Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

80% табибони рус ба омори расмӣ дар бораи қурбониёни КОВИД-19 бовар надоранд


Яке аз бемористонҳои шаҳри Маскав. 23 май, 2020.

Тақрибан 80 дарсади табибони Русия ба омори расмӣ дар робита ба фавт аз бемории COVID-19 дар ин кишвар эътимод надоранд. Ин матлаб дар пайи назарсанҷие, ки аз сӯйи RNC Pharma ва "Доктор на работе" анҷом шуда, рӯзномаи "Медисинский вестник" онро нашр кард, эълон шуд.

Шастуяк дарсади пизишкони пурсидашуда гуфтаанд, ки ба дурустии омори расмии фавтидагон аз коронавирус шубҳа доранд. 17 дарсади дигар изҳор доштаанд, ки омодаи тасдиқи мавориди сӯйистифодаи рақамҳои оморӣ ва бемориҳо ҳастанд. 8 дарсади пизишкон бар ин назаранд, ки феълан ниёзе ба тақаллуб дар омор вуҷуд надорад, аммо замоне, ки теъдоди қурбониён аз коронавирус афзоиш меёбад, сӯистифода аз рақамҳо оғоз мешавад. Танҳо 9 дарсади пурсидашудагон ба омори расмӣ комилан эътимод доштаанд.

"Медисинский вестник" аз Вазорати тандурустии Русия хоҳиш кардааст, ки натоиҷи ҳамапурсиро шарҳ диҳад. Омори расмиро пажӯҳишгароне, ки ба нокомил, носаҳеҳ ва қисман тақаллубӣ будани он шубҳа мекарданд, мавриди интиқод қарор дода буданд. Мақомоти Русия инро радд мекунанд.

Пештар, нашрияи "Медиазона" ҳисоб карда буд, ки дар Русия аз сироятёбӣ ба коронавирус дастикам 186 корманди тиб ҷон бохтаанд. Теъдоди дарсадии фавтидагони кормандони тибб дар муқоиса бо кишварҳои дигаре, ки бо ин бемории ҳамагир дасту панҷа нарм мекунанд, бамаротиб бештар аст.

Дар моҳи май рӯзномаи бритониёии The Financial Times ва нашрияи амрикоии The New York Times дар бораи теъдоди фавтидагон аз коронавирус дар Москва ва Санкт-Петербург матлабҳое нашр карданд. Ба бовари ин нашрияҳо, теъдоди воқеии фавтидагон аз ин беморӣ дар муқоиса бо омори расмӣ метавонад 70 дарсад бештар бошад.

Вазорати корҳои хориҷии Руси чопи ин матлабҳоро "беасос" ва "ҳангомаи навбатии беасоси зиддирусӣ" номида, талаб кард, ки ин нашрияҳо раддия чоп кунанд.

То 27-уми май дар Русия 370 680 мавриди гирифторӣ ба коронавирус ошкор шудааст. Аз ин теъдод 3968 нафар фавтида, 142 208 бемор шифо ёфтаанд.

Шарҳҳоро бинед (3)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG