Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафир: "Нархи билети парвозҳо ба Тоҷикистон 23-24 ҳазор рубл аст" САДО


Акс аз бойгонӣ

Сафири Тоҷикистон дар Маскав баъд аз анҷоми ду парвози ғайринақшавӣ аз Маскаву Қазон ба Душанбе нархи расмии билетҳоро барои парвози чартерӣ аз Русия ба Тоҷикистон эълон кард. Имомуддин Сатторӣ 28-уми июн дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, ки феълан қимати билетҳо аз 23 то 24 ҳазор рубли русӣ аст ва дар муқоиса ба нархи пешинаи парвозҳо "чандон гарон нест".

Ин дар ҳолест, ки бархе аз муҳоҷирони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ қимати билетро аз 24 ҳазор рубл гаронтар гуфтаанд. "Ман чунин овозаҳоро хондам, ки гӯё нархи билети бозгашт ба Тоҷикистон ин шабу рӯз 40-50 ҳазор рубл аст. Дар асл ин тавр нест. 23-24 ҳазор рубл аст", -- шарҳ дод сафир.

Ӯ айни замон гуфт, ҳавопаймоҳо аз Тоҷикистон шаҳрвандони Русияро мебаранд ва шумори онҳо чандон зиёд нест ва ба нархи билет низ таъсир мерасонад: "Бояд ширкатҳо харҷи худро пӯшонанд, ҳаққи коргаронро пардохт кунанд. Вақте парвозҳои маъмулӣ шуд, нарх ба мисли пешина мешавад."

Нархи билети бозгашт аз Русия ба Тоҷикистон чанд аст
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:00:54 0:00
Линки мустақим

Мастура Наимова, сокини 80-солаи шаҳри Ҳисор, рӯзи 29-уми июн ба Радиои Озодӣ гуфт, ба дидани наберагонаш ба Русия рафта буд ва рӯзи ҷумъаи гузашта дар ивази 23 ҳазору 850 рубл билет харида, ба ватан баргашт. Вай гуфт, ин нарх барои хонаводаи онҳо гарон аст, вале аз ин ки сиҳату саломат ба назди пайвандон баргашт, хушҳол аст.

Бахтиёр Ҷумъаев, як корбари Фейсбук, навиштааст, ки дар ивази 23262 рубли русӣ билети бозгашт аз Маскавро хариданд. Корбари дигаре бо номи Шаҳло гуфтааст, ба 24800 рубл билет гирифтанд. Дар ин қатор онҳое низ ҳастанд, ки қимати билетро аз нархи гуфтаи сафир хеле гаронтар тасвир мекунанд.

Як шикояти дигари муҳоҷирон аз он аст, ки мақомот аз қабл нархи расмии билетҳоро ошкор накарданд ва онҳоро дар ҳолати номуайянӣ гузоштанд.

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон эълон кард, ки то 14-уми июл бо ҳашт парвози ғайринақшавӣ аз Маскаву Санкт-Петербург, Екатеринбург ва Новосибирску Қазон даҳҳо нафарро ба ватан бармегардонанд.

Парвозҳои чартерӣ аз тарафи ҳавопаймоҳои ширкати "Сомон Эйр" ва "Тоҷик Эйр" анҷом мешавад. Ҳавопаймоҳо аз Душанбе ба Русия рафта, ҳангоми бозгашт шаҳрвандонро меоранд, вале шаҳрвандони Тоҷикистонро ба Русия намебаранд. То ин дам ду парвози чартерӣ аз Маскаву Қазон ба Душанбе анҷом шудааст.

Парвозҳо барои рӯзҳои оянда чунин аст:

30-юми июни 2020

Душанбе – Новосибирск – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр";

1-уми июли 2020

Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр";

6-уми июли 2020

Душанбе – Санкт-Петербург – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр";

7-уми июли 2020

Душанбе – Екатеринбург – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр";

13-уми июли 2020

Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Тоҷик Эйр";

14-уми июли 2020

Душанбе – Маскав – Душанбе, ширкати "Сомон Эйр";

Мақомот мегӯянд, ҳангоми баргардондан бештар ба беморону занон ва кӯдакон, пирон, донишҷӯён ва шахсоне, ки ба сафари хидматӣ ба Русия рафта буданд, бартарӣ дода мешавад.

Ҳанӯз замони азсаргирии парвозҳои доимӣ дақиқ нест. Тоҷикистон аз 1-уми июл барои парвозҳои байнулмилалӣ ба Узбекистону Имороти Муттаҳидаи Араб иҷоза додааст.

Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, феълан "масъалаи барқарор намудани парвозҳои доимӣ ба Русияву Туркия ва Чин ва баръакс мавриди баррасӣ қарор дорад".

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (25)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG