Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахуствазири собиқи Фаронса ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд


Франсуа ва Пенелопа Фийон. Акс аз соли 2017
Франсуа ва Пенелопа Фийон. Акс аз соли 2017

Франсуа Фийон, собиқ нахуствазири Фаронса ва ширкатдори интихоботи президентии соли 2017 аз ҳизби ҷумҳурихоҳ бо иттиҳоми “тақаллуб” ба панҷ соли зиндон маҳкум шуд. Ҳадди аққал ду соли ин ҳукмро сиёсатмадор дар зиндон мегузаронад. Ҳамсари Фийон ҳам гунаҳгор эълон шуд ва ӯ ба се соли ҳабси шартӣ маҳкум гардид. Вакилон гуфтанд, ки аз болои ин ҳукм шикоят хоҳанд кард, чун дар парванда далелҳои нав ошкор шудааст.
Моҷарои атрофи нахуствазири собиқ соли 2017 дар авҷи маъракаи интихоботӣ расонаӣ шуд. Матбуот он замон гуфт, ки ҳамсари Фийон – Пенелопа ба ҳайси ёвари ӯ маош мегирифт, вале дар ҷои кор пайдо намешуд. Ин моҷароро дар матбуот "Пенелопагейт" ном гузоштанд.

Фийон он замон пештози маъракаи интихоботӣ буд, вале моҷаро ба маҳбубияти ӯ таъсири манфӣ гузошт. Дар натиҷа ӯ баъди Эммануэл Макрон ва Мари Ле Пен сеюм шуд.

XS
SM
MD
LG