Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тавофуқи Кобул, Ишқобод ва Боку барои густариши тиҷорат ва транзити молу коло


Афғонистон, Туркманистон ва Озарбойҷон ба ҳадафи густариши ҳамкориҳои тиҷорӣ ва боркашонӣ, ба ташкили як Кумитаи муштараки корӣ ба созиш расиданд. Ин кумита бо иштироки вазирони нақлиёт ва дигар мақомҳои ин се кишвар эҷод хоҳад шуд.

Ашраф Ғанӣ, президенти Афғонистон, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон ва Илҳом Алиев, президенти Озарбойҷон рӯзи панҷшанбеи 2-юми июл дар нишасти сеҷонибаи онлайнӣ ин масъаларо баҳсу баррасӣ карданд.

Даҳлези транзитии маъруф ба "Роҳи лоҷувард" аз Туркманистон ва Озарбойҷон убур мекунад. Ин роҳ дар соли 2018 мавриди истифода ё баҳрабардорӣ қарор гирифт. Молу колои содиротии Афғонистон аз ин тариқ ба Гурҷистон ва Туркия ва аз онҷо ба Аврупо интиқол меёбад.

Ташкили Кумитаи муштараки корӣ аз сӯи президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев дар нишасти сеҷониба пешниҳод шудааст. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Афғонистон дар хабарномае ба нақл аз Илҳом Алиев гуфтааст, ки ба ҳадафи рушди ҳамкориҳои транзитӣ, боркашонӣ ва тиҷорат ин кумита эҷод шудааст.

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ дар суханронии худ аз ин пешниҳод истиқбол кардааст. Раиси ҷумҳури Туркманистон ҳам аз он пуштибонӣ намудааст. Раиси ҷумҳури Афғонистон ҳамчунон гуфтааст, ки кишвараш ба ҳамкорӣ бо бахши хусусии Озарбойҷон, Туркманистон дар бахшҳои тиҷорат ва сармоягузорӣ омодааст.

Туркманистон барои муомилаи тиҷоратӣ бо Афғонистон, шабакаи хати роҳи оҳанро то бандари Оқина ва Турғундӣ пайваст кардааст. Ҳукумати Афғонистон мехоҳад, ки ин бандарҳоро ба таври муосир бозсозӣ кунад. Раиси ҷумҳури Туркманистон дар ин суҳбати сеҷонибаи онлайнӣ гуфтааст, ки кишвараш ба ҳадафи интиқоли беҳтари молу коло аз тарҳи бозсозии бандарҳои Оқина ва Турғундӣ дар Афғонистон ҳимоят мекунад.

Афғонистон ва Туркманистон дар бархе аз тарҳҳои дигар, ки минтақаро ба ҳам мепайвандад, аз ҷумла тарҳи TAPI, ки гази Туркманистонро аз тариқи Афғонистон ба Покистон ва Ҳинд интиқол медиҳад, низ саҳм доранд.

Туркманистон дар замони паҳншавии коронавирус марзашро ба рӯи молу колоҳои тиҷоратии Афғонистон боз нигоҳ доштааст.

Афғонистон дар гузашта дар масъалаи муомилаҳои тиҷоратӣ бо дунё бештар ба бандари Карочӣ дар Покистон вобаста буд. Бо ба фаъолият оғоз кардани бандари Чобаҳори Эрон ва боз шудани шаш масирҳои нави транзитӣ аз тариқи кишварҳои Осиёи Миёна, Афғонистон дар солҳои ахир тавонистааст, ки вобастагии худро ба бандари Карочи коҳиш диҳад.

XS
SM
MD
LG