Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари сарбози зиндонӣ “дар роҳ ба сӯйи боздоштгоҳи Кӯлоб фавтидааст”


Саъбагул Холбобоева нӯҳ рӯз пеш ҳангоми суҳбат бо хабарнигори Радиои Озодӣ

Саъбагул Холбобоева, модари Шарифхон Назаров, сарбози собиқи нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон, баъд аз тақрибан ду ҳафтаи эълони ҳукми писараш, рӯзи 30-юми июн, дар роҳ ба сӯйи боздоштгоҳи шаҳри Кӯлоб фавтидааст.

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон 18-уми июн Шарифхон Назаровро ба дуздии чорво гунаҳкор донист ва ба панҷ соли зиндон маҳкум кард.

Сабаби ҳалокати Саъбагул Холбобоева, сокини 44-солаи ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон, маълум нест. Манобеъ дар ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб гуфтанд, фарзандонаш монеи ташхиси ҷасад шудаанд ва ӯро зуд гӯрондаанд.

Фахриддин Назаров, писари Саъбагул Холбобоева, рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, "модарам бо пойи равон барои дидани Шарифхон рафта буд, вале аз он ҷо ҷасадашро оварданд. Ҳангоми аз хона баромадан сиҳат буд ва аз саломатиаш шикоят надошт."

Назаров афзуд, модараш бо худ дар ду халта хӯрокворӣ гирифта буд, то ба фарзанди зиндониаш бирасонад. "Воқеан, мо намедонем, ба ӯ чӣ шудааст", -- афзуд ӯ.

Як манбаъ дар ниҳодҳои интизомии минтақаи Кӯлоб ба шарти фош нашудани номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, Саъбагул Холбобоева 100 метр дур аз боздоштгоҳ ҷон додааст. Ба нақли ӯ, "мардум ба милиса хабар додаанд, ки зане болотар аз идораи барқ афтодааст. Ҷасадро ба бемористон ва ба ташхиси тиббиву додгоҳӣ бурдаанд, вале наздиконаш иҷозат надодаанд, ки ташхис сурат гирад."

Холбобоеваро рӯзи 30-юми июн дар деҳаи Зарнигори ҷамоати ба номи Сайф Раҳимови ноҳияи Балҷувон дафн кардаанд. Вай нӯҳ рӯз пеш дар суҳбат бо Радиои Озодӣ шикоят карда буд, ки додгоҳ писари ӯро ноодилона ба зиндон маҳкум кард, дар ҳоле ки ба иддаояш "гунаҳкорони асосӣ беҷазо монданд".

Назари Саъбагул Холбобоева дар гузориши нӯҳ рӯз пеш:

Сарбози говдузд ҷазо гирифт. Модараш мехоҳад фармондеҳаш ҳам ҷазо гирад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Додгоҳи ҳарбии вилояти Хатлон рӯзи 18-уми июн ду сарбози нирӯҳои марзбонии Тоҷикистонро бо гуноҳи дуздии чорвои мардум ба зиндон маҳкум кард. Бар асоси ҳукми додгоҳ, Шарифхон Назаров 5 сол ва Меъроҷ Саидов шаш моҳ аз озодӣ маҳрум шуданд.

Вакили мудофеъ ва модари Шарифхон Назаров гуфта буданд, ки ӯ ва ҳамроҳаш бо амри афсарон ба чунин кор даст задаанд ва бояд афсарон низ ба ҷавобгарӣ кашида шаванд.

Шарифхон Назаров моҳи апрели соли гузашта ба хидмати ҳарбӣ даъват шуда, дар оғоз дар ноҳияи Панҷ қарор дошт ва сипас ба қисми низомии 0307, воқеъ дар ноҳияи Ҳамадонӣ, бурда шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (16)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG