Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки Осиёии Рушд: "Бахши тандурустии Тоҷикистон ба буҳрони COVID-19 омода набуд"


Яке аз бемористонҳои шаҳри Душанбе. Акс аз бойгонӣ.

Бонки Осиёии Рушд дар гузориши тозаи худ гуфтааст, ки бахши тандурустии Тоҷикистон барои мубориза бо буҳроне, ки COVID-19 ба бор овард, ба қадри кофӣ омода набуд.

Дар гузориши Бонки Осиёи Рушд, ки дар ҳошияи "Барномаи вокуниши сареъ ба COVID-19 ва ҳимояи бахши хароҷоти будҷаи давлат" дар поёни моҳи июни 2020 нашр шудааст, гуфта мешавад, "бахши тандурустии Тоҷикистон барои мубориза бо буҳрони фарогире мисли COVID-19 омода набуд". Дар тақвияити ин, бонк ба "Радабандии байналмилаии бехатарии саломатӣ" ишора мекунад, ки дар он Тоҷикистон дар миёни 195 кишвар дар мақоми 130-ум қарор дорад.

Дар гузориш омадааст, ки давлати Тоҷикистон ба соҳаи тандурустӣ хеле кам пул медиҳад. Ба арсаи тандурустӣ ҳамагӣ 7 дарсади хароҷоти умумии давлат ҷудо мешавад. Дар ҳоле, ки ҳамсоякишвари Тоҷикистон -- Қирғизистон барои соҳаи тандурустӣ 12 дарсади хароҷоти умумии будҷаро медиҳад. "Дар кишварҳои минтақаи Осиёи Миёна ба ҳисоби миёна 16 дарсади хароҷотҳои давлатӣ ба соҳаи тандурустӣ рост меояд",- таъкид мекунанд муаллифон.

Норасоии мутахассисони варзида барои пешгирии COVID-19 ва дар маҷмӯъ кам будани табибон, аз мушкилоти дигари соҳаи тандурустии Тоҷикистон номбар мешавад.

Бино бар гуфтаи Бонки Осиёи Рушд, дар Тоҷикистон ба сари 10 ҳазор аҳолӣ наздик ба 21 пизишк рост меояд. Аз ин нигоҳ Тоҷикистон аз ҳама кишварҳои дигари минтақа поён будааст. Чун ба ҳисоби миёна дар дигар кишварҳои Осиёи Миёна ба ҳисоби миёна ба 10 ҳазор нафар