Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маҷлиси миллӣ қонун доир ба ҷазо барои пахши "ахбори ғалат"-ро қабул кард


Ҷаласаи Шӯрои Маҷлиси миллӣ. 25 июн, 2020.

Маҷлиси миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон тағйироти баҳсбарангез ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмуриро тасвиб кард, ки бар асоси он барои пахши "ахбори ғалат" дар бораи коронавирус ҷарима муқаррар шудааст. Ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон чанд рӯз қабл аз аъзои Маҷлиси миллӣ хост, аз тасвиби тарҳ худдорӣ кунад.

Тағйироти баҳсбарангез ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ рӯзи 26-уми июн дар ҷаласаи дуюми Маҷлиси миллӣ қабул шуд.

Ёдгор Файзов, раиси Вилояти Мухтори Куҳистони Бадахшон ва муовини раиси Маҷлиси миллӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ тасвиб шуд. Файзов дар посух ба суоли онки чаро назари ҷомеаи шаҳрвандӣ ба инобат гирифта нашуд, афзуд, дар ҷаласа "дар ин бора ягон дархост пешниҳод нашуд".

Зоҳиран тағйиротҳои баҳсбарангез ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ дар Маҷлиси миллӣ баҳс нашудааст. Чун дафтари матбуотии Маҷлиси миллӣ дар як иттилоия гуфт, аъзоёни Маҷлиси миллӣ 30 масъала аз ҷумла барканории чанд додрасро баррасӣ ва тасдиқ карданд. Дар ҳоле, ки ҷаласаи Маҷлиси миллӣ субҳ оғоз шуда, пеш аз нисфирӯз ба анҷом расид.

Ба ҷуз аз иттилоияе, ки дафтари матбуоти Маҷлиси миллӣ пахш кард, маълум нест, ки аъзоёни Маҷлиси миллӣ дар бораи таъйини ҷарима барои пахши "ахбори ғалат" чӣ гуфтаанд.

Ҷаласаи дуввуми Маҷлиси миллӣ даъвати шашум зери роҳбари Рустами Эмомалӣ, раиси шаҳри Душанбе ва писари президент доир гардид ва рӯзноманигорони мустақилро ба фарқ аз ҷаласаҳои даъвати гузашта ба толор роҳ надоданд. Мақомот гуфтанд, ба хотири пешгирӣ аз пандемияи коронавирус, наметавонанд ҳама рӯзноманигорон ба толор роҳ диҳанд.

Тағйирот ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ва тайини ҷарима барои пахши "ахбори ғалат" рӯзи 10-уми июн бидуни машварат бо ҷомеа ва ногаҳонӣ дар Маҷлиси намояндагон эълон шуд. Қабули ин тарҳ аз сӯи палатаи поёнии порлумон ба вокунишҳои тунди ҷомеаи шаҳрвандӣ рубарӯ шуд. Ба ин хотир рӯзи 23-юми июн 29 созмон ва рӯзноманигорон аз Маҷлиси миллӣ хостанд, то аз қабули ин тағйироти баҳсбарангез худдорӣ кунад. Созмонҳо ҳамчунин аз раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон тақозо карданд, то аз имзо мондан ба зери санад худдорӣ кунад.

Ба қавли намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, чунин муқаррарот баҳонае барои таъқиби фаъолон ва рӯзноманигорони мустақил мегардад. Созмони Гузоришгарони Бидуни Марз дар изҳороте гуфт, таъйини ҷарима барои ба истилоҳ нашри хабарҳои носаҳеҳ ё дурӯғ дар бораи коронавирус "ба озодии баён осеб мерасонад".

Баъзе муаллифони нома ба Маҷлиси миллӣ мегӯянд, умед доштанд, ки ба хотири "таблиғ"-и Рустами Эмомалӣ палатаи болоии порлумон нигаронии ҷомеаи шаҳрвандиро ба инобат мегирад.

Раҷаби Мирзо, рӯзноманигор ва таҳлилгари тоҷик, ки дар зери нома ба Маҷлиси миллӣ имзо гузоштааст мегӯяд, ӯ шахсан интизор дошт, ки барои таблиғи Рустами Эмомалӣ палатаи болоии порлумон қонунро бармегардонад.

Интизорие, ки ба гуфтаи ин рӯзноманигор бароварда нашуд. "Пас ҳоло маълум мешавад, ки президент ба таблиғи бештар зарурат дорад. Аз ин ҷост, ки имкон дорад, ки қонунро президент бармегардонад ва мисли ҳамеша "ура"-гӯиҳо сар мешавад",-гуфт Раҷаби Мирзо.

Аммо бархе намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, умедашонро пурра аз даст надодаанд.

Шоира Давлатова, раиси Маркази мустақили ҳифзи ҳуқуқи инсон ба Радиои Озодӣ гуфт, умеди онҳо ин аст, ки раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон қонуни баҳсбарангезро имзо намекунад.

Интизорие, ки ба таъкиди коршиносон хеле кам аст, ки бароварда шавад. Чун ба таъкиди ҳамсуҳбатони Радиои Озодӣ, тасмими ҷарима барои пахши "ахбори ғалат" барвақт дар долонҳои ҳукумат қабул шудааст.

Ҷазо барои пахши "ахбори ғалат" баъди тасвиб аз сӯи ҳарду палатаи порлумон, баъди имзои раиси ҷумҳур ба иҷро медарояд. Баъд аз он мақомот метавонанд рӯзноманигорон ва корбарони шабакаҳо иҷтимоиро барои пахши "ахбори носаҳеҳ" дар бораи пандемияи коронавирус муҷозот кунанд. Ҳарчанд мақомот то ҳол рӯшан нагуфтаанд, ки ахбори саҳеҳ кадом аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (8)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG