Дар чанд ҷумла
Нахуствазири Русия ба коронавирус мубтало шуд
Михаил Мишустин, нахуствазири Русия эълом кард, ки гирифтори коронавирус шудааст ва аз ин рӯ худро карантин кардааст.
Расонаҳои Русия рӯзи панҷшанбеи 30-юми апрел гузориш доданд, ки Мишустин дар гуфтугӯи видеоӣ бо Владимир Путин, президенти он кишвар, ин хабарро ба ӯ расонд ва Андрей Белоусовро ба унвони ҷониши муваққатии худ муаррифӣ кард.
Ҳамчунин бинобар баёнияи Кремл, Путин бо имзои ҳукми сарпарастии Андрей Белоусов, ибрози умедворӣ кардааст, ки нахуствазир беҳбуд ёбад ва ба талошҳояш дар мубориза бо паёмадҳои иқтисодии коронавирус идома диҳад.
Михаил Мишустини 54-сола ҳудуди чаҳор моҳ пеш нахуствазири Русия таъйин шуд.
Мақомҳои тандурустии Русия рӯзи панҷшанбе эълом карданд, шумораи гирифторон ба КОВИД-19 шабонарӯзи ахир наздик ба 7100 нафар будааст, ки болотарин рақам аз ибтидои ҳамагирии коронавирус дар ин кишвар ба шумор меравад.
Шумораи гирифторон ба коронавирус дар Русия ба беш аз 106 ҳазор нафар нафар расидааст ва дар ин миён беш аз ҳазор нафар ҷон бохтаанд.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Поинравии нархи тило бозори ҷавоҳиротро дар Ҳинд гарм кард
Нархи тилову нуқра, ки дар Тоҷикистон ҳам талабгорони зиёд дорад, рӯзҳои охир дар ҷаҳон пойин омадааст. Ҳоло дар Тоҷикистон расман истироҳат асту вазъи дӯконҳои тилофурӯшӣ ва баҳои расмии тило дар вебсайти Бонки Миллӣ маълум нест. Вале фурӯшгоҳҳои маснуоти заргарӣ дар Ҳиндустон рӯзи 23-юми март шоҳиди муштарии зиёд буданд.
Мардуми муштоқи ин филизи гаронбаҳо дар Ҳиндустон гуфтанд, бо истифода аз фурсат ангуштарӣ ва дастпонаву гӯшвор ё гарданбанди тило мехаранд, то дар оянда аз он истифода кунанд. Чи барои зебу зиннат ва чи барои фурӯхтану фоида гирифтан.
"Ин вазъ барои мо хуб аст, чун кумак мекунад, ки миқдоре тило харем. Пештар нархи он ҳатто то 1,7 лак рупия ё 1823 доллар расида буд. Он замон харидани тило барои мо воқеан фоида надошт. Ҳоло мардум умед доранд, ки метавонанд барои истифода дар оянда каме тило бихаранд," – гуфт яке аз муштариён.
Аз шурӯи даргирӣ дар Ховари Миёна арзиши тило қариб 22 дарсад коҳиш ёфт. Дар муқоиса ба нархи рекордии он ки ҳар унсаш дар охири моҳи январи имсол ба тақрибан 5 ҳазору 600 доллар расида буд, ҳудуди 25 дарсад поин омадааст.
Ашвини Ҷавдекар дар Ҳиндустон ин вазъро имконияте барои сармоягузорӣ медонад: "Бале, нарх бисёр поин омад... ҳам нархи тило ва ҳам нархи нуқра. Бинобар ин, эҳсос мекунем, ки бояд ҳарчи зуд сармоягузорӣ кунем. Ин фурсати хуб аст, зеро агар нарх дар оянда боз боло равад, дигар чунин имкон нахоҳем дошт."
Як таҳлилгар ба хабаргузории “Рейтерс” гуфтааст, идомаи низоъ дар Ховари Миёна ва пойин наомадани нархи баҳра (фоиз) ҷаззобияти тилоро камтар кард.
Вирен Чокси гуфт, “қарор буд, ки Бонки Марказии Амрико нархи баҳра ё фоизро кам кунад ва бар асоси он интизор мерафт, тило то ҳадде ҳимоят шавад. Аммо Иёлоти Муттаҳида нархи баҳраро коҳиш надод... Ҳамин боис гашт, ки арзиши тило боло наравад, балки пойин биояд."
Арзиши нуқра ҳам зиёда аз шаш дарсад поин рафтааст.
Шояд ин вазъ барои иддае хушоянд нест, аммо харидорони сершумор дар Ҳиндустон онро фурсати бисёр муносиб ҳам барои зеб додани дасту гардану гӯш ва ҳам сармоягузорӣ барои оянда медонанд.
Арманистон Асомуддин Раҷабовро ба Тоҷикистон таслим накардааст
Мақомоти Арманистон шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистон Асомуддин Раҷабовро, ки бо дархости Душанбе дар марзи ин кишвар дастгир шуда буд, раҳо кардаанд. Вай аз Гурҷистон меомад.
Асомуддин Раҷабов 25-уми март дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ҳоло ният дорад бо ёрии созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба кишвари севум биравад. Дар Арманистон ба ӯ гуфтаанд, ки дар Тоҷикистон ба “тундгароӣ бо истифода аз шабакаҳои иҷтимоӣ” муттаҳам аст.
“Ду рӯз пеш маро боздошт карда, гуфтанд, ба тундгароӣ гумонбар ҳастӣ ва дар пайгард қарор дорӣ. Ҳеч умед надоштам, ки озод мекунанд. Дар боздоштгоҳ муомилаи хуб доштанд. Дертар гуфтанд, озод ҳастӣ ва ҳар куҷое мехоҳӣ, зиндагӣ кун,” – гуфт Раҷабов.
Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Асомуддин Раҷабов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо имзои мустаор матлабҳои танқидӣ нашр кардааст.
Вай аз 2009 то 2012 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хидмат карда, сипас ба Русия ва аз онҷо ба Туркия ва Гурҷистон рафтааст.
Сабаби аз мақомоти интизомии Тоҷикистон канор рафтан ва ба нашри матлабҳои танқидӣ шуруъ кардани Асомуддин Раҷабов маълум нест.
Дар як соли охир дастикам панҷ шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Арманистон боздошт ва то кунун се нафари онҳо раҳо карда шудаанд.
Сӯхтор дар фурудгоҳи Кувайт пас аз ҳамлаи паҳподӣ
Мақомоти Кувайт эълон карданд, ки бар асари бархӯрди як паҳпод ба анбори сӯхт дар Фурудгоҳи байнулмилалии ин кишвар сӯхтор сар зада, аммо талафоти ҷонӣ надоштааст.
Ба гузориши хабаргузории "Франс Пресс", Идораи умумии ҳавопаймоии Кувайт эълон кард, "зарар маҳдуд буда", нерӯҳои имдодрасон фавран барои хомӯш кардани оташ вориди амал шуданд.
Ин зарбаи севум ба фурудгоҳи Кувайт аз оғози ҳамлаҳои Исроилу Амрико ба Эрон ва посухҳои Ҷумҳурии Исломӣ ба кишварҳои атроф аст. Пештар низ ҳамлаҳое ба анбори сӯхт ва сомонаи радарии ин фурудгоҳ гузориш шуда буд.
Дар ҳамин ҳол, фаъолияти ин фурудгоҳ аз оғози даргириҳо қатъ шуда, парвозҳо ба фурудгоҳҳои Арабистони Саудӣ, аз ҷумла Дамом анҷом мешаванд.
Мақомҳои кувайтӣ ҳамчунин эълон карданд дар мавҷи нави ҳамлаҳо, 13 паҳпод ва шаш мушак раҳгирӣ шуд ва бонги хатар зиёда аз 10 бор дар тӯли шаб садо дод.
Раҳимзода хост, аз "ифротӣ" шудани муҳоҷирон пешгирӣ кунанд
Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон аз роҳбарони диаспораҳои тоҷикон дар хориҷи кишвар, бавижа дар Русия дархост кардааст, ки аз гароиши ҷавонон ба гурӯҳҳои тундрав пешгирӣ кунанд.
Дафтари матбуоти Вазорати корҳои дохилӣ мегӯяд, дидори вазир бо роҳбарони диаспораҳо 19-уми март дар Душанбе баргузор шуд.
Ба иттилои манбаъ, Рамазон Раҳимзода ба роҳбарони диаспораҳои тоҷикон гуфтааст, сиёсати ҳукумати Тоҷикистонро дар миёни муҳоҷирон "дуруст фаҳмонанд".
Дар вохӯрии вазири корҳои дохилӣ бо намояндагони диаспораҳо хабарнигорони мустақил ширкат надоштанд ва барои ҳамин рӯшан нест, ки дар ин нишаст вазъи муҳоҷирон баррасӣ шудааст ё не.
Ин дар ҳолест, ки муҳоҷирони тоҷик дар Русия борҳо аз бетаваҷҷуҳии ҳукумат ба вазъи онҳо шикоят карда буданд.
Ҳар сол ҳудуди як миллион тоҷикистонӣ барои кор ба хориҷ махсусан ба Русия мераванд.
Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад 25%-и мансабҳоро ба занон диҳад
Ҳукумати Тоҷикистон мехоҳад ҳузури занонро дар корҳои давлатӣ бештар кунад.
Дар як барномаи ҳукуматӣ, ки Радиои Озодӣ нусхаашро 25-уми март дид, омадааст, феълан фақат 19 дарсади роҳбарони мақомот занон ҳастанд, ки нокофӣ мебошад.
Бар пояи ин санад, то соли 2030 бояд 25 дарсади вазифаҳои роҳбарӣ дар идораҳои давлатӣ ба занон ихтисос дода шавад. Дар барнома гуфта нашудааст, ки мақомот аз кадом роҳ мехоҳанд ин корро иҷро кунанд.
Ба гуфтаи мақомот, давоми чор соли оянда ҳиссаи занон дар корҳои давлатӣ аз 25 дарсади ҳозира бояд ба 30 дарсад зиёд карда шавад.
Тасмими ҳукумат барои бештар ҷалб кардани занон ба корҳои давлатӣ дар ҳолест, ки пештар мақомот пешниҳоди вакилонро дар ин бора рад карда буданд.
Соли 2019 як гурӯҳ аз вакилони порлумон ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки ҳангоми ислоҳи қонун дар бораи хидмати давлатӣ то 40 дарсади мансабҳои давлатӣ ба занон дода шавад.
Намояндагони ҳукумат бо радди ин пешниҳод гуфта буданд, ки масъалаи қабули занон ба кор дар идораҳои давлатӣ дар қонунҳои дигар ҳал шудааст.
Феълан аз 21 узви ҳукумат чанд вазир, аз ҷумла, вазири меҳнат ва вазири фарҳанг занон ҳастанд.
Рӯи фарши сарду холӣ. Азоби мусофирон дар як фурудгоҳи Русия
Мусофирони фурудгоҳи “Пулково” дар шаҳри Санкт-Петербург рӯзҳои 22 ва 23-юми март маҷбур шудаанд, ки дар рӯйи фарши сарду холӣ бихобанд. Дар ду рӯз беш аз 100 парвози ҳавопаймо дар ин фурудгоҳи Русия боздошта шуд.
Мақомот гуфтанд, сабаби таъхир дар парвозҳо таҳдиди паҳпод ё ҳавопаймоҳои бесарнишини украинӣ ба фурудгоҳ будааст.
Александр Дрозденко, волии Ленинград, гуфт, низоми дифои ҳавоӣ ва воҳидҳои муборизаи радиоэлектронӣ беш аз 70 дронро нобуд карданд. Дар бораи талафоти эҳтимолӣ хабаре нашр нашудааст.
Дрозденко гуфт, дар шаҳри соҳилии Приморск баъди ба зарфи сӯзишворӣ расидани паҳподе оташнишонҳо дар ҷои ҳодиса кор мекунанд. Дар ноҳияи Виборги вилояти Ленинград як сутуни барқ осеб дидааст.
Приморск ва Уст-Луга дар соҳили баҳри Балтика ҷойгир буда, нуқтаи муҳими содироти маводи сӯхт дониста мешаванд. Рӯзи яшканбе дар паи ҳамлаи паҳподҳо содироти нафти хом ва дигар сӯзишворӣ аз ин ҷо боздошта шуд.
Навор дар инҷост:
7 хати интиқоли барқи Кувайт аз кор монд. Раҳгирии паҳподҳо дар Саудӣ
Кувайт рӯзи 24-уми март эълон кард, ки системаи дифои ҳавоии ин кишвар дар ҳоли муқобила бо "ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ" ҳаст. Артиш аз шаҳрвандон хост, дастури мақомотро риоя кунанд.
Ҳамзамон, Вазорати барқи Кувайт хабар дод, ки дар пайи суқути боқимондаҳои мушакҳои раҳгиришуда ҳафт хати интиқоли барқ аз кор монд.
Арабистони Саудӣ низ субҳи 24-уми март эълон кард, ки падофанди ҳавоии ин кишвар тайи ду соат, дар чанд ҳамлаи ҷудогона, дар маҷмӯъ 19 паҳподро, ки вилояти Шарқияи ин кишварро ҳадаф қарор дода буданд, раҳгирӣ ва аз байн бурд. Ин хабарро Вазорати дифои Арабистони Саудӣ нашр кардааст.
Дар ҳамин ҳол, Бритониё эълон кардааст, ки барои муқобила бо мавҷи ҳамлаҳои Эрон ба кишварҳои Халиҷи Форс сомонаҳои дифои ҳавоии кӯтоҳбурд ба минтақа мефиристад.
Кейр Стармер, нахуствазири Бритониё гуфт, ин таҷҳизот ба Баҳрайн, Кувайт ва Арабистони Саудӣ фиристода мешавад. Ҳамчунин сомонаи зиддипаҳподии Rapid Sentry ба Кувайт мунтақил хоҳад шуд ва як нови ҷангии Бритониё низ дар шарқи Миёназамин ҷобаҷо шудааст.
Ба гузориши хабаргузории "Франс Пресс", мақомҳои бритониёӣ мегӯянд, ҳузури низомии ин кишвар дар минтақа ба болотарин сатҳ дар 15 соли гузашта расида, парвозҳои амалиётӣ барои ҳимоят аз чанд кишвари минтақа афзоиш ёфтааст.
Таҳдиди Эрон ба ҳамла алайҳи нерӯҳои исроилӣ дар марз бо Лубнону Ғазза
Эрон гуфтааст, дар сурати идомаи ҳамлаҳои Исроил ба Лубнон ва Фаластин, "маҳалли таҷаммуъ"-и нерӯҳои Исроилро дар шимоли ин кишвар ва Навори Ғазза ҳадафи ҳамлаҳои мушакӣ ва паҳподӣ қарор хоҳад дод.
Ин таҳдид аз сӯи Сипоҳи посдорони Эрон дар ҳоле содир шуд, ки артиши Исроил рӯзи 23-юми март хабар дод, ки ду мушаки партобшуда аз Эрон ба тарафи Исроил дар ҷануби Лубнон фуруд омад.
Сипоҳи посдорони Эрон дар баёнияаш тавзеҳи бештаре дар ин бора надодааст.
Исроил аз оғози ҷанг бо Эрон ва ба дунболи он ҳамлаҳои "Ҳизбуллоҳ" ба Исроил, амалиёти густардаеро ба таври ҳамзамон алайҳи ин гурӯҳ дар ҷануби Лубнон оғоз кардааст.
Исроил ва Амрико гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнонро созмони террористӣ медонанд. Ин гурӯҳ дар порлумони Лубнон чанд намоянда дорад.
Дар тозатарин таҳаввулот, мақомҳои Лубнон эълон карданд, ки дар ҳамлаи ҳавоии Исроил ба минтақае хориҷ аз Бейрут, ду нафар кушта ва панҷ нафар захмӣ шуданд. Ин ҳамла пас аз чандин ҳамлаи шабона ба ҷануби Бейрут рух дод.
Ҳамзамон хабаргузории расмии Лубнон аз идомаи ҳамлаҳои Исроил ба минтақаҳои мухталифи ҷануб ва шимол-шарқи ин кишвар ва ҳамчунин вуруди нерӯҳои исроилӣ ба як шаҳри марзӣ ва даргирӣ бо сокинон хабар додааст.
"Ҳизбуллоҳ" низ эълон кардааст, ки ҳамлаҳое алайҳи нерӯҳои исроилӣ дар ҷануб ва шимоли Исроил анҷом додааст.
Ин даргириҳо, ки барои ҳафтаи чаҳорум боз идома дорад, боис ба кушта шудани беш аз ҳазор нафар ва овора шудани наздик ба ним миллион нафар дар Лубнон гаштааст.
Боздошти як шаҳрванди дигари Тоҷикистон дар Арманистон
Нерӯҳои марзбонии Арманистон як шаҳрванди 46-солаи Тоҷикистонро дастгир кардаанд.
Ба иттилои дарёфтии Радиои Озодӣ, Асомуддин Раҷабови 46-сола аз Гурҷистон ба Арманистон мегузашт.
Вакили мудофеъ Ани Чатинян аз Helsinki Citizens' Assembly–Vanadzor рӯзи 23-юми март ба Радиои Озодӣ гуфт, шахси зери ҳимояташ бо дархости мақомоти Тоҷикистон ва бо иттиҳоми "ифротгароӣ" дастгир шудааст.
"Дар ҳоли ҳозир додситонӣ қазияи ӯро баррасӣ дорад. Умед дорем, ки ба Тоҷикистон таслим нахоҳад кард," – гуфт хонум Чатинян.
Шарҳи ҷониби Тоҷикистон дастрас нест.
Ҷустуҷӯйи Радиои Озодӣ нишон дод, ки Асомуддин Раҷабов дар шабакаи иҷтимоии Фейсбук бо имзои мустаор матлабҳои танқидӣ нашр кардааст.
Яке аз дӯстонаш гуфт, ӯ як соли охир дар Гурҷистон мезист, вале пулис огоҳӣ додааст, ки муҳлати будубошаш ба поён расиду бояд ин кишварро тарк кунад.
"Муҳлати шиносномаи Асомуддин ҳам ба охир мерасид ва ӯ ягона шонсро дар он дид, ки ҳарчи зуд ба Арманистон гузарад, аммо дар марз дастгир шуд," -- афзуд ӯ.
Ба нақли ин ҳамсуҳбати Радиои Озодӣ, ки номаш ба далели амниятӣ навишта намешавад, Асомуддин Раҷабов аз соли 2009 то соли 2012 дар дастаи зудамали таъйиноти махсус ё ОМОН-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон хидмат кардааст.
"Вай дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар Бадахшон ҳам ширкат дошта, баъди дидани баъзе саҳнаҳои ваҳшатнок ихтиёрӣ аз дастаи ОМОН берун шуд ва барои идомаи зиндагӣ ба Русия рафт. Сипас ба Туркия ва аз онҷо ба Гурҷистон гузашт," – гуфт ӯ.
Асомуддин Раҷабов соҳиби ду фарзанд аст.
Ҳафтаи гузашта пайвандони ду шаҳрванди боздоштшудаи Тоҷикистон дар Арманистон гуфта буданд, ки чанд рӯз боз аз онҳо дарак надоранд.
Онҳо низ бо дархости Тоҷикистон ва бо иттиҳоми "зархаридӣ", "ташкили иттиҳоди ҷиноӣ" ва "қочоқи маводи мухаддир" дастгир шуда, дар Боздоштгоҳи муваққатии шаҳри Ванадзор, дар шимоли Арманистон ҳастанд. Наздикони онҳо, баръакс иддао доранд, ки қазия сиёсист.
Озодии як рӯзноманигори таҳқиқотгари қирғиз аз зиндон
Додгоҳе дар Қирғизистон як рӯзноманигори таҳқиқотгарро аз зиндон озод кард.
Бар асоси қарори додгоҳ, Муҳаббат Тоҷибек, роҳбари гурӯҳи тарҳҳои Temirov LIVE ва "Айт, айт десе" баъди зиёда аз ду сол аз зиндон раҳо мешавад, аммо ҳаққи тарки ҷойи зисташро надорад.
Вакили дифоъ, ки дар мурофиаи додгоҳӣ ба тарзи онлайнӣ ширкат дошт, гуфт, Муҳаббат Тоҷибек 23-юми март озод шуд. Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ ҳам ба озод шудани ӯ розӣ шудааст.
Муҳаббат Тоҷибек моҳи январи соли 2024 ҳамроҳи дигар кормандони тарҳҳои таҳқиқотии Temirov LIVE ва “Айт.айт десе” боздошт шуда буд.
Моҳи октябри он сол додгоҳ Муҳаббат Тоҷибекро бо гуноҳи "даъват ба беназмиҳои оммавӣ" ба 6 сол зиндон маҳкум кард.
Худи ӯ ва ҳомиёни ҳуқуқ иттиҳомро беасос гуфтанд.
Путин созишномаро дар бораи ташхиси муҳоҷирони тоҷик имзо кард
Владимир Путин, президенти Русия, созишномаро бо Тоҷикистон дар бораи ташхиси муҳоҷирон қабл аз сафар имзо кард.
Ба гузориши хабаргузории расмии "ТАСС", бо имзои Путин раванди тасдиқ ё ратификатсияи созишнома дар Русия ба анҷом расид ва ин санад иҷроӣ мешавад.
Шӯрои Федератсия, палатаи болоии порлумони Русия, рӯзи 17-уми март ин созишномаро тасдиқ карда буд. Бар пояи ин санад, акнун муҳоҷирони тоҷик метавонанд пеш аз сафар ба Русия дар Тоҷикистон аз муоинаи тиббӣ гузаранд.
Натиҷаи ташхис барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия зарур аст. Дар назар аст дар як ё чанд дармонгоҳи шаҳри Душанбе нуқтаҳои муоинаи тиббӣ боз шаванд, ки ба ташхиси муҳоҷирони меҳнатӣ қабл аз сафари онҳо ба Русия машғул хоҳанд шуд.
Нархи ташхис ба гуфтаи Саломиддин Юсуфӣ, муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, 240 сомонӣ ё 25 доллар арзиш дорад.
Муҳоҷирони тоҷик борҳо аз мушкил будани гирифтани санади тиббӣ дар Русия шикоят кардаанд.
Абхозистон як шаҳрванди Тоҷикистонро ба Русия супурдааст
Мақомоти ҷумҳурии худхондаи Абхозистон як шаҳрванди Тоҷикистонро, ки бо иттиҳоми ифротгароии динӣ дар ҷустуҷӯ қарор дошт, боздошт ва ба Русия истирдод кардаанд.
Хадамоти амнияти давлатии Абхозистон дар иттилоияе гуфт, истирдоди шаҳрванди Тоҷикистон Каримхон Саидови 43-сола дар поёни ҳафтаи гузашта сурат гирифт.
Назари Саидов ба қазия ва қарори истирдодаш маълум нест.
Инчунин рӯшан нест, ки ӯро бо дархости Русия боздошт кардаанд ё Тоҷикистон. Мақомот дар Душанбе дар ин бора ҳанӯз изҳори назар накардаанд.
Дар хабари мақомоти Абхозистон, аз ҷумла гуфта шудааст, ки гуё Саидов “дар саҳифаҳои ҳомии гурӯҳҳои ифротӣ дар Сурия маводе паҳн мекард, ки барои сафед кардани ифротгароӣ ва барангехтани адовати динӣ равона шуда буд”.
Хадамоти амнияти давлатии Абхозистон гуфт, муҳлати санадҳои муҳоҷирати Саидов дар Абхозистон ҳам гузашта буд ва ӯ рӯзи 20-уми март ба Русия истирдод шуд.
Феълан маълум нест, ки ӯ дар куҷо аст ва дар Русия ба ӯ айбе эълон шудааст ё на.
Тоҷикистон Абхозистони рӯ ба Русияро чун давлати мустақил ба расмият намешиносад, аз ин рӯ, бисёр муносибатҳои ҳуқуқии вобаста ба шаҳрвандони Тоҷикистон дар ин ҷумҳурӣ тавассути сохторҳои Русия ҳаллу фасл мешаванд.
Трамп гуфт, ҳамла ба нерӯгоҳҳои Эронро 5 рӯз ба таъхир гузошт
Раисҷумҳури Амрико гуфт, баъди як суҳбати "бисёр хуб" ҳама гуна ҳамларо ба нерӯгоҳҳои Эрон то панҷ рӯз ба таъхир гузошт. Вазорати корҳои хориҷии Эрон билофосила посух дод, ки байни Теҳрон ва Вашингтон "муколамае" вуҷуд надорад.
Доналд Трамп 23-юми март дар шабакаи Truth Social навишт, "бо назардошти хусусият ва лаҳни гуфтугӯҳо" ба Вазорати дифоъ супориш додааст, ки "ҳама гуна ҳамла алайҳи нерӯгоҳҳо ва зербунёдҳои энержии Эронро ба муддати панҷ рӯз боздорад".
Трамп афзуд, "ин гуфтугӯҳо дар тӯли ҳафта идома хоҳад дошт".
Дар ҳамин ҳол, "Тасним" ва "Форс", ду хабаргузории наздик ба Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, бо такя ба манбаъҳои худ навиштанд, ки байни Теҳрон ва Вашингтон мустақим ё ғайримустақим "ягон музокирот" сурат нагирифтааст.
Изҳороти раисҷумҳури Амрико чанд соат пеш аз поёни зарбулаҷал ба Эрон барои бозкушоии гулӯгоҳи Ҳурмуз садо дод. Аз ин оброҳа 20 дарсад аз нафту гази ҷаҳон мегузарад.
