Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хабарҳо

Пешниҳодҳои се тарҳи ҷамъиятӣ дар бораи COVID-19 ба ҳукумат

Се тарҳи ҷамъиятӣ мақомоти Тоҷикистонро барои пинҳон доштани омори воқеии гирифторон ва ҷонбохтагон аз бемории COVID-19 танқид кардаанд.

Изҳороти ихтиёриёни тарҳи kvtj.info, тарҳи расонаии МедиаМаркер ва ҳайати Ибтикори ҷамъиятии “COVID-19: Тоҷикистон” рӯзи 25-уми май дар Фейсбук нашр шуд.

Дар он ҳамчунин аз мақомот тақозо шудааст, ки карантини “нарм” ҷорӣ карда, хидматрасонии пулакӣ дар соҳаи тибро бекор ва маоши кормандони тибу ниҳодҳои ҳолати фавқулодаро се баробар зиёд кунанд.

Ҷубронпулӣ ба оилаҳои пизишкони фавтида аз COVID-19 ва шомил шудани фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба Ситоди ҷумҳуриявии муқобила бо коронавируси нав аз пешниҳодҳои дигари онҳост.

Баъд аз эътирофи мавҷудияти коронавирус дар Тоҷикистон чанде аз пизишкону коршиносон ва хабарнигорон низ пешниҳодҳои худро барои бархӯрд бо COVID-19 ва пуштибонӣ аз табибон ба ҳукумат ироа карда буданд. Радиои Озодӣ чанде аз ин пешниҳодҳоро бо ҳадафи эҷоди баҳси озод ва ҳам ҷалби таваҷҷуҳи ҳукумат ба масъала нашр кард.

Се тарҳи ҷамъиятӣ нақши мақомотро дар рад кардани эътирофи вуҷуди COVID-19 интиқод ва матбуоти мустақил ва ҷомеаи маданиро дар огоҳонии мардум дар ин давраи бӯҳрони беҳдоштӣ муҳим арзёбӣ кардаанд.

Дар баёния, аз ҷумла, омадааст, “хушбахтона, сатҳи огоҳии мардум низ батадриҷ боло меравад, аммо тамоюли мақомот ба пинҳон доштани маълумот ва иттилооти марбут ба ин беморӣ аз байн нарафтааст”.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то 24-уми май дар кишвар беш аз 2900 кас ба бемории ҳамагир мубтало шуда, 46 кас фавтидаанд.

Пойгоҳи интернетии kvtj.info, ки феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни COVID-19 ва "илтиҳоби шуш"-ро нашр мекунад, то 25-уми май номи беш аз 340 нафарро гирд овардааст. Ба қавли масъулонаш, 57 нафари онҳо кормандони тиб ҳастанд.

Мақомот дастрасӣ ба ин пойгоҳро дар ҳудуди кишвар масдуд кардаанд.

Айни замон ин омор бар асоси навиштаҳои сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва расонаҳо таҳия шуда, дар сомона ишора кардаанд, ки бахше аз он тасдиқшуда ва қисми дигар дар ҳоли санҷиш ва тасдиқ шудан аст. Дар ин байн ба ин феҳраст номи яке аз хабарнигорони тоҷик ҳам ворид шуда буд, ки баъд аз эълони зинда буданаш ҳазф гардид. Эҳтимол ин ҳолат замоне рух дод, ки ҳар шахс ҳақ дошт дар сомона маълумот ворид кунад ва он дарҳол дар интернет пайдо шавад.

Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед

Эннио Морриконе - муаллифи мусиқии филми "Спрут" даргузашт

Соли 2016 Эннио Марриконе дуюм ҷоизаи "Оскар"-и худро ба даст овард

Дар шаҳри Рум дар синни 91-солагӣ оҳангсози маъруфи синамоӣ Эннио Морриконе даргузашт. Ба иттилои нашрияи итолиёии "Мессаҷеро", чанд рӯз пеш аз марг Марриконе бо устухони шикастаи қисмати болои по дар як беморхонаи Рум бистарӣ шуд.

Ӯ дар соли 1928 дар Рум чашм ба дунё кушода, консерваторияи Санта-Сесилияро дар пойтахти Итолиё хатм кардааст. Ба оҳангсозии касбӣ аз 33-солагӣ шурӯъ кардааст. Мусиқии ӯ бештар тавассути филмҳои амрикоиву итолиёӣ ба дили шунавандааш роҳ ёфтааст. Дар давоми умраш ӯ барои беш аз 500 филму сериалҳо мусиқӣ эҷод карда, ду дафъа барандаи ҷоизаи «Оскар» ва се дафъа барандаи «Глобуси тиллоӣ» шудааст.

Барои тамошобинони филмҳои хориҷӣ оҳангҳои Марриконе аз рӯи филмҳои маъруфи «Профессионал», «Спрут», «72 метр» ва дигарҳо хуб ошно аст.

Мақомоти амрикоӣ аз нуқоти доғ дар бораи пур шудани беморхонаҳо хабар медиҳанд

Фурудгоҳи байналмилалии Атланта

Мақомоти амрикоӣ аз нуқоти доғи кишвар хабар медиҳанд, ки дар паи дубора зиёд шудани шумори олудагиҳо ба коронавирус беморхонаҳои маҳаллӣ пур аз беморон шудаанд. Вазъ дар ғарбу ҷануби ИМА доғ шудааст. Дар саросари ин кишвар шумори олудашудаҳо ба коронавирус базудӣ ба 3 миллион нафар ва марги инсонҳо дар паи вирус 130 ҳазор нафар мешавад. Ин ҳолат ба зуд боз шудани иқтисодҳо ва татбиқи заъифи протоколи ҳимоят аз олудашавӣ бастагӣ дорад. Чанд аёлат, аз ҷумла Калифорния, Техас ва Флорида муқаррароти муддате пеш сабукшударо дубора шадидтар кардаанд. Дар бархе маҳалҳо даъват ба хонашинӣ садо медиҳад.

Панҷакент: Модар бо ду кӯдаки хурдсол дар оташсӯзӣ ҷон доданд

Чаҳор узви як оила бо шумули дӯ кӯдак дар натиҷаи оташсӯзӣ дар Панҷакент ҷон додаанд. Ҳодиса нимашаби 2 ба 3-юми июл рух додааст.

Дафтари матбуоти Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Суғд мегӯяд, Таҳмина, келини хонадон бо ду кӯдакаш дар ҷойи ҳодиса ҷон доданд. Кӯдакон яке 2 ва дигарӣ 4 сола буданд.

Ба гуфтаи мақомот, Баён Солиев, сардори хонавода ба бемористон интиқол ёфт ва дертар дар онҷо ҷон дод.

Манбаъ мегӯяд, сабаби сӯхтор истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқӣ буд. "Санҷиш барои муайян кардани сабабҳои дақиқи ҳодиса идома дорад,"-мегӯянд маъмурони пулиси Суғд.

Ҳодисаҳои оташ гирифтани манзил дар Тоҷикистон зиёд рух медиҳад ва мақомот бештари онҳоро ба истифодаи нодурусти таҷҳизоти барқӣ барқ рабт медиҳанд.

"Гаравгон"-и режими Назарбоев бо хонаводааш Қазоқистонро тарк кард

Искандер Еримбетов.

"Искандер Еримбетов - гаравгони сиёсии пешини режими Назарбоев дар озодӣ аст ва ба Швейтсария парвоз кард",-навишт раҳбари созмони ҳомии ҳуқуқи Open Dialogue Foundation Людмила Козловская 4 июл дар "Фейсбук".

Козловская ҳамчунин аз рафти пешвози Еримбетову ҳамсар ва ду духтараш дар фурудгоҳи Женева аксу видео нашр кард. Наздикони Еримбетов дар шаҳри Алмато гуфтанд, ӯ ҳамроҳи ҳамсару ду духтари хурдсолаш, ки дар ватан буданд, ба Швейтсария сафар кард.

Наздикони Еримбетов аз посух ба суолҳо дар бораи он ки ӯ дар Швейтсария дархости паноҳандагӣ хоҳад кард, ё не, худдорӣ намуданд. Танҳо яке аз онҳо бо номи Асет Жаксибоев гуфт, ки Еримбетов барои табобат ба Швейтсария рафтаааст.

Вакили дифои Еримбетов - Жанара Балгабаева, ки дар мурофиаҳои додгоҳӣ аз ӯ ҳимоят мекард, гуфт, шахси зери ҳимояш сахт бемор аст. Ба гуфтаи вакили дифоъ, Еримбетов дар рафти тафтишот мавриди шиканҷаи сахт қарор гирифта, сараш осеб дидааст ва аз зиндон низ вайро ба иллати беморияш пеш аз муҳлат озод карданд.

Еримбетов бо айби "пулшӯӣ" зиндонӣ шуда буд. Гӯё ӯ ғайриқонуни пулҳои БТА Бонки Қазоқистонро берун бурдааст. Вале созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ва наздикони Еримбетов мегӯянд, мақомоти қазоқ ӯро ба хотири хоҳараш Ботагоз Ҷардемалӣ, ки дар Аврупо ба сар мебарад, таъқиб карданд. Ба гуфтаи волидони Еримбетов, муфаттишон мехостанд, Ҷардемалӣ, ки ба ҳайси ҳуқуқшиноси БТА Бонк ва мухолифи маъруфи қазоқ Мухтор Аблязов кор мекард, зидди Аблязов баёнот диҳад. Аблязов аз соли 2009 дар хориҷ ба сар бурда, бунёдгузори ҳаракати мухолифи "Интихоби демократии Қазоқистон" аст, ки бо қарори додгоҳ, ба рӯйхати гуруҳҳои мамнуъ шомил карда шудааст.

Мақомоти Қазоқистон ангезаи сиёсӣ доштани парвандаи Еримбетовро рад мекунанд.

Қирғизистон аз Чин 500 дастгоҳи сайёри оксиген харид

Акс аз бойгонӣ.

Ҳукумати Қирғизистон аз Чин 500 дастгоҳи сайёри оксиген харидорӣ кард, ки 5 июл тавассути як ҳавопаймои махсус ба Бишкек интиқол дода шуданд.

Ба огаҳии хадамоти матбуотии ҳукумати Қирғизистон, ин дастгоҳҳо бо 50 млн сом (беш аз 648 ҳазор доллар)-ре харидорӣ шуданд.

Ба иттилои манбаъ, дастгоҳҳои мазкур дар беморхонаҳое тақсим хоҳанд шуд, ки мубталоёни коронавирус бистарӣ ҳастанд. Як қисми онҳо ба минтақаҳои Қирғизистон фиристода мешаванд.

Вазорати тандурустии Қирғизистон пештар гуфта буд, ки дар ин кишвар дастгоҳҳои нафаси сунъӣ ва оксиген намерасад. Ба гуфтаи вазорат, онҳо ба 220 дастгоҳи нафаси сунъӣ ва 2300 дастгоҳи оксиген ниёз доранд ва гуфтугӯҳо барои хариди онҳо идома дорад.

Дар Туркманистон "маъракаи риштарошӣ" дубора оғоз шуд

Акс аз бойгонӣ.

Мақомоти вилояти Лебапи Туркманистон иҷборан тарошидани риши мардон ва дар умум таъқиби онҳоеро дубора оғоз карданд, ки расму ойини исломиро пайравӣ мекунанд.

Дар шаҳри Туркманобод ва ноҳияи Фороб маъмурони пулис ва Вазорати амнияти миллии Туркманистон дар кӯчаву бозорҳо гашта, ҷавонон ва мардони то 60-солаи диндорро боздошт карда, ба шуъба мебаранд. Онҷо риши дастгиршудаҳоро иҷборан метарошанд ва онҳоро ба ҳамкорӣ бо "тундравони диниву ваҳҳобиҳо" айбдор мекунанд.

"Онҳо мардони ришдорро ҷосусони турк меноманд. "Шумо дар Туркия ду рӯз кор карда, инҷо аз расму ойини онҳо пайравӣ мекунед", - мегӯянд ба ришдорон", - гуфт як сокини вилояти Лебап, ки ба шуъбаи пулис интиқол ёфта буд. Ба гуфтаи ӯ, маъмурон боздоштшудаҳоро суханҳои қабеҳ гуфта, таҳқир мекунанд.

Бино ба иттилои хабарнигори бахши туркмании Радиои Озодӣ, давоми рӯзҳои ахир риши садҳо мардро дар Лебап иҷборан тарошидаанд. Дар натиҷа сокинони маҳаллӣ ба далели тарс аз таъқиб ихтиёран ришҳои худро метарошанд.

Мақомоти Туркманистон солҳои ахир мубориза бо мондани ришро пурзӯр кардаанд. Соли гузашта туркманистониҳои аз 20 то 55-сола ба иллати доштани риш ба ҳавопаймо роҳ намеёфтанд. Бештари онҳо маҷбур мешуданд, риши худро дар фурудгоҳ тарошанд.

Дар Сибир ба ёдгории қурбониёни "таъқиботи сталинӣ" ранг молиданд

Ёдгории қурбониёни таъқиботи сиёсӣ дар замони Шӯравӣ дар Иркутск

Дар шаҳри Тайшети Сибири Русия ба рӯи навиштаҳои ёдгории қурбониёни таъқиботи сиёсӣ дар замони Шӯравӣ ранг молидаанд.

Сохтмони ин майдон, ки дар он ёдгорӣ гузошта шудааст, ҳафтае пеш анҷом ёфта буд.

Ба навиштаи бахши русии Радиои Озодӣ ҳодиса шаби 4-уми июл рӯх додааст ва навиштаи болои ин ёдгорӣ дида намешавад.

Ин ёдгорӣ ба хотири онҳое бунёд шудааст, ки дар замони раҳбарии Сталин зиндон шудаанд.

Дар солҳои 30-уми асри гузашта дар авҷи саркубгариҳои сиёсӣ, ки бо номи “таъқиботи сталинӣ” маъруф аст, дар ҳудуди Тайшети Сибир макони бузурги нигаҳдории маҳбусони сиёсӣ ҷой дошт. Аз тариқи истгоҳе аз ин макон маҳбусонро ба Сибири Шарқӣ ва ба Шарқи Дур интиқол медоданд.

Миллионҳо шаҳрванди Шӯравӣ дар замони раҳбарии Сталин, дар солҳои 1924-53 таҳти таъқиб қарор доштаанд.

Пуштибонӣ аз рӯзноманигоре, ки ба "ҳимоят аз терроризм" муттаҳам мешавад

Светлана Прокопева

Беш аз 30 рӯзноманигори рус ба ҳимоят аз Светлана Прокопева, рӯзноманигор аз шаҳри Пскови Русия бархостанд, ки бо иттиҳоми “ҳимоят аз терроризм” ӯро то 7 соли зиндон таҳдид мекунад.

Онҳо дар изҳороте, ки рӯзи 4-уми июл нашр шуд, гуфтаанд, “қобили қабул нест, ки рӯзноманигор барои фаъолияти касбӣ маҳкум мешавад".

Ирина Малкова, сардабири нашрияи интернетии “The Bell” навиштааст, ки "ҷоиз нест, ки барои қасд гирифтан аз рӯзноманигорон барои сухани озод гуфтан онҳоро бо гардиши маводи мухаддир тӯҳмат мекунанд, дастонашонро мешикананд ва ё ба зиндон меандозанд”.

Парвандаи ҷиноӣ алайҳи ин рӯзноманигор феврали соли 2019 боз шуд. Прокопеваро барои шарҳаш дар радиои "Эхо Москвы в Пскове" дар моҳи ноябри соли 2018 муҳокима мекунанд. Ӯ дар ин сӯҳбаташ дар бораи худкушии як мард дар даромадгоҳи дафтари ФСБ-и Архангелск сӯҳбат карда ин ҳолатро ҳамчун эътироз алайҳи қонуншиканиҳои ходимони ҳифзи қонун арзёбӣ карда буд. Назарҳояшро ӯ баъдан дар як блогаш ҳам чоп кард. Прокопева дар додгоҳ гуфт, ки ин суханҳоро ба он хотир гуфт, ки амалҳои террористӣ дар оянда такрор нашаванд. Ба саволи додрас дар бораи он ки "оё ӯ терроризмро сафед мекунад?", – Прокопева гуфт, навиштаҳои ӯ барои ҳимоят аз мардум равона шуда буд.

Ба ҳимояи Прокопева журналистон, созмонҳои ҳомии озодии баён, сиёсатмадорону ходимони ҷамъиятии Русияву кишварҳои дигар садо баланд карданд.

Теъдоди гирифторон ба коронавирус дар Русия афзоиш ёфтааст

Ташхиси коронавирус дар Русия

Дар як рӯзи охир дар Русия 6736 ҳолати сирояти сокинон ба коронавирус сабт шудааст. Ин каме бештар аз як рӯзи пеш аст. Аз COVID-19 дар як шабонарӯз дар Русия 134 нафар фавтидааст ва ба гуфтаи мақомот, бештар аз 3 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.

Дар Русия аз оғози бӯҳрони коронавирус то ҳол беш аз 680 ҳазор нафарро ҳамчун гирифтор ба ин вирус сабт кардаанд.

Ба гуфтаи мақомоти Русия бештар аз 450 ҳазор нафар шифо ёфта, беш аз 10 ҳазор нафар фавтидааст.

Сафорат гуфт, ки чиптаҳои парвози Франкфурт-Душанбе пурра фурӯхта шудаанд

Ҳавопаймои ширкати "Сомон-эйр"

Сафорати Тоҷикистон дар Олмон гуфт, ки чиптаҳо барои сайрхати Франкфурт-Душанбе пурра фурӯхта шудаанд.

Пештар, сафорат аз шаҳрвандони Тоҷикистон дар Аврупо, ки азми бозгашт ба ватанро доранд, даъват карда буд, ки барои 8-уми июл аз ширкати “Сомон-эйр” чипта бихаранд. Арзиши чиптаро ширкати “Сомон-эйр” 463,21 евро эълон карда буд.

Аз ин рӯ, сафорати Тоҷикистон дар Олмон дар саҳифаи фейсбукиаш навиштааст, ки рӯзи 8-уми июл афроде, ки чипта надоранд, ба фурудгоҳи Франкфурт наоянд, чун имкони фуруши чипта дигар мавҷуд нест.

Зимнан, Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар додааст, ки рӯзи 10-уми июл дар масири Душанбе-Минск-Душанбе парвоз ба нақша гирифта шудааст.

Аз охири моҳи апрел ба хотири ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус Тоҷикистон парвозҳо ба хориҷи кишварро қатъ кард. Аз охири моҳи май парвозҳои маҳдуди чартерӣ ба роҳ монда шудааст, ки ба гуфтаи мақомот, аз ин тариқ шаҳрвандони дармондаро ба ватан бармегардонанд.

Марде, ки Рамзан Қодировро танқид мекард, дар Австрия кушта шуд

Пулиси Австралия

Паноҳҷӯе аз Русия, ки шоми 4-уми июл дар Вена, пойтахти Австрия кушта шуд, аз мунтақидони Рамзан Қодиров, раҳбари Чеченистон будааст.

Манобеи Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ин нафар Мамихон Умаров ном дошт, ки бо номи "Анзори Вена" шинохта мешуд. Дар гузашта ӯ дар сафи ҷудоиталабони чечен қарор доштааст.

Мақомоти расмии Австрия аз ӯ ном набурданд ва танҳо гуфтанд, ки паноҳҷӯи 43 сола кушта шудааст.

Ин паноҳҷӯ замоне кушта шуд, ки шоми 4-уми июл дар истгоҳи мошинҳои як маркази савдо қарор дошт.

Гумонбар дар қатли ӯ пас аз чанд соате 200 километр дуртар аз шаҳри Линтс боздошт шуд. Пулис ангезаҳои кушторро таҳқиқ дорад.

Рӯҳонӣ гуфт, касе ниқоби тиббӣ намепӯшад, аз хадамоти давлатӣ маҳрум хоҳад шуд

Ҳасани Рӯҳонӣ

Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон, гуфт, касе, ки ниқоби тиббӣ напӯшад, аз хадамоти давлатӣ маҳрум хоҳад шуд.

Вай афзуд, ҷойҳои корие, ки қоидаҳои беҳдоштиро риоя намекунанд, барои як ҳафта баста мемонанд.

Рӯҳонӣ ин суханонро рӯзи 4-уми июл ҳангоми эъломи қадамҳои баъдӣ барои муқобила бо коронавируси нав дар кишвараш баён кард.

Қарор аст, аз рӯзи якшанбе истифода аз ниқоби тиббӣ дар маконҳои умумӣ дар Эрон ҳатмӣ шавад.

Вазорати тандурустии Эрон мегӯяд, шумори ҷонбохтагон аз коронавирус дар он кишвар ба беш аз 11 ҳазору 400 тан расида, омори гирифторон ба тақрибан 238 ҳазор кас баробар шудааст.

Гумон меравад, ки омори воқеӣ ба маротиб бештар бошад.

COVID-19 дар Тоҷикистон. Чанд нафар бемор шуданд, фавтиданд ва шифо ёфтанд?

Дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон гирифтории 51 нафар ба коронавируси нав тасдиқ шудааст ва бо ин шумори умумии беморон рӯзи 4-уми июл ба 6159 нафар баробар шуд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, то ин дам 4809 кас ё беш аз 78 дар сади беморон шифо ёфта, 52 нафар ҷон бохтаанд.

Омори фавтидагон аз коронавируси нав дар Тоҷикистон аз 20-уми июн ба ин тараф бетағйир аст. Феҳрасти ғайрирасмии қурбониёни эҳтимоли коронавирус ва "илтиҳоби шуш" низ аз 14-уми июн иваз нашудааст. То он вақт номи беш аз 430 нафарро сабт карда буданд.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, тайи тақрибан се ҳафтаи ахир сирояти коронавирус ба сокинон кам шудааст.

Ҳоло дар кишвар маҳдудияти хосе вуҷуд надорад, аммо 4-уми июл бо ризояти президенти Тоҷикистон барои надоштани ниқоби тиббӣ, паҳн кардани бемориҳои хавфноки сироятӣ ва нашри "ахбори носаҳеҳ" дар бораи коронавируси нав ҷазову ҷарима таъин шуд.

Матолиби бештарро дар бораи коронавируси нав дар Тоҷикистон дар ин ҷо бихонед

Туркия 20 мақоми Саудиро барои қатли Хошуқҷӣ муҳокима мекунад

Ҷамол Хошуқҷӣ

Додгоҳе дар Туркия рӯзи 3-юми июл муҳокимаи 20 мақоми Арабистони Саудиро, ки гуфта мешавад дар қатли рӯзноманигор Ҷамол Хошуқҷӣ даст доштанд, оғоз кард.

Хошуқҷӣ аз мунтақидони Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ буд ва дар моҳи октябри соли 2018 дар консулгарии Саудӣ дар Истанбул кушта шуд.

Мақомҳои Арабистони Саудӣ иддао мекунанд, ки қатли Хошуқҷӣ кори дасти “як гурӯҳи худсар” буда, давлат онро иҷоза надодааст.

Дар айбномаи додситони Истанбул раиси собиқи идораи истихбороти Арабистони Саудӣ Аҳмад Ал-Асирӣ ва собиқ мушовири аршади шоҳзодаи Саудӣ – Сауд Ал-Қаҳтонӣ ба иқдоми “қатли тарҳрезишуда бо нияти шайтонӣ” муттаҳам шудаанд.

Ба гуфтаи додситонӣ, 18 муттаҳами дигар дар бӯғӣ кардани Хошуқҷӣ даст доштанд. Муттаҳамонро ғоибона муҳокима мекунанд.

Ҷамол Хошуқҷӣ бори охир замоне дида шуд, ки барои такмили санади издивоҷи худ ба консулгарии Арабистони Саудӣ дар Истанбул дохил шуд. Ҳеч осоре аз ҷасади ӯ наёфтанд.

Мақомоти Эрон гуфтанд, сабабҳои “ҳодиса”-и Натанзро фаҳмиданд

Шӯрои олии амнияти миллии Эрон хабар дод, ки сабабҳои “ҳодисае” дар муассисаи ҳастаии Натанз мушаххас шудааст.

Кайвон Хусравӣ, сухангӯи шӯро, 3-юми июл гуфт, ба далоили амниятӣ сабаби “ҳодиса” ва ҷузъиёти он ҳоло эълом намешавад. Аммо, ба қавли ӯ, “дар як замони муносиб дар ин бора маълумот дода хоҳад шуд”.

Беҳрӯзи Камолвандӣ, сухангӯи идораи энержии ҳастаии Эрон, гуфтааст, “ҳодиса” дар фазои кушод рух додааст. Ба гуфтаи вай, ҳарчанд ин рӯйдод олудагӣ эҷод накарда ва талафоти ҷонӣ надошт, хисороти моливу моддӣ ба бор овардааст.

Бузургтарин муассисаи ҳастаии Эрон дар шаҳри Натанз аст, ки аз Теҳрон 250 километр фосила дорад. Ин муассиса ба хотири ҳифозат аз ҳамлаҳои ҳавоӣ дар зери замин сохта шудааст.

Фаронса як узви ДОИШ-ро ба 30 соли зиндон маҳкум кард

Акс аз бойгонӣ

Додгоҳе дар Париж, маркази Фаронса, як узви гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ-ро ба 30 соли зиндон маҳкум кард. Тайлер Вилюсро ба иртикоби ҷиноят дар байни солҳои 2013-2015 дар Сурия гунаҳкор донистанд.

Ба қавли муфаттишон, Вилюси сисола ба дини ислом гаравида буд ва узвияти шохаи "Ал-Муҳоҷирин"-ро дошт. Ин гуруҳ бештар аз ҷангҷӯёни Қафқози Шимолӣ ва Осиёи Марказӣ таркиб ёфта, дар Сурия одамонро шиканҷа карда ва куштааст.

"Ал-Муҳоҷирин" соли 2015 аз баданаи гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ҷудо шуда, ба гуруҳи "Ан-Нусра" пайвастааст.

Дар яке аз видеоҳои нашршуда дар шабакаҳои таблиғотии ДОИШ дар соли 2015 Тайлер Вилюс ду метр дуртар аз маҳалли қатли асирон тасвир ёфтааст.

Ӯро соли 2015 дар Туркия дар роҳ ба сӯи Прага дастгир карданд. Ба қавли муфаттишон, вай ният доштааст ба Фаронса баргашта, амалиёти террористӣ анҷом диҳад.

Трамп дар суханронии бахшида ба рӯзи истиқлол аз тазоҳуроти ахир гуфт

Президент Доналд Трамп ҳангоми суханронӣ дар Кӯҳи Рушмор, 3-юми июли 2020

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, дар суханронии худ ба муносибати рӯзи истиқлоли ин кишвар аз он чи "маъракаи бераҳмона барои аз байн бурдани таърихи Амрико ва бадном кардани қаҳрамононаш" хонд, ба шиддат интиқод кард. 4-уми июл рӯзи истиқлоли Амрикост.

Трамп дар ишора ба тазоҳуроти ахир дар Иёлоти Муттаҳида гуфт, ҳадафи он нобудии арзишҳову таърихи Амрико аст, аммо ин суханон мавҷе аз интиқодҳоро ба ҳамроҳ доштааст.

Пас аз марги Ҷорҷ Флойд, марди амрикоии африқоитабор, шаҳрҳои мухталифи Амрико шоҳиди тазоҳуротти густарда буданд. Флойд 25-уми майи имсол ҳангоми боздошт шуданаш аз сӯйи пулис ҷон дод.

Дар ҷараёни тазоҳуроти алайҳи нажодпарастӣ, эътирозгарон ба чандин муҷассама ва ҷойҳои таърихӣ осеб расонданд. Бисёре аз ин муҷассамаҳо марбут ба даврони ғуломдорӣ дар Амрико буданд.

Дар Амрико рӯзи 4-уми июли соли 1776 Эъломияи мустақил шудан аз Бритониё имзо карда шуд.

Омори гирифторони коронавируси нав дар Амрико афзудааст

Амрико. Акс аз моҳи апрели имсол

Дар Иёлоти Муттаҳида дар се рӯзи гузашта беш аз 50 ҳазор кас ба коронавируси нав гирифтор шудаанд.

Афзоиши шумори беморон дар ҳолест, ки 4-уми июл рӯзи истиқлоли ин кишвар аст. Шаҳрвандони Амрико маъмулан бо сайру сафар ва баргузории маҳфилҳо аз ин рӯз таҷлил мекунанд.

Мақомҳои беҳдоштӣ аз мардум хостаанд, ки дар хона бимонанд. Дар чанд аёлат ҷараёни азсаргирии фаъолиятҳои иқтисодӣ ба таъхир гузошта шудааст.

Дар маҷмуъ, коронавирус ба тақрибан 2 миллиону 800 ҳазор кас дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико сироят карда, зиёда аз 129 ҳазор нафарро куштааст.

Заминларзаи 5-дараҷаӣ Тоҷикистонро такон дод

Рӯзи 4-уми июл (соати 14:53) заминларзаи сахт Тоҷикистонро такон дод. Ба иттилои идораҳои зилзилашиносии ҷаҳон, маркази заминларза дар 200-километрии шарқи Душанбе ва 50 километр дуртар аз минтақаи Рашт будааст. Маркази зилзиласанҷии Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон хабар дод, ки нирӯи заминларза дар маркази он 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 дараҷаи Рихтерро ташкил дод. Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст. Дар гузашта бар асари зилзила дар гӯшаҳои кишвар чандин хона вайрон шудааст.

Кай ва аз куҷо? Ҷадвали 13 парвози дигар аз Русия ба Тоҷикистон

Акс аз бойгонӣ

Мақомоти Тоҷикистон барои баргардондани муҳоҷирон аз Русия 13 парвози дигари чартерӣ ё ғайринақшавии ҳавопаймоҳоро тартиб додаанд, вале мегӯянд, парвозҳо баъди ба даст омадани ризояти Маскав анҷом хоҳад шуд.

Ин дар ҳолест, ки бино ба ҷадвали парвозҳои иловагӣ ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" бояд 4-уми июл муҳоҷиронро аз Маскав ба Душанбе биорад.

Пештар барои овардани муҳоҷирони тоҷик аз Русия ҳашт парвози ғайринақшавӣ ташкил карда буданд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон рӯзи шанбе гуфт, шумори талабгорони бозгашт ба ватан "ниҳоят зиёд аст" ва ба ин далел парвозҳои иловагиро ба нақша гирифтанд. Ба иттилои манбаъ, бартарӣ ба қишрҳои осебпазир, "пеш аз ҳама беморон, занону кӯдакони хурдсол, пиронсолон, донишҷӯён, инчунин шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Русия рафта буданд, дода мешавад".

Вазорат мегӯяд, муваққатан номнавис кардани шаҳрвандон дар бинои сафорат ва консулгариҳои генералии Тоҷикистон дар Русия қатъ шудааст. "Қабули аризаҳо ба воситаи почтаи электронии charter-russia@mfa.tj идома дорад", - гуфтанд дар вазорат.

Бархе аз муҳоҷирон раванди бозгашт аз Русия ба Тоҷикистонро "беназм" гуфтанд. Онҳо шикоят доранд, ки ба парвозҳои чартерӣ на афроди дармондаву пиру бемор, балки ба иддаои онҳо бештар ҷавонону шахсони солим роҳ меёбанд. Иддаое, ки мақомот бо он розӣ нестанд.

Ҷадвали пешниҳодии Тоҷикистон барои парвозҳои иловагӣ аз Русия:

  • 3 июли 2020 (баргашт субҳи 4 июл) бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 4 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Хуҷанд, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 7 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 9 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 11 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 16 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 18 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 20 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 22 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 24 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”;
  • 26 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Краснодар – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 28 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Тоҷик Эйр”;
  • 30 июли 2020 бо хатсайри Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати “Сомон Эйр”.

Вакилон ба истироҳат рафтанд. Танаффус дар кори порлумони Тоҷикистон

Ҷаласаи порлумон. 10-уми июни 2020

Вакилони Маҷлиси Намояндагон, палатаи поёнии порлумони Тоҷикистон, ба рухсатии меҳнатӣ рафтаанд. Мақомот мегӯянд, истироҳати намояндагони мардум аз 1-уми июл то 15-уми август идома хоҳад дошт.

Дар ин давра порлумон кор намекунад ва баррасиву қабули қонунҳо низ дар назар нест, вале дар сурати зарурат президенти Тоҷикистон ҳақ дорад, ҷаласаи ғайринавбатиро даъват кунад.

63 узви Маҷлиси Намояндагон дар панҷ сол як бор интихоб мешаванд. Интихоботи ахири порлумонӣ моҳи марти имсол баргузор шуд. Ба он аксаран намояндагони ҳизби ҳокими халқии демократӣ ва намояндагони ҳизбҳои ҷонибдори ҳукумат роҳ ёфтанд.

Ҳизби мухолифи сотсиал-демократи Тоҷикистон дар ин корзори сиёсӣ иштирок кард, вале ба қавли мақомот, ройи лозимро ба даст наовард. Раҳбарияти ҳизб мегӯянд, ройи ҷонибдоронашон “дуздида” шудааст.

Созмонҳову кишварҳои ғарбӣ интихоботи моҳи мартро олуда ба тақаллуб ва ношаффоф хонданд. Нозирони кишварҳои собиқи Шӯравӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой, созмони зери назари Чин, онро одилона тавсиф карданд.

Мақомот ва вакилони порлумон ҳамвора аз кори худ қаноатманданд ва ҳар сол аз баррасиву қабул шудани даҳҳо тарҳи қонун ва ислоҳҳо ба қонун хабар медиҳанд, вале баъзе аз сокинон шикоят мекунанд, ки вакилон мушкили аҳолиро дар маҷлис намебардоранд.

Сӯхтор дар таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб. ВИДЕО

Субҳи 4-уми июл болопӯши таваллудхонаи шаҳри Кӯлоб оташ гирифт. Занон ва навзодонро аз бино ба берун баровардаанд. Бино ба наворҳое, ки дастраси Радиои Озодӣ шуд, оташнишонҳо дар ҷойи ҳодиса ҳастанд ва талош доранд, сӯхторро хомӯш кунанд. Сабаби сӯхтор ҳанӯз дақиқ нест.

Дар Тоҷикистон дар як рӯз 50 кас аз коронавирус бемор шудаанд

Акс аз бойгонӣ

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, дар шабонарӯзи гузашта 50 кас ба коронавируси нав гирифтор шудаанд. Шумори умумии беморон то 3-юми июл ба 6108 нафар расид.

Мақомот мегӯянд, 4762 нафар ё тақрибан 78 дар сади беморон шифо ёфтаанд. Ба иттилои расмӣ, аз охири моҳи апрел, замони эътирофи мавҷудияти коронавируси нав дар Тоҷикистон, то ин дам 52 кас ҷон бохтаанд. Дар тақрибан ду ҳафтаи ахир фавти беморони COVID-19 сабт нашудааст.

Дар феҳрасти ғайрирасмӣ то нимаи дувуми моҳ июн номи беш аз 430 қурбонии эҳтимолии коронавируси нав ва илтиҳоби шушро тартиб додаанд, вале дар бештар аз ду ҳафтаи ахир дар ин рӯйхат низ иттилое ворид нашудааст.

Дар ҳоле ки Тоҷикистон аз кам шудани омори беморон хабар медиҳад ва маҳдудиятҳоро бардоштааст, Узбекистону Қазоқистон маҳдудиятҳоро барои пешгирӣ аз густариши беморӣ дубора сахттар мекунанд.

Жан Кастекс нахуствазири нави Фаронса шуд

Жан Кастекс - нахуствазири Фаронса

Жан Кастекс – собиқ муовини раиси маъмурияти президенти Фаронса ба мақоми нахуствазирӣ таъин шуд. Дар ин бора рӯзи 3 июл қасри президенти Фаронса хабар дод. Вазифаи асосии Кастекс мусоидат ба кишвар дар берун шудан аз паёмадҳои коронавирус мешавад. Рӯзи ҷумъа президент Эммануэл Макрон истеъфои ҳукумат ба раҳбарии нахуствазир Эдуард Филиппро қабул кард, ки аз соли 2017 дар ин вазифа кор кардааст. Тағйироти мазкур пешгӯишаванда буд. Худи Макрон, ки то анҷоми мӯҳлати президентиаш ду соли дигар мондааст, қаблан дар мусоҳиба бо «Радиои байналмилалии Фаронса» гуфт, ки «тими нав ташкил мешавад». Як сабабаш паёмадҳои пандемияи коронавирус мебошад. Бархе пешбиниҳо ин аст, ки президент дар талоши тақвияти сиёсати иҷтимоӣ буда, ба пуштибонии соҳаи бизнес нигаронида шудаааст.

Конститутсияи навшдудаи Русия 4 июл ба ҳукми иҷро медарояд

Элла Памфилова, раиси Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия гуфт, ки қонуншиканиҳо дар овоздиҳӣ "хеле кам буд"

Конститутсияи навшудаи Русия, ки дар қатори дигар тағйирот ҳеҷ шудани мӯҳлати президентии Владимир Путин ва роҳи ӯ ба ду интихоботи дигарро боз мекунад, рӯзи 4 июл ба иҷро медарояд. Дар ин замина рӯзи 3 июл қарори нави Путин имзо шуд. Қабл аз ин Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия натиҷаҳои ниҳоии референдумро бар асоси протоколи ниҳоӣ тасдиқ кард. Зери протокол ҳама аъзои комиссиюни интихоботӣ якдилона имзо гузоштанд. Бар асоси ин санад, ҳузури раъйдиҳандагон дар овоздиҳии 25 июн то 1 июл 68 дарсадро ташкил додааст.

Дар протоколи расмӣ омадааст, ки аз ин ҳисоб наздики 78 дарсад гуфтаанд, ки тарафдори тағйироти конститутсионӣ ва беш аз 21 дарсад мухолиф мебошанд. Бархе аъзои комиссиюн дар ҷаласа гуфтанд, ки дар овоздиҳӣ “амалҳои таҳрикомез” ва талошҳои беобрӯ кардани ин маърака дида шуд, вале ин талошҳо “бенатиҷа анҷомид”. Аъзои комиссиюни интихоботӣ таъкид мекунанд, ки овоздиҳӣ одилона баргузор шуд ва раиси он Элла Памфилова гуфт, ки қонуншиканиҳо “хеле кам буд”.

Вале нозирони бетараф ва созмонҳои мухолифон назари дигар доранд ва мегӯянд, ки овоздиҳӣ бо қонуншиканиҳову тақаллуб ба ҳамроҳ гузашт.

Ёфтҳои бештар

XS
SM
MD
LG