Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лукашенко эътироф кард, ки пайгарди рақибони интихоботиаш бо амри ӯ сурат мегирад


Дар интихоботи президентии рӯзи 9 август дар муқобили Лукашенко 7 нафари дигар рақобат мекунанд
Дар интихоботи президентии рӯзи 9 август дар муқобили Лукашенко 7 нафари дигар рақобат мекунанд

Президенти Белорус эътироф кард, ки шахсан ба таҳқиқи парвандаи рақибони интихоботии худ амр содир кардааст. Александр Лукашенко гуфт, ки рақибони сиёсии ӯ мехоҳанд вазъи кишварро бесубот кунанд ва бар зидди “ҳукумати амалкунанда бираванд”.

Пеш аз ҳама манзури Лукашенко тими номзади эҳтимолии президентӣ Светлана Тихановская мебошад. Дар паи эътирозҳои сартосарӣ дар Беларус садҳо нафар ба тарафдории номзадии ӯ имзо ҷамъ карданд. Баъди ин Лукашенко супориш дод, ки алайҳи шавҳар ва раҳбари ситоди интихоботиаш Сергей Тихановский, ки як блогнависи маъруф мебошад, парванда боз шавад. Охири моҳи май Тихановский ва чанд тарафдораш дар ҷараёни таҷаммӯи иҷозатшуда барои ҷамъоварии имзо боздошт шуданд.

Лукашенко дар мусоҳибааш бо ТВ “Беларус 1” рӯзи 29 июн гуфт, “бале, ман дар борар Тихановский ишора кардам. Ман кадом кори нодуруст кардам? Ман барои кишварам, ки ҳоло масъулияташ бо ман аст, ғам мехӯрам. Ва ҳамеша ба ҳар шакл ҷавоб хоҳам дод”.

Фаъолони Беларусро дар омодагӣ ба беназмиҳои ҷамъиятӣ ва хушунат алайҳи кормандони полис гунаҳгор мекунанд. Лукашенко пойфишорӣ дорад, ки барномаи Тихановская аз хориҷа сармоягузорӣ мешавад. Худи фаъолон кори мақомотро иғво меноманд. Ҳомиёни ҳуқуқ мегӯянд, ки таъқиби фаъолон ангезаҳои сиёсӣ дорад. Лукашенко инчунин эътироф кард, ки бо амри ӯ дигар номзади эҳтимолӣ Виктор Бабарико ҳам боздошт шудааст. Собиқ бонкдори маҳаллӣ ҳоло дар боздоштгоҳи муваққатӣ ба сар мебарад. То ҳол мақомот дар бораи сабабҳои боздошти ӯ дар даҳ рӯзи пеш ваё иттиҳоми асосӣ чизе намегӯянд. Ба иловаи худи Бабарико беш аз 20 ҳамкори ӯ ва аъзои ситодаш ҳам боздошт шуда дар ҷиноятҳои иқтисодӣ муттаҳам шудаанд. Вакилони Бабарико парвандаи ӯро дорои ангезаҳои сиёсӣ меноманд.

XS
SM
MD
LG