Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коронавирус футболи тоҷикро ҷаҳонӣ кард. ВИДЕО


Дастаҳои "Истиқлол" ва "Хатлон".
Дастаҳои "Истиқлол" ва "Хатлон".

Дар ҳоле ки бозиҳои футбол дар саросари ҷаҳон муваққатан қатъ шудаанд, футболбозону мухлисони зиёд аз кишварҳои гуногун рақобатҳои футболи Тоҷикистонро тамошо мекунанд ва бозингарони тоҷик ба онҳо паёму орзуи шифо тақдим мекунанд.

"Тоҷикистон аллакай "Лестер"-и худро дорад". Бозии марказии даври севуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Хатлон"-ро расонаи машҳури испании "AS" бо ин сарлавҳа шарҳ додааст. Тавсифи дастаи "Хатлон" аз ҷониби расонаҳои ҷаҳонро сармураббии ин даста Аслиддин Ҳабибуллоев имконияти хубе барои бозигарони ҷавони тимаш медонад.

Ӯ ба Радиои Озодӣ гуфт, "фикр мекунам, ин як шонси хуб аст барои футболбозони ҷавони мо. Мутахассисоне ҳастанд, ки бозиҳои моро назорат мекунанд ва онҳо метавонанд бозигарони моро ба давлатҳои хориҷа даъват кунанд ва ин барои пешрафти футболи тоҷик ва дастаи мунтахаби Тоҷикистон мусоидат кунад".

Бозӣ миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Хатлон".
Бозӣ миёни дастаҳои "Истиқлол" ва "Хатлон".


Дар ҳоли ҳозир пахши мустақими бозиҳои қаҳрамонии футболи Тоҷикистонро расман шабакаҳои варзишии Испания, Сербия ва Украина харидорӣ кардаанд. Аз ин истифода бурда, дар шуруи ҳар бозӣ футболбозони тоҷик ба кишварҳое, ки аз сирояти коронавирус ранҷ мекашанд, паём мефиристанд. "Футболи шумо моро рӯҳбаланд мекунад. Қавӣ бош, Испания!" ин навиштаҷот дар атрофи майдон гузошта шудааст.

Рустам Ҳакимов, сухангӯи дастаи "Истиқлол", мегӯяд, "дар даври гузашта ҳам, ки дастгирии бозигарони "Истиқлол" ба аҳолии Испания буд, тахминан даҳ дақиқа баъд аз бозӣ бозигари маъруфи мунтахаби Испания Луис Гарсия дар саҳифаи "Инстаграм"-и худ миннатдориашроо баён намуд. Рӯзномаву маҷаллаҳои испаниву сербӣ аз ин иқдом истиқбол карданд".

Дар баробари иқдоми Федератсияи футбол ва раҳбарияти дастаҳо бозигарон ҳам худро дар канор намегиранд. Ба ҳар роҳе талош мекунанд, афроди мубталои коронавирусро рӯҳбаланд созанд. Паёмҳои онҳо вокунишҳои мусбат меорад.

Коронавирус футболи Тоҷикистонро ҷаҳонӣ кард
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:06:11 0:00

Шериддин Бобоев, ҳамлагари дастаи "Истиқлол", зимни суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "мебинем, чӣ тавр дар дигар давлатҳо футбол нест ва одамон аз хона баромада наметавонанд. Ин ҳолат моро ғамгин мекунад. Мо ҳамеша дуогӯи онҳо ҳастем. Як бозӣ пеш агар дида бошед, ман дар пироҳани худ нависта будам ва ба ин васила хостам ба тамоми ҷаҳониён расонам, ки мо бо дарди онҳо ҳамроҳ ҳастем ва дуогӯи онҳоем".

Легионерҳои футболи тоҷик, ки шумораашон дар дастаҳои Лигаи олӣ 42 нафар аст, мегӯянд, манъ нашудани қаҳрамонии футболи ин кашвар онҳоро хушҳол кардааст. Годсон Куйе, легионер аз Гана, ки дарвозабони дастаи "Хатлон"-и Бохтар аст, бо забони тоҷикӣ ва каме канда-канда ҳарф мезанад. Ӯ мегӯяд, "дар Тоҷикистон коронавирус нест. Дар Европа, Фаронса, Испания футбол нест. Дар ин ҷо футбол рафта истодааст. Ҳамаи одамон бозиҳои Лигаи олии Тоҷикистонро тамошо мекунанд. Ин хуб аст".

Годсон Куйе, легионер аз Гана.
Годсон Куйе, легионер аз Гана.


Ба далели он ки дар ҳудуди Тоҷикистон сирояти коронавирус ба қайд гирифта нашудааст, бозиҳои Лигаи олии кишвар аз рӯи нақша баргузор мешаванд. Аммо бо тасмими Федератсияи футболи Тоҷикистон бозиҳо дар варзишгоҳҳо бе ҳузури тамошогарон доир мегарданд. Ҳаводорони футбол бозиҳоро тариқи телевизион тамошо мекунанд.

Абдуҳалим Тоҳирӣ, мухлиси футбол, гуфт, "чӣ хеле ки дар дохили варзишгоҳ шавқовар аст ва ба бозигарон руҳия медиҳӣ, тариқи телевизион ин эҳсосот нест. Барои пешгирии коронавирус, ки дар ҷаҳон омадааст ва дар Тоҷикистон нест, ин иқдоми дуруст аст, ки одамонро дар ҷойҳои ҷамъиятӣ зиёд ҷамъ шудан намемонанд".

Масъулони бошгоҳҳои футболи Тоҷикистон мегӯянд, бе тамошобин доир шудани бозиҳо масъулияти онҳоро дар бахши пешгирии ҳайати даста аз сирояти коронавирус кам намекунад.


"Дар дастаи мо аз тарафи духтурони бошгоҳ аз рӯзҳои аввали пайдоиши ин беморӣ ба ин масъала ҷиддӣ муносибат мешавад. Пеш аз бозӣ ҳарорати ҳар як бозингар ва корманди даста санҷида мешавад. Баъди бозӣ низ чунин амал анҷом меёбад. Онҳо ба таври шабонарӯзӣ аз тарафи духутурони даста зери назорат қарор доранд. Дар ин хусус ягон мушкилӣ вуҷуд надорад. Корҳои фаҳмондадиҳӣ ва профилактикӣ хеле хуб ба роҳ монда шудааст", -иброз дошт Рустам Ҳакимов, сухангӯи дастаи "Истиқлол".

Бозии даври севуми қаҳрамонии футболи Тоҷикистон миёни дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хатлон"-и Бохтар ҳам бо шиори "Қавӣ бошед, халқҳои бародар! Мо барои шумо ва барои тамоми ҷаҳон дуогӯем", шуруъ шуд.

Ҳамчунин барои дастгирии пизишкони тамоми ҷаҳон, ки муқобили пандемияи коронавирус мубориза мебаранд, дар минбари шимолии Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ овезае бо навиштаҷоти "Шумо қаҳрамонони воқеии даврони моед" гузошта шуд.

Дар қаҳрамонии футболи Тоҷикистон баъди натиҷагирии се даври мусобиқа дастаҳои "Истиқлол"-и Душанбе ва "Хатлон"-и Бохтар бо ҳафтимтиёзӣ пешсафанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG