд ва ҷони мардумонашонро хоставу нохоста ба доми марг напечанд!

Ин ҳам дар ҳолест, ки бисёре аз кишварҳои минтақа бо вуҷуди кам будани теъдоди гирифторони ин вирус чораҳои қатъӣ ҷиҳати пешгирӣ ва паҳншавии ин маразро роҳандозӣ карданд.

Ба гунаи мисол, дар кишвари Узбекистони ҳамсоя, ки ҳамагӣ 545 нафар мубталои ин вирус ба қайд гирифта шудааст, чораҳои муайяни карантинӣ амал мекунад. Таҳсили хонандагон аллакай ба таври фосилавӣ ба роҳ монда шуда, гаштугузори бе сабаб дар кӯчаву бозор маҳдуд гардид.

Бо дастури раисиҷумҳури ин кишвар маоши духтурон дар ин давра то 2000 доллари амрикоӣ боло рафт! Ба хотири пешгирии омилҳои пас аз бӯҳронии вируси коронав низ дар бахшҳои иқтисод, аз ҷумла озод намудани соҳибкорон аз андоз ва дигар намуди пардохтҳо сабукиҳои зиёде роҳандозӣ гардидааст.

Хушбахтона, пойи наҳси ин мараз то имрӯз, тавре мақомоти тандурустӣ таъкид намуд, ба Тоҷикистон, кишвари азизи мо ва хонаи умеди ҳар ҳамватани муҳоҷир нарасидааст.

Эҳ кош норасида пояш бурида бод!

Мақомоти зидахли кишвар низ то ин дам як қатор тадбирҳои заруриро барои ҷилавгирӣ аз вируси куруно амалӣ кардаанд, ки шоистаи таҳсин ва дастгирист. Аммо таҷрибаи талхи кишварҳои мотамзада ва оғӯшта дар хуни қурбониёни ин беморӣ аз мақомот, шахсони масъул ва тамоми шаҳрвандони кишвар тақозои масъулияти бештарро дорад.

Аз назари ин ҷониб, ки дар маркази авҷи вирус дар ҷаҳон қарор дорам, пеш аз ҳама ба таҳлука наафтидан ва роҳ надодан ба тарсу паникаҳои беасосро зарурӣ мешуморам.

Аввал ин ки дуо мекунем, ҳеҷ як тан аз ҳамватанони мо гирифтори ин бало нашавад. Дар сурати (Худо нишон надиҳад) роҳ ёфтани он, оромона чораҳои оқилонаи мубориза бо вирусро бояд ба роҳ монд ва тамоми талаботи вазорати тандурустӣ ва қоидаҳои санитариро риоя намуд.

Дуввум, Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ низ як кам бояд сатҳи фаъолият ва масъулияташро тағйир диҳад. Ҳолати рӯҳии мардум ва ташвишу мушкилоташонро дар баробари ин бӯҳрон ва балои эҳтимолӣ наметавон бо чашми кам дид.

Бубинед, як хабари Радиои Озодӣ чӣ шӯру шареро ба пой кард ва садҳо нафар онро ба ҳазор рангу бори дигар ҷилва доданд. Агар аз ҳақ нагзарем, он чи дар матлаби “Озодӣ” гуфта шуд, то ҳол рад нашудааст. Яъне, воқеан, як нафар бо аломатҳои монанд ба ин беморӣ ҷон дод ва духтурон ба карантин фаро гирифта шуданд. Аммо то ин ки ҳукумат иттилои дақиқу фаврӣ пешниҳод накард, воҳимаву таҳлукаи мардумро ҳадду канор набуд.

Рӯзи дигар пас аз нашри маводи мазкур Раёсати тандурустӣ дар вилояти Суғд нишасти матбуотӣ доир намуд ва вуҷуди вирус дар кишварро рад кард. Дар ин нишаст чанде аз саволҳои хабарнигорон, аз ҷумла сарфи як милион доллар кумаки сафорати Олмон барои мубориза бо вирус бепосух монд. Масъулин гуфтанд посухи ин савол пеши Вазири тандурустист. Дар рӯзи дигар сӯҳбати вазири тандурустӣ бо рӯзноманигор Шарифи Ҳамдампур дар расонаҳо роҳ ёфт, агарчи бисёре аз мардум ва рӯзноманигорон сӯҳбат бо вазирро дар шакли нишасти матбуотӣ интизор доштанд. Бо вуҷуди он ки дар фарҳанги навини давлатдории мо дидори вазирон дастнорастар аз моҳу хуршед аст, ин сӯҳбат то ҳадде боиси оромии ҷомеа гардид.

Аммо боз ҳам чандин суолҳои марбут ба харҷу сарфи маблағҳои дар ин самт ҷудогардида бепосух ва ношаффоф монд.

Ончи бештар боиси тааҷҷуб буд, ирсоли натиҷаҳои ташхиси такрории 22 нафари гумонбар ба шаҳри Лондон ва 9 нафари дигар ба шаҳри Маскав баъд аз манфӣ баромадани ташхиси он дар озмоишгоҳҳои ватанӣ мебошад. Дар ҳоле ки ҳамаи хатсайрҳо баста (!) ва шумори зиёди ҳамватанон дар фурӯдгоҳҳои Маскаву Истанбул интизори баргаштан ба Ватан ҳастанд, ин нукта шубҳа ва сару садоҳои зиёдеро дар ҷомеа ба бор меорад…

Яъне дар шароите, ки мардум дар ташвиши тарси ҷонанд, мақомотро зарур аст, то бештар иттилои дақиқу саривақтиро ба мардум бирасонанд. Бе дурӯғ ва зидду нақиз! Маҳз дар ҳамин сурат, пеши роҳи ҳама гуна хабарҳои беасос ва овозаву ҳангомаҳо гирифта хоҳад шуд.

Дар охир як хушхабар, ба ҷойи хулоса.

Агар ҳамагӣ як моҳи дигар аз тамоми имконоти мавҷуда ҷиҳати пешгирии ин беморӣ истифода намоем, бо боло рафтани ҳарорати ҳаво аз 30-35 дараҷа, тавре мутахассисони соҳа хабар додаанд, умед аст афзоиши ин вирус кам гардида, Тоҷикистон дар миёни кулли кишварҳои ҷаҳон бо муваффақият ин хатарро паси сар хоҳад кард. То фаро расидани мавсими сармо, боз ҳам умед аст ваксинаи он ки дар аксар озмоишгоҳҳои олам мавриди коркард қарор дорад, ҳосил гардида, дигар ҳеҷ хатаре барои авҷи ин вирус дар миён намонад.

Бо умеди солимии рӯзгори кулли ҳамвататон ва раҳоии аҳли башар аз ин вабо,

Абдураҳим Умариён,
aз шаҳри Ню-Йорк, ИМА

Аз Идора. Матолибе, ки дар ин гӯша ба нашр мерасанд, назари муаллифон буда, баёнгари мавқеи Радиои Озодӣ шумурда намешаванд.

Шарҳҳоро бинед (18)

Ин баҳс баста шудааст.
XS
SM
MD
LG