Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Санадҳои нав дар бораи берун бурдани садҳо миллион доллар аз як кишвари Осиёи Марказӣ


Санадҳои нав собит мекунанд, ки дар давоми солҳои гузашта аз Қирғизистон ба хориҷа садҳо миллион доллар берун бурда шудааст. Ҳуҷҷатҳо рӯзи 29-уми июн дар чаҳорчӯби таҳқиқоти муштараки бахши қирғизии Радиои Озодӣ, Маркази таҳқиқоти фасодкорӣ ва ҷиноятҳои созмонёфта (OCCRP) ва сомонаи Kloop нашр шуд. Онро ҳанӯз соли гузашта Айеркен Саймаитӣ (Саидмаҳдӣ), як соҳибкори чинитабори Қирғизистон, ба ихтиёри расонаҳо дода буд. Саидмаҳдӣ рӯзи 10-уми ноябри соли 2019 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.

Баъд аз қатли ӯ муаллифон бахши аввали таҳқиқоти худро нашр карданд, ки бар асоси санадҳои дарёфтӣ ва манбаъҳои мустақил ба даст омадааст.

Ин таҳқиқоти журналистӣ нишон дод, ки муовини пешини раиси Хадамоти гумруки Қирғизистон Райимбек Матраимов, эҳтимол бо шабакаи фасодхоре рабт дорад ва Саймаитӣ барои ин шабака ба хориҷа пул интиқол медод.

Райимбек Матраимов
Райимбек Матраимов

Матраимов ва хешовандонаш ҳама гуна иртибот бо Саймаитӣ ва нақшаҳои фасодро рад карда, дар бораи таҳқир шудан ба додгоҳ муроҷиат кардаанд.

Бастаи нави санадҳои Саймаитӣ, ки 29-уми июн нашр шуд, иттилоъ дар бораи пулҳои фиристода, китобҳои хусусии муҳосиботӣ, ҷадвалҳои электрониву тақаллубиро дар бар мегирад. Бино ба ин санадҳо, садҳо миллион доллар аз Қирғизистон ба Олмону Имороти Муттаҳидаи Араб, Бритониё, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои дигар бурда шудааст.

Ин санадҳоро ба хабарнигорон Айеркен Саймаитӣ додааст
Ин санадҳоро ба хабарнигорон Айеркен Саймаитӣ додааст

Бахши бузурги пулҳо, ки дар санадҳо зикр шудааст, ба ширкатҳову оилаи Ҳабибулло Абдуқодир, соҳибкори уйғуртабори соҳиби шиносномаи қазоқӣ фиристода шудаанд, ки ширкатҳои начандон шаффофи логистикиро дар Осиёи Марказӣ, Аврупо, Иморот ва Амрико таъсис додааст. Замоне ки қисми аввали таҳқиқоти журналистӣ нашр шуд, Абдуқодир барои ҷомеа чандон шахси ошно набуд.

Нашри санадҳои Саймаитӣ дар як вақт бо чопи ду таҳқиқоти нав сурат мегирад, ки ин навбат ҳамроҳ бо Bellingcat ва бар асоси маводи соҳибкори кушташуда анҷом шудааст.

Яке аз онҳо ҳувияти қаблан ношиноси сармоягузорони бунёди хайрияи Матраимовҳоро фош мекунад, ки ба гуфтаи Саймаитӣ, шахсан худаш ба ҳайси пора барои миёнҷигиву сарпарастии Хадамоти гумруки Қирғизистон интиқол додааст. Матраимовҳо инро қотеона рад мекунанд.

Дар таҳқиқот робитаи миёни сармоягузорону Айеркен Саймаитӣ бар асоси санадҳое, ки ӯ пеш аз қатлаш додааст, дида мешавад.

Таҳқиқоти дуюм сарнавишти беш аз ним миллион долларро фош мекунад, ки ба гуфтаи Саймаитӣ, худи ӯ ба Бритониё барои харидани як хонаи боҳашамат барои Матраимовҳо бурдааст. Оилаи Матраимовҳо бо карру фар зиндагӣ мекунад ва харҷҳои ҳангуфт зоҳиран дар ихтилоф бо даромади расмии ӯ дар сохторҳои давлатӣ мебошад.

Хонаводаҳои Матраимов ва Абдуқодир ба дархостҳои журналистон дар бораи вокуниш ва ё шарҳи таҳқиқот посух надоданд.

Як мушовири вакили парлумон Искандар Матраимов, бародари Райимбек Матраимов, барои вокуниш ба ин таҳқиқот фурсати бештар хост, вале то замони нашри гузориш ҳеч посух надод.

Рӯзи 18-уми июн вакилони порлумони Қирғизистон хулосаҳои як кумисюни порлумониро тасдиқ карданд, ки давлат ба 932 миллион долларе, ки Саймаитӣ ба хориҷа интиқол додааст, ҳеч рабт надорад.

Бо ин вуҷуд, баъди нашри таҳқиқоти журналистӣ сохторҳои тафтишотии Қирғизистон мушаххас кардаанд, ки дар пайи интиқоли ин пулҳо 86,5 миллион доллар молиёти давлат пардохт нашудааст.

Мунтақидони қарори кумисюн мегӯянд, ин сохтор маълумот дар бораи коррупсияро, ки дар матлаби таҳқиқотии Радиои Озодӣ, OCCRP ва Kloop моҳи ноябри соли 2019, баъд аз куштори Саймаитӣ, нашр шудааст, ҳамаҷониба таҳқиқ накардаанд.

Моҳи июни имсол КДАМ-и Қирғизистон гуфт, ки хабарнигори бахши қирғизии Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ дар гирифтани пул аз Саймаитӣ гумонбар мешавад, вале ҳеч далел пешниҳод накард. Иттиҳом гӯё бар асоси баёноти ду нафар садо дод, ки якеашон бо иттиҳоми сӯиистифода аз мақом дар боздошт ба сар мебарад.

Радиои Аврупои Озод/Радиои Озодӣ ингуна иттиҳомотро башиддат рад мекунад.

Президенти собиқи Радиои Озодӣ Ҷейми Флай гуфтааст, "эҳтимолан ин як талоши дигари фасодхорон барои қассосгирӣ аз журналистон аст, чун дар андешаи ҳимояти дороиву қудрат мебошанд."

Шарҳҳоро бинед (1)

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG