Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъват ва тафтиш. Чаро рӯзноманигорони тоҷик нигаронанд?


Рӯзноманигорони тоҷик ҳангоми суҳбат бо раиси ноҳияи Хуросон
Рӯзноманигорони тоҷик ҳангоми суҳбат бо раиси ноҳияи Хуросон

Пас аз сафари дастаҷамъона ба ноҳияи Хуросон дар пасманзари латукӯб шудани корманди "Азия-Плюс" Абдулло Ғурбатӣ ва нашри чанд матлаб бо ҳимоят аз озодии матбуот чанде аз рӯзноманигорони Тоҷикистон ба ниҳодҳои интизомӣ ва амниятӣ даъват ва ҳадафи "суҳбати дӯстона" қарор гирифтаанд.

Худи даъватшудагон аз додани ҳама гуна ҷузъиёт дар ин бора худдорӣ карданд, вале манобеи дигар гуфтанд, ин вохӯриҳо бо ҳадафи "ором кардан"-и журналистон ба вуқуъ пайвастаанд. Намояндагони бархе аз мақомоти даъваткунанда баргузории ин суҳбатҳоро комилан рад мекунанд.

"Мақомот аз ин ҳамраъйии хабарнигорон дар ташвиш афтодаанд ва шояд талош мекунанд, ки чунин ташаббусҳо дар оянда такрор нашаванд", -- гуфт як ҳамсуҳбати мо, ки аз вокунишҳои ҷомеаи журналистии Тоҷикистон ба даъватҳои ғайримунтазира огоҳӣ дорад.

Вай афзуд: "Даъватшудаҳо, ки на як ё ду нафаранд, паёмро шунидаанд, бо ҳампешагон муҳокима карданд. Онҳо мегӯянд, нигарониҳоро дарк мекунанд, вале ҳамраъйӣ ва ҳамгироӣ ба он бастагӣ хоҳад дошт, ки мақомот дар ҳифзи ҳуқуқу амнияти журналистон низ пайгир бошанд ва бар сари сабаб чораандешӣ кунанд, на натиҷа ва амалкарди ояндаи онҳо ба риояти ҳамин тавозун марбут хоҳад буд".

Дар ҳамин ҳол, чанд нашрия аз ҷумла "Азия-Плюс", "Вечерка" ва "Фараж" аз мақомоти андоз огоҳинома гирифтаанд, ки нозирон ба зудӣ тафтиши андозсупорӣ ва куллан фаъолиятҳои молиявии онҳоро шуруъ мекунанд. Чанде аз хабарнигороне, ки бо Радиои Озодӣ ҳамсуҳбат шуданд, мегӯянд, ин ҳама амалкарди мақомот ҳамоҳангшуда аст ва аз оғози як маъракаи фишор ба хабарнигорон ва расонаҳои мустақил гувоҳӣ медиҳад.

Дар суҳбати худмонӣ нозири андоз ба молики яке аз нашрияҳо гуфтааст, дастури тафтиши нашрияҳоро аз Кумитаи давлатии амнияти миллӣ додаанд, аммо мақомоти Кумитаи андоз ин иддаоро рад мекунанд.

Рӯзи 17-уми июн дар Раёсати андози шаҳри Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, огоҳинома ба нашрияҳо дар доираи санҷишҳои нақшавӣ сурат мегирад ва нозирон барои "гузаронидани санҷиши нақшавии маҷмӯии андоз ба идора огоҳинома фиристодаанд".

Мақомот мегӯянд, ин як санҷиши маъмулӣ аст ва ҷое барои шакку гумон нест.

Аммо таҳлилгар Абдумалик Қодиров афзоиши фишор болои хабарнигорон ва расонаҳоро ба ду омил рабт дод: "Нахуст муттаҳид шудани хабарнигорон дар қазияи латукӯби Абдулло Ғурбатӣ, журналисти "Азия-Плюс" дар Хуросон, ки Вазорати корҳои дохилиро ба ақибнишинӣ водор кард. Дувум наздик шудани интихоботи президентӣ дар Тоҷикистон."

Ҳамсуҳбати мо мегӯяд, якбора ба чанд нашрия фиристодани огоҳиномаи санҷиши андоз ва ба мақомоти қудратӣ даъват шудани хабарнигорон тасодуфӣ не, балки "як навъ посухи мақомот ба муттаҳидиву сахткӯшии журналистон" аст.

"Журналистонеро, ки озод менависанду озод гап мезананд, ба мақомот даъват карда, ишора карда истодаанд, ки аз ҳад нагузаронед. Фикр мекунам, ин маърака бо ҳамин анҷом намеёбад, фишор идома хоҳад кард, бештару сахттар мешавад ва то гузаштани интихобот давом хоҳад ёфт. Дар ин маврид хеле муҳим аст, расона ва журналистон дар паҳлуи онҳое бошанд, ки зери фишор ҳастанд. Ҳама дар якҷоягӣ ба ин фишорҳо муқобила кунанд", - гуфт ӯ.

Қодиров афзуд, хабарнигорон, расонаҳо ва созмонҳои журналистиро месазад, ки якҷо ба сафоратҳои мустақар дар Тоҷикистон ва созмонҳое, ки ба кишвар кумакҳои молӣ медиҳанд, нома навишта, хоҳиш кунанд, то пеш аз додани ҳар гранту кумаке ба Тоҷикистон дар назди ҳукумат шарт гузоранд, ки озодии баёнро муроот кунад.

"То кунун ҳукумат домони донорҳоро бо чормағзи пуч пур карда, уҳдадориҳояшро дар робита ба озодии сухан риоя намекунад ва онҳо низ ба ин чашм мепӯшанд. Бино бар ин, донорҳо қабл аз пул додан, на ин ки хоҳиш, балки аз ҳукумат талаб кунанд, ки қоидаҳои бозиро риоя кунад. Онҳо эҳтимол фишор рӯи расонаҳо кам шавад", - иброз дошт Абдумалик Қодиров.

Шуморе аз хабарнигорон низ аз рукуди озодии баён дар Тоҷикистон ва тоқатфарсо шудани пешаи журналистӣ дар кишвар изҳори нигаронӣ мекунанд.

Гулнора Амиршоева, сардабири нашрияи “Вечерка”, дар як назарсанҷии Анҷумани миллии расонаҳои мустақили Тоҷикистон (НАНСМИТ) дар посух ба суоли он ки "фишорҳои равониву ҷисмӣ ба хабарнигорон ба ояндаи журналистика асар хоҳанд дошт?" гуфтааст: “Бале, таъсир дорад, шавқи кор гум мешавад. Журналистон тарки пеша хоҳанд кард."

Набӣ Юсупов, роҳбари созмони “Медиоконсалтинг”, дар ин назарсанҷӣ гуфтааст, журналистон худро бе ҳимоя эҳсос мекунанд ва ин ҳолат ҷаззобияти касби журналистиро аз байн мебарад: "Дар натиҷа онҳое, ки бо тамоми нерӯ ва ҳаққи ҳалол кор мекарданд, дар фикри тарки пеша мешаванд."

Юсупов мегӯяд, ин ҳолат дар натиҷа ба сифати матолиби расонаҳо низ таъсир мерасонад ва асари манфӣ ба шакли занҷираӣ ба даромади нашрияҳо, устувории матбуот ва дар маҷмӯъ ба озодии баён дар кишвар зарба мезанад.

10-уми июн вакилони Маҷлиси намояндагон тағйиротеро ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ворид карданд, ки дар сурати ҳукми иҷро гирифтанаш расонаҳо ва афрод барои пахши ахбори носаҳеҳ дар бораи бемории ҳамагир ҷарима хоҳанд шуд. Ин тарҳ аз сӯи ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон ва созмонҳои байналмилалии ҳомии ҳуқуқ ба интиқод рубарӯ шуд. Аз ҷумла Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз (Reporters Without Borders) дар изҳороте гуфт, таъйини ҷарима барои ба истилоҳ нашри хабарҳои носаҳеҳ ё дурӯғ дар бораи коронавирус "ба озодии баён осеб мерасонад".

Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз, қароргоҳаш дар Фаронса, дар шохис ё индекси нави озодии матбуот 2020 Тоҷикистонро дар миёни 180 кишвар, мисли соли гузашта, дар мақоми 161-ум ҷой дод. Тоҷикистон соли 2018 дар ҷойи 149-ум буд. Дар ду соли ахир, ба қавли ин созмон, шароити кори матбуоти мустақил дар Тоҷикистон сангинтар шудааст.

Гузоришгарони Бидуни Марз мегӯяд, матбуоти Тоҷикистон дар як соли охир мушкилотеро ба монанди сензураи Интернет, бозпурсиҳои маъмурони амниятӣ, маъракаҳои афзояндаи бадномкунӣ шоҳид шудаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG