Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғанӣ ва Абдуллоҳ. Тақсими қудрат барои рафъи "дупрезидентӣ" дар Афғонистон. ВИДЕО


Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини иҷроияи ҳукумати Афғонистон, рӯзи 17-уми май қарордоди сиёсиеро имзо карданд

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳур ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси пешини иҷроияи ҳукумати Афғонистон, рӯзи 17-уми май қарордоди сиёсиеро имзо карданд, ки бар пояи он доктор Абдуллоҳ раёсати Шӯрои олии сулҳро ба уҳда мегирад.

Ба ин тартиб Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар давлати Афғонистон шахси дуввум хоҳад буд ва раванди гуфтугӯҳои сулҳро роҳбарӣ мекунад. Инчунин ду ҷониб розӣ шуданд, ки панҷоҳ дарсади аъзои ҳукумати ояндаи Афғонистон аз ҳисоби тарафдорони Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъин шавад.

Дар созишнома, ки нусхаи он ба дасти Радиои Озодӣ расид, омадааст, ки ин тақсимот вазоратҳои калидиро низ дар бар хоҳад гирифт ва ба Абдурашид Дӯстум, аз ҳомиёни интихоботии Абдуллоҳ Абдуллоҳ рубтаи маршал дода мешавад ва ӯ ҳамчунон узви Шӯрои амнияти миллӣ хоҳад монд.

Ғанӣ ва Абдуллоҳ. Тақсими қудрат барои рафъи "дупрезидентӣ" дар Афғонистон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:16 0:00

Созиши Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ баъд аз се моҳи гуфтушунид, фишорҳои ҷаҳонӣ ва таҳдиди амиқрафти буҳрони сиёсӣ ва идорӣ ҳосил шуд.

Ашраф Ғанӣ, раиси ҷумҳури Афғонистон баъд аз имзои паймон бо қаноатмандӣ гуфт, ки он бе миёнаравии хориҷӣ ба даст омад.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ҳамакнун раиси Шӯрои олии мусолиҳа низ гуфт, ки ин тавофуқ роҳ ба самти сулҳро ҳамвор хоҳад кард ва ҳукуматдориро дар Афғонистон мустаҳкам мекунад.

Созиши сиёсӣ миёни раиси ҷумҳур Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ вокунишҳои мусбати ҷаҳонӣ ба бор овард. Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, НАТО ва шуморе аз кишварҳои минтақа аз оштии нави Ғанӣ ва Абдуллоҳ истиқбол карданд. Амрико ва дигар кишварҳои минтақа умедворӣ кардаанд ки бо ин тавофуқ гуфтугуҳои сулҳ оғоз мешаванд.

Майк Помпео
Майк Помпео

Майк Помпео, вазири корҳои хориҷии Амрико чанд соат баъд аз имзои созиш дар саҳифаи твиттериаш навишт, хурсанд аст, ки Ашраф Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ ба тавофуқ дар мавриди як ҳукумати ҳамашумул даст ёфтанд. Қаблан Иёлоти Муттаҳида ҳушдор дода буд, ки дар сурати ҳосил нашудани як созиши сиёсӣ дар Афғонистон як миллиард доллар аз кӯмакҳои худро ба ин кишвар коҳиш медиҳад.

Бино ба иттилои Вазорати корҳои хориҷаи Амрико, Майк Помпео шаби гузашта бо раиси ҷумҳур Ғанӣ ва Абдуллоҳ Абдуллоҳ суҳбати телефонӣ карда, аз онҳо ситоиш ва ҳам аз вақти талафшуда ибрози таассуф намудааст.

Помпео гуфтааст, ҳалли сиёсии мушкили Афғонистон ҳанӯз ҳам барои Амрико дар сархатти кор аст ва ду роҳбар бояд барои оғози ҳарчи зудтари гуфтугуҳои сулҳ иқдом намоянд.

Сарфи назар аз истиқболи қудратҳои ҷаҳонӣ аз созиши Ғанӣ ва Абдуллоҳ гуруҳи "Толибон" гуфтааст, тавофуқи сиёсии ҳосилшударо роҳи ҳал барои Афғонистон намедонад.

Суҳайл Шоҳин, сухангӯи дафтари сиёсии Толибон дар Қатар ба бахши афғонии Радиои Озодӣ гуфт, бояд аҳдномаи Доҳа иҷро шавад.

Амрико дар моҳи феврали имсол қарордоди сулҳ бо Толибонро имзо кард, ки бар асоси он ҳукумати Афғонистон 5 ҳазор толибро дар ивази ҳазор зиндонии ҳукуматӣ озод мекунад. Толибон ба Амрико ваъда доданд, ки хушунатҳоро коҳиш дода, робита бо гуруҳҳои террористиро қатъ мекунанд. Вале бо вуҷуди пешрафтҳо дар бахши иваз кардани зиндониён, нишоне аз коҳиши хушунатҳо дар амал дида намешавад.

Ҷанҷолҳои сиёсӣ дар Афғонистон баъд аз он авҷ гирифт, ки комиссияи мустақили интихоботии ин кишвар Муҳаммад Ашраф Ғаниро барандаи интихобот эълом кард.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки қаблан бар пояи қарордоде бо миёнҷигарии Амрико дар давлати Ғанӣ раиси иҷроияи ҳукумат буд, аз қабули натиҷаҳои интихоботи президентии моҳи сентябри соли гузашта сарпечӣ кард.

Гуфта мешавад, ин интихобот бо қонуншиканиҳои зиёд ва ширкати нокофии ройдиҳандагон ҷараён ёфтааст, аммо Ғанӣ онро қонунӣ шумурд.

Пас аз таъхири зиёд комиссияи интихоботии Афғонистон моҳи декабри соли 2019 эълон кард, ки Ғанӣ дар интихобот пирӯз шудааст ва чизе бештар аз 50 дарсад овоз гирифтааст, ки зарурати даври дувумро аз байн мебарад. Ин ниҳод гуфтааст, ки 39 дарсади интихобкунандагон ба тарафдорӣ аз Абдуллоҳ рой додаанд.

Абдуллоҳ ин натиҷаҳоро эътироф накард ва худро президент эълон намуд, дар ҳоле ки ҷомеаи ҷаҳонӣ пирӯзии Ғаниро пазируфт.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ, лутфан, аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти бардурӯғанд ва ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (14)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG