Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тобути Ҳоҷимуродро аз Русия меоранд. Донишҷӯи тоҷик кӯдакро наҷот доду худ ғарқ шуд. ВИДЕО


Ҳоҷимурод Қаландаров

Мақомоти Ҷумҳурии Бошқирдистон ба мардуми тоҷик ва хонаводаи Ҳоҷимурод Қаландаров, ки ҳангоми наҷоти кӯдаки дар об ғарқшуда ҷони худро аз даст дод, изҳори таслият карданд. Муовини нахуствазири Бошқирдистон Фанур Ягафаров рӯзи 9-уми июн дар посухи хаттӣ ба Радиои Озодӣ навишт:

"Мо, пеш аз ҳама, ба наздикону азизони Ҳоҷимурод Қаландаров изҳори ҳамдардӣ мекунем. Бояд тамоми саҳнаи фоҷиаро таҳқиқ бикунем ва мақомоти тафтишот бо ин кор машғуланд. Вале аз ҳоло мешавад гуфт, инсонеро аз даст додем, ки раҳмдил асту нисбат ба тақдири дигарон бефарқ нест".

Ҳодиса 7-уми июн дар дарёи "Белая" дар шаҳри Уфа рух дод. Ҳоҷимурод Қаландаров ва яке аз дӯстонаш барои истироҳат ба лаби дарё рафта, шоҳиди ба об афтодани ду кӯдак шуданд. Ҳарду худро ба об андохта, кӯдаконро то соҳил оварданд, вале Ҳоҷимурод аз об берун баромада натавонист. Маҷрои об ҷавони тоҷикро бо худ бурд. Ҷасади донишҷӯи соли аввали Донишгоҳи кишоварзии Бошқирдистон Ҳоҷимурод Қаландаровро баъди чанд соат пайдо карданд.

Ҳоҷимурод Қаландаров
Ҳоҷимурод Қаландаров

Фанур Ягафаров гуфт, ҳукумати Бошқирдистон дар ҳамкорӣ бо консулгарии генералии Тоҷикистон ва маркази фарҳангии тоҷикон дар Уфа роҳҳои ба Тоҷикистон фиристодани ҷасадро андеша дорад.

Сафири Тоҷикистон дар Маскав Имомуддин Сатторов дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "ин як қаҳрамонӣ аз ҷониби ҷавони тоҷик буд, ки як кӯдаки бошқирд - як кӯдаки русро наҷот дод".

Ба иттилои Сатторов, ҳоло роҳҳои ҳарчи зудтар ба Тоҷикистон фиристодани ҷасад баррасӣ мешавад: "Ҳоло муайян нест, ки кай парвозҳо шурӯъ мешавад, чӣ парвозҳои махсус ва чӣ маъмулӣ. Мо ба хулосае омадем, ки интизори парвозҳо намешавем ва бо роҳи заминӣ, бо микроавтобуси махсусе, ки яхдон дорад, мефиристем. Ҳоло ВКХ-и Тоҷикистон талош дорад, аз Қазоқистон ва Узбекистон иҷозати гузаштан аз қаламрави онҳоро бигирад. Умедворам, имрӯз ё фардо иҷозатро мегирем. Консули генералии Тоҷикистон дар Уфа машғули ин кор аст".

Бо сабаби пандемияи коронавирус аз миёнаҳои март дар Русияву Қазоқистону Узбекистон марзҳо баста ва парвозҳои маъмулӣ қатъ шудаанд, ҳама гуна парвозҳо ба самти Тоҷикистон ба таври истисноӣ ва бо иҷозаи тарафҳо сурат мегирад. Роҳи заминӣ аз Уфа ба Душанбе 2700 километр аст ва 37 соат тӯл мекашад.

Ҳамин фосиларо соле пеш Ҳоҷимурод Қаландаров тай карда, бо умед донишҷӯи факултаи механикии донишгоҳ шуд. Декани факултаи механикӣ Илҳом (Илгам) Масалимов мегӯяд, "ёде аз ҷавони шуҷоъ барои ҳамеша дар қалбҳои мо нақш мебандад". Масалимов дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Уфа гуфт, дар факултаи механикӣ нӯҳ ҷавони тоҷик мехонанд ва яке аз онҳо Ҳоҷимурод буд, ки "таҳсили хуб дошту ахлоқи ҳамида, имтиҳонҳои зимистонаро супурда буд ва ҳеч гоҳ аз дарс бесабаб дер намемонд".

Ба гуфтаи декан, Ҳоҷимурод дар назди устоди маъруфи гӯштӣ Пегов В.А. машқи самбову ҷудо мекард ва, инчунин, дар дастаи ҳунарии хори донишгоҳ овозхонӣ мекард.

"Барои мо талафоти бузург аст. Ҳоҷимурод дар миёни донишҷӯён як пешво буд. Чунин ҷавонҳоро “намаки замин” меноманд. Ӯ воқеан ҳам як намуна буд… Бояд таъкид кунем, ки новобаста ба миллат ва мазҳаб дидем, ки ҷавон аз чизе натарсида, худро ба об андохту ду кӯдакро аз ғарқшавӣ наҷот дод. Ин намунаи хидмат ба инсоният аст. Мо ҳатман дар сатҳи факултаву донишгоҳ талош мекунем коре ба хотири гиромидошти ӯ анҷом бидиҳем", - афзуд ӯ.

Хонаводаи тоҷик ғамзада шуд

Хонаводаи Ҳоҷимурод Қаландаров, донишҷӯи Донишгоҳи кишоварзии Бошқирдистон, ки ҳангоми наҷоти се кӯдак дар рӯдхонаи “Белая” ғарқ шуд, дар шаҳраки Ганҷободи ноҳияи Рӯдакӣ мотам доранд.

Саидакбар Қаландаров, падари Ҳоҷимурод Қаландаров, рӯзи 9-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, мақомоти баландпояи Бошқирдистон ва донишгоҳе, ки писараш таҳсил мекард, бо ӯ сӯҳбат карданд. "Раҳмат гуфтанд ва писарамро таъриф карданд. Гуфтанд, ки чӣ кумак кунем. Гуфтам, ҳеч кумак лозим нест, фақат ҷасади писарамро биоред, тамом", - гуфт ӯ.

Ҳоҷимурод се соат пеш аз марг бо падараш видеоӣ суҳбат доштааст. Дар охирин сӯҳбат гуфта будааст, ки агар роҳҳо боз шавад, барои таътили тобистона ба ватан бармегардад.

Ҳоҷимурод Қаландаров
Ҳоҷимурод Қаландаров

Саидакбар Қаландаров мегӯяд, писараш соли 2019 барои дохил шудан ба Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон ва Бошқирдистон ҳуҷҷат супорида буд. Аз имтиҳони ҳарду донишгоҳ гузашт, вале барои таҳсил Бошқирдистонро интихоб кард. "Дарди аз даст додани писар хеле сахт аст. Ҳоло фақат хабарҳоеро, ки ӯро барои наҷот додани кӯдакон таъриф мекунанд, мехонам ва камтар таскин меёбам", - афзуд ӯ.

Касе саҳнаи ғарқ шуданро надидааст

Ҷаҳонгир Абдулхайров, муҳоҷири 19-солаи тоҷик он рӯз ҳамроҳ бо Ҳоҷимурод ба соҳили рӯди “Белая” рафта, якҷо ду кӯдаки ғарқшударо наҷот доданд.

Ҷаҳонгир дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, дар соҳили рӯд истироҳат доштанд, ки садои “Наҷот диҳед!”-и ду кӯдаки тақрибан 10-12 соларо шуниданд. Дар соҳил тақрибан 250 нафар ҳузур доштааст, вале ба гуфтаи Ҷаҳонгир, "касе ҷуръати дохили об шудан надошт".

"Бо Ҳоҷимурод дохили об шудем. Кӯдаконро аз байни об, ки чуқуриаш аз 10 метр зиёд аст, ба соҳил овардем. Ӯ кӯдакро то се метр мондан ба соҳил бардошта овард. Аз ин ҷо дигар кӯдак бо қувваи худаш берун шуд. Ман бори охир ӯро дар ҳамин се метр мондан ба соҳил дидам", - нақл кард Ҷаҳонгир.

Ин ҷавон мегӯяд, чун лаби соҳил пур аз одам буд, фикр кард, ки Ҳоҷимурод он ҷост. Бо гузашти як соат ӯро он ҷо пайдо намекунад ва баъдан ба дигар дӯстону наздиконаш хабар медиҳад.

Самиҷон Ризвонов, аз наздикони Ҳоҷимурод, ки фавран ба ҷойи ҳодиса омдааст, мегӯяд, чун касе шоҳиди ғарқ шудани ӯ набуд, онҳо бештар гирду атроф ва шуъбаи пулисро ҷустуҷӯ карданд. Ӯ гуфт, то охир умед доштанд, ки ғарқ нашудааст. Баъдан, ғаввосон ӯро аз ҳамон ҷое, ки Ҷаҳонгир бори охир дида буд, каме поёнтар аз чуқурии 10 метр пайдо кардаанд.

"Дар 20 дақиқа ҷасадро ёфтанд ва як чиз сахт расид, ки ҷасадро гузоштанду рафтанд. Дигар мо худамон гирифта, ба сардхона бурдем. Агар ягон рус мешуд, чунин муносибат мекарданд?", - гуфт Самиҷон Ризвонов.

Ин ҷавон гуфт, фардо ҷасади Ҳоҷимуродро барои интиқол ба Тоҷикистон аз Уфа ба Маскав мебаранд.

Азизода Азим, ҳамсинф ва ҳамсабақи донишгоҳии Ҳоҷимурод мегӯяд, зоҳиран дар оби сард пойҳояш шах шудаанд ва ӯ натавонистааст ҳаракат кунад. Чун ба гуфтаи ӯ, "Ҳоҷимурод шиновари хуб буд".

Ҳар сол ба Русия аз Тоҷикистон на камтар аз чор ҳазор донишҷӯ барои таҳсил мераванд ва Ҳоҷимурод Қаландаров ҳам яке аз онҳо буд, ки дар як корнамоӣ ҷонашро аз даст дод.

Дар бораи ҷасорати шаҳрвандони Тоҷикистон дар Русия, ки солҳои истиқлол ин кишварро макони муҳоҷирати кории худ интихоб кардаанд, дар гузашта ҳам хабарҳо нашр шудааст. Моҳи ноябри соли 2019 дар Шӯрои федератсияи Русия навраси 11-солаи тоҷик Бахтиёр Усмоновро, ки тобистони он сол дар вилояти Хабаровски Русия дӯсти русашро аз дохили чоҳи оби ҷӯш наҷот дод, бо медали "Барои ҷасорат" қадрдонӣ карданд. Ҳодисаи маъруфи дигар ба қаҳрамонии Собир Хаспаллаев рабт дорад. Вай 5-уми декабри соли 2017 шоҳиди ба дарё рафтани мошини сабукраве шуд ва зиёд фикр накарда, худро ба дарё андохту ронандаи ин мошинро, ки зан будааст, аз мурдан наҷот дод.

Фарзон Салимов, зодаи Тоҷикистон ва шаҳрванди Русия, ки моҳи марти соли 2018 барои наҷоти даҳҳо нафар аз сӯхторе дар маркази тиҷоратии "Зимняя вишня"-и Кемерово кумак кард, низ қадрдонӣ шуд. Айни замон бархе аз муҳоҷирон аз он нигаронанд, ки баъзе аз корнамоиҳои онҳо дида ва қадрдонӣ намешавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (17)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG