Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Корвон"-и олуда ба дуд. Ба поккории бозори бузурги Тоҷикистон оғоз карданд. ВИДЕО


Бозори "Корвон"-и Душанбе безарар гардонида мешавад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:39 0:00

Бозори "Корвон"-и Душанбе безарар гардонида мешавад

Дар рӯзи аввали баста шудани бозорҳои либос дар Душанбе, мутахассисони ширкати "ФАВЗ" ба поккории бозори "Корвон" оғоз карданд. Бозор то 10-уми май баста мемонад.

Дизинфексия ё безараргардонии бозори "Корвон" бо усули нави дудпошӣ шурӯъ шуд. Масъулони ширкати “Фавз” гуфтанд, ин технологияи навро аз Олмон харидаанд.

Бо дастгоҳҳои нав маҳлули зиддивирусии алмадезро бо керосин омезиш дода, баъди сӯхтан ба ҳаво пош медиҳанд.

Амин Раҳмонзода, тоҷири бозори “Корвон”, ба Радиои Озодӣ гуфт, аз ин иқдоми роҳбарияти бозор пуштибонӣ мекунад. Зеро, ба гуфтаи вай, ҳар рӯз ҳазорон нафар вориди бозор мешаванд ва вуҷуди беморон дар миёни онҳо истисно нест.

"Ғайр аз ин, ҳар рӯз тавассути хлор дизинфексия мекунем. Ин яке аз чораҳои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус мебошад", - афзуд ӯ.

То ҳол барои ҷилавгирӣ аз паҳншавии маризиҳои сироятӣ, аз ҷумла коронавирус, хиёбонҳову биноҳоро дар Тоҷикистон тавассути мошинҳои обпош ва таҷҳизоти дастӣ бо маҳулули гипохлориди натрий поккорӣ мекарданд.

Бозори "Корвон"-и Душанбе дар 27 гектар бунёд шудааст ва ҳазорон дӯкону марказҳои тиҷоратиро фаро мегирад.

Дар пойтахти Тоҷикистон ду бозори дигари бузурги либосфурӯшии “Ганҷина” ва “Панҷшер” низ бастаанд. Бозорҳои сохтмонии “Султони Кабир”, “Осиё” ва “Кушониён” дар баробари дигар бозорҳои хурди маводи ғизоӣ фаъоланд.

XS
SM
MD
LG