Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имтиҳони қабул ба донишгоҳҳои Тоҷикистон зери чораҳои беҳдоштӣ оғоз шуд. АКС


Рӯзи 1-уми июл имтиҳонҳои дохилшавӣ ба мактабҳои олии Тоҷикистон оғоз шуд, аммо ба фарқ аз солҳои гузашта бо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ мегузарад.

Имсол 110 ҳазор нафар дар Маркази миллии тестӣ ба сифати довталаб сабти ном шудаанд. Мактабҳои оливу миёнаи касбии Тоҷикистон нақша доранд, ҳамагӣ каме беш аз 80 ҳазор нафарро бипазиранд.

Баҳром Паҳлавонзода, ҷавони тоҷик, дар қатор ҳазорҳо ҳамсоли худ рӯзи чаҳоршанбе имтиҳони аввали қабул ба донишгоҳро супурд. Вай баъди берун шудан аз ҳуҷраи имтиҳонсупорӣ ибрози умед кард, ки шомили донишгоҳ хоҳад шуд.

Сиёвуш Сафаров, довталаби дигар мегӯяд: "То имрӯз пайваста ба Маркази миллии тестӣ занг мезадам ва мепурсидам, ки имтиҳон мешавад, ё не. Метарсидам, ки мабодо бо сабаби коронавируси нав имтиҳонҳои қабул баргузор нашавад. Имтиҳони аввалро супоридем, натиҷаро интизор мешавем."

Нигаронии довталабон дар ҳоле буд, ки давраи сабти номи онҳо дар Маркази миллии тестӣ ба замони авҷи пандемияи COVID-19 рост омад.

Аввали моҳи июн Ситоди муқобила бо бемории COVID-19 дар Тоҷикистон гуфт, имсол имтиҳони хатм барои хонандагони синфҳои 9 ва 11 баргузор карда нашавад. Ҳамин тавр, баҳои хатмкунандаҳоро бар асоси натиҷаҳои чаҳоряки гузашта монданд.

Имсол мактабҳои Тоҷикистонро 162 ҳазор хонандаи синфи 9 ва беш аз 123 ҳазор хонандаи синфи 11 хатм карданд.

Масъулини Маркази миллии тестӣ мегӯянд, имтиҳонҳои қабул то 7-уми июл дар 18 мактаби саросари кишвар гузаронида шуда, барои довталабон дар даври такрорӣ имконият фароҳам оварда хоҳад шуд.

Абдуваҳҳоб Одинаев, як масъули Маркази миллии тестӣ, рӯзи 1-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфт, дар рӯзи аввали қабули имтиҳонҳо ҳудуди 16 ҳазор довталаб аз кластери якум, ки фанҳои табиӣ ва дақиқро дар бар мегирад, имтиҳон супориданд.

Имсол шумори довталабон нисбат ба соли гузашта бештар будааст. Мақомот онро ба густариши бемории COVID-19 рабт медиҳанд, ки марзҳоро баст ва таҳсили довталабони тоҷикро дар хориҷи кишвар инмконнопазир кард ва ин гурӯҳ акнун барои шомил шудан ба донишгоҳҳои Тоҷикистон талош доранд.

XS
SM
MD
LG