Доналд Трамп шоми 21-уми март ба Эрон ҳушдор дода буд, ки "агар дар зарфи 48 соати оянда гулӯгоҳи Ҳурмузро пурра ва бе таҳдид боз накунад, Амрико нерӯгоҳҳои ин кишварро нобуд хоҳад кард."
Тибқи гузоришҳои расида, Иёлоти Муттаҳида ҳазорҳо афсару сарбози нерӯҳои заминиро ба Ховари Миёна мефиристад. Дар вокуниш нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Исломӣ таҳдид кардаанд, ки Эрон даст ба иқдоми мутақобил зада, зерсохторҳои минтақаро нобуд хоҳад кард.
Ҷудо аз он, раиси порлумони Эрон Муҳаммадбоқир Қолибоф навишт, "ҳамзамон бо ҳамла ба нерӯгоҳҳо ва зерсохтори эронӣ тамоми зербунёд ва коргоҳҳои энергетикии марбут бо Амрико дар минтақа нобуд карда мешаванд."
Чунин ҳамла ба кишварҳои Халиҷи Форс, ки муштарии бузурги нерӯ ва вобаста аз коргоҳҳои обсофкун мебошанд, таъсири фавқулода хоҳад дошт.
Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон ваъда додааст, ки дар ҳоли зарурат гулӯгоҳи Ҳурмузро комилан баста, онро замоне боз хоҳад кард, ки тамоми зерсохторҳои маҳвшуда барқарор шаванд.
Маҳдудшавии равуои киштиҳо дар Ҳурмуз боис ба афзоиши нархи маводи сӯхт ва ҳамзамон бо он болоравии қимати маводи ниёзи аввалия гардидааст.
Гузориши видеоӣ дар инҷост:
Чор мошини як ширкати яҳудиро дар Лондон оташ задаанд
Шахсони ношинос дар шаҳри Лондон чор мошини Ёрии таъҷилии марбут ба як ширкати яҳудиро оташ задаанд. Ширкати ғайритиҷоратии "Хатсала" ба расондани ёрии пизишкии бепул машғул буд.
Ба гузориши Би-би-сӣ, ҳодиса дар ноҳияи Голдерс Грин рух додааст.
Баъди оташ задан дар дохили мошинҳо чанд баллони газ таркидааст, ки дар натиҷа хонаҳои истиқоматии атроф осеб дидаанд.
Сара Ҷексон, сардори пулиси ноҳия гуфтааст, аз рӯи навори дурбинҳои назоратӣ ҳодисаро таҳқиқ доранд.
Се нафар гумонбар ҳастанд.
Пулиси Лондон мегӯяд, ҳодисаро ҳамчун "ҷиноят бар асоси яҳудибадбинӣ" таҳқиқ дорад.
Шимон Райд, як сокини маҳаллӣ гуфтааст, мошинҳои Ёрии таъҷилӣ дар канори ибодатгоҳи яҳудиён (синагога) қарор дошт.
Кир Стармер, нахуствазири Бритониё ин ҳодисаро маҳкум карда, онро амали "яҳудситезона" хонд.
Аз зиндон озод шудани як хабарнигор дар Қирғизистон
Додгоҳе дар Қирғизистон як рӯзноманигори таҳқиқотгарро аз зиндон озод кард.
Бар асоси қарори додгоҳ, Муҳаббат Тоҷибек, роҳбари гурӯҳи тарҳҳои Temirov LIVE ва "Айт, айт десе" баъди зиёда аз ду сол аз зиндон раҳо мешавад, аммо ҳаққи тарки ҷойи зисташро надорад.
Вакили дифоъ, ки дар мурофиаи додгоҳӣ ба тарзи бархат (онлайнӣ) ширкат дошт, гуфт, Муҳаббат Тоҷибек 23-юми март озод мешавад. Додситон ё айбдоркунандаи давлатӣ ҳам ба озод шудани ӯ розӣ шудааст.
Муҳаббат Тоҷибек моҳи январи соли 2024 ҳамроҳи дигар кормандони тарҳҳои таҳқиқотии Temirov LIVE ва “Айт.айт десе” боздошт шуда буд.
Моҳи октябри он сол додгоҳ Муҳаббат Тоҷибекро бо гуноҳи “даъват ба бетартибиҳои оммавӣ” ба 6 сол зиндон маҳкум кард. Худи ӯ ва ҳомиёни ҳуқуқ иттиҳомро беасос гуфтанд.