Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

1701 корманди тиб дар Тоҷикистон ба бемории ҳамагир мубтало шудаанд


Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон рӯзи 9-уми июн гузоришеро дар бораи вазъияти вобаста ба СOVID-19 дар кишвар нашр кард.

Дафтари намояндагии Созмони Милали Муттаҳид дар Тоҷикистон дар арёзбии ҳафтаинаи худ бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ гуфтааст, аз замони паҳншавии бемории ҳамагир 1701 корманди тиб (619 пизишк ва 548 ҳамшираи шафқат) ба коронавируси нав мубтало шудаанд. Сабаби асосӣ "камбуди таҳҷизоти муҳофизати шахсӣ, ба вижа дар рӯзҳои аввали паҳншавии беморӣ" гуфта шудааст. ​

Мақомоти Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел аз мавридҳои нахустини гирифторӣ ба коронавируси нав дар кишвар хабар доданд, вале гузоришҳои мустақил мегӯянд, "беморӣ ҳанӯз моҳи март паҳн шуда буд".

Дар гузориши нави Дафтари намояндагии СММ вазъи бемории ҳамагир дар Тоҷикистон то 8-уми июн баррасӣ шудааст. Тибқи гузориш, Тоҷикистон дар ҳафтаи шашуми паҳншавии беморӣ қарор дорад ва мавридҳои гирифторӣ ба коронавирус 11 дарсад афзоиш ёфта, ҳудуди 60 дарсади беморон шифо ёфтаанд.

Дафтари намояндагии СММ зарфияти тестҳо дар кишварро рӯзона 450-500 намуна гуфтааст, ки тавассути шаш озмоишгоҳ дар Душанбе (аз ҷумла як озмоишгоҳи хусусӣ) ва се ташхисгоҳи дигар дар Бохтару Хуҷанд ва Кӯлоб анҷом мешаванд.

Гузориш бо такя ба маълумоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, дар маҷмуъ 81 бемористон ва осоишгоҳ дар саросари кишвар барои карантин ва табобати беморони COVID-19 бо зарфияти 8006 тахти хоб вуҷуд дорад.

Рӯзи 6-уми июн тими фаврии тиббӣ аз Лаҳистон (иборат аз 16 мутахассис) ҳамроҳ бо се коршиноси Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон расиданд. Интизор меравад, мутахассисони лаҳистонӣ бо ҳадафи кумак ба муассисаҳои тиббӣ ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон сафар кунанд. Гурӯҳи аввали мутахассисон рӯзи 9-уми июн ба Бадахшон рафтаанд.

Дар назар аст, дар ҳафтаҳои оянда тимҳои фаврии мутахассисони тиббӣ ва озмоишгоҳӣ аз Русия ва Бритониё ба Тоҷикистон биоянд.

Гузориши СММ мегӯяд, дар ҳоли ҳозир дар Тоҷикистон бозорҳои либосфурӯшӣ, марказҳои савдо, толорҳои ороишӣ, осоишгоҳҳо, тарабхонаҳо бинобар паҳншавии COVID-19 муваққатан баста мебошанд.

Шаҳрдории Душанбе ахиран эълон кард, ки бо риояи муқаррароти беҳдоштӣ, фаъолияти ин маконҳо аз рӯзи 15-уми июн аз сар гирифта мешавад.

Намояндагии СММ гуфтааст, дар низоми рафтуо миёни минтақаҳои кишвар ва ҳамин тавр ба хориҷ ҳеч тағйироте ба миён наомадааст. Дар Суғд ва Бадахшон сокинон ба таври қатъӣ тавсия дода шудаанд, ки аз сафарҳои бе зарурат бо нақлиёти шахсӣ худдорӣ кунанд. Фурудгоҳҳо ҳанӯз баста ҳастанд, дар ҳоле ки роҳи оҳан барои боркашонӣ боз мебошад. Чанд парвози чартерӣ аз Амрико, Кувайт ва Русия барои баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон ба кишвар анҷом шудааст.

Ин гузориш дар ҳоле нашр мешавад, ки қаблан вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода гуфта буд, Тоҷикистон дар миёнаҳои моҳи май авҷи бемориро сипарӣ кард ва 15-уми май ба ин тараф ҳолатҳои гирифторӣ ба ин беморӣ рӯ ба коҳиш аст.

Ҳамакнун мақомот омодагӣ доранд, ки маҳдудиятҳои ҷоришударо коҳиш дода, ба бозору марказҳои хизматрасонӣ иҷозаи фаъолият диҳанд.

Дар ҳоле ки мақомоти тоҷик шумораи қурбониёни СOVID-19-ро 48 нафар мегӯянд, тибқи омори ғайрирасмӣ то кунун ҳудуди 420 нафар дар кишвар бар асари ин беморӣ ва ҳамчунин илтиҳоби шуш ҷон бохтаанд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 9-уми июн эълон кард, ки дар умум дар кишвар 4690 нафар ба ин беморӣ гирифтор шуда, 48 нафар фавтидааст. Дафтари матбуоти вазорати тандурустӣ гуфт, аз замони эълони сирояти беморӣ 2815 нафар ё 60 дарсади беморон шифо ёфтанд.

Мутахассисон ва теъдоди зиёде аз мардум ба дурустии омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад.

Дар саросари ҷаҳон теъдоди беморони COVID-19 аз 7 миллион нафар бештар шудааст ва шумораи фавтидагон аз 402 ҳазор нафар гузашт. Омори мазкурро Донишгоҳи Ҷон Ҳопкинс дар Амрико ҷамъ меорад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG