Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Кишти пиёзро вайрон карда, дастур доданд, ки картошка корам". ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ.

Кишоварзон аз ноҳияи Нуробод шикоят доранд, ки мақомот полезиҳои дубора киштаашонро решакан намуда, талаб доранд дар ҳама ҷо танҳо картошка коранд. Деҳқонон мегӯянд, дар қатори картошка бояд дигар полезиҳоро низ кишт кунанд, чун хӯрок танҳо аз картошка иборат нест. Аммо мақомот исрор меварзанд, ки дигар анвои полезиҳо дар кишвар ба қадри кофӣ кишта шудааст ва дар боқӣ заминҳо бояд картошка парвариш шавад.

Ойимгул, зани кишоварзе аз деҳи Сари қоши ноҳияи Нуробод бо ирсоли як пора видео ба Радиои Озодӣ аст арз кард, ки бо дастури раиси ин ноҳия қисме аз замини полезие, ки ӯ бо сад заҳмат пиёз кишта буд, вайрон шуда, лундаҳои пиёзҳоро канда партофтаанд.

Ӯ мегӯяд, "мақомот аз номи президент дастур доданд, ки замини гандумро вайрон карда, картошка кишт кунед. Гандум қариб дон пур карда буд, мо сухани президентро нашикаста, ба қисми замин картошка ва ба қисми дигар пиёзу дигар полезиҳо шинондем. Аммо бо дастури Ҳасан Дӯстов, раиси ноҳия омода полези пиёзро канда партофтаанд. Магар танҳо бо картошка зиндагӣ мешавад?".

"Кишти пиёзро вайрон карда, дастур доданд, ки картошка корам"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:46 0:00

Ин кишоварз мегӯяд, дар баробари картошка, лубиё, ҷавҳарӣ ва пиёз низ кошт, то рангорангии хӯрок таъмин шавад, аммо раиси ноҳия ба хонандагони мактаб дастур додааст ва онҳо пиёзу лубиёро канда партофтанд.

Мақомоти ноҳияи Нуробод мегӯянд, полези касеро вайрон накардаанд, танҳо аз кишоварзон хостанд бо назардошти вазъияти ба амаломада кишти картошкаро бештар кунанд ва ягон порча заминро холӣ нагузоранд.

Мақомот: Тоҷикон аз меъёр бештар картошка мехуранд

Фарух Набиев, роҳбари Раёсати растанипарварии Вазорати кишвоварзии Тоҷикистон мегӯяд, ба хотири баста шудани марзҳо ва қатъи вориди маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, кишти ин зироат дар Тоҷикистон имсол 40 дарсад бештар ба нақша гирифта шуд.

Набиев гуфт, мувофиқи дурнамо кишти картошка дар оғози мавсим 40 фоиз ва дар кишти такрорӣ 60 дарсад, бояд бештар карда шавад.

Дар посух ба суоли он, ки чаро мақомот дар навоҳи полези кишоварзонро вайрон карда, онҳоро маҷбур доранд, ки картошка коранд, Набиев гуфт: "талаботи мо ба картошка зиёд аст, аз хориҷа ворид мекунем. Пиёз баръакс аз талаботи дохилӣ бештар аст, соле то 200 ҳазор тонна содирот мекунем. Картошка воридотӣ аст, аммо бинобар густариши короновирус сарҳад баста аст, бинобар ин мо истеҳсоли картошкаро бояд зиёд кунем".

Мақомот мегӯянд, ҳосиле ки ҳар сол аз майдонҳои картошка ба даст меояд, аз рӯи меъёри 92 килограм бар сари як нафар дар сол барои аҳолии Тоҷикистон кофӣ аст. Аммо ба гуфтаи мақомот, сокинон дар Тоҷикистон аз меъёри байналмилалии пазируфта шуда бештар картошка истеъмол мекунанд.

"Бинобар меъёрҳои эътирофшуда ва таҳлили Вазорати рушди иқтисод як нафар соле бояд 92 килограмм картошка истеъмол кунад. Аз рӯи ин меъёр картошкае, ки истеҳсол мешавад, бояд расад. Аммо мардуми мо аз меъёр бештар картошка истеъмол мекунанд",- мегӯяд Набиев.

Бинобар меъёри истеъмолӣ талаботи солонаи Тоҷикистон ба картошка андаке беш аз 800 ҳазор тонна аст. Чун истеъмоли картошка дар Тоҷикистон аз меъёр зиёд аст, кишвар соле ба 1 миллиону 300 ҳазор тонна картошка ниёз дорад.

Ин аст, ки кишвар ҳар сол аз 500 то 600 ҳазор тонна картошкаро аз хориҷа, умдатан аз Покистон ворид мекунад.

Аммо ҳоло бинобар хуруҷи вирус марзҳо баста аст ва картошка аз Покистон ворид намешавад ва маълум ҳам нест ин кор кай дубора имконпазир мегардад.

Хоҷагиҳои кишоварзӣ ҳар сол дар Тоҷикистон ҳудуди 33 ҳазор гектарро картошка кишт мекарданд. Имсол бинобар дурнамои Вазорати кишоварзӣ қарор аст дар майдони беш аз 39 ҳазор гектар картошка кишт шавад.

Набиев мегӯяд, бо назардошти кишти такрорӣ ва заминҳои хусусии сокинон, майдони кишти картошка имсол бояд ба беш аз 72 ҳазор гектар расад. Ба таъкиди мақомот, ҳосиле ки аз ин майдон ба даст меояд қарор аст талаботи аҳолиро то мавсими нави ҳосил бояд қонеъ созад.

Аҳмад Беғамов, кишоварзи таҷрибадор мегӯяд, дар сурати ба маротиб афзоиш додани кишти як зироат, аз ҷумла картошка таносуби полезиҳо вайрон мешавад ва дар натиҷа "ҳосили як маҳсулот аз талабот дида бештар мешаваду нархаш арзон ва деҳқонон аз заҳмати кашидаашон на фоида, балки зарар мебинанд ва аз кори кишоварзӣ дилсард хоҳанд шуд".

Порлумони Тоҷикистон ҳанӯз соли 1992- замони роҳбарии Сафаралӣ Кенҷаев қонун "Дар бораи ислоҳоти замин"-ро қабул кардаст, ки мувофиқи он кишоварзон "дар интихоби ихтиёрии шакли заминдорӣ, заминистифодабарӣ" озоданд.

Ҳамсӯҳбати Радиои Озодӣ мегӯяд, Тоҷикистон расман эълон кардааст, деҳқонон дар интихоб ва кишти зироат озоданд, аммо боз ҳам дар оғози мавсим мақомот деҳқононро маҷбур мекунанд, ки ин ё он зироатро кишт кунанд, ки на ҳамеша барои деҳқон фоидаи молӣ меорад.

Беғамов мегӯяд, деҳқон бояд дар интихоби кишти зироатҳо озод бошад ва бо назардошти талаботи бозор тасмим бигирад, ки дар заминаш имсол чӣ корад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (43)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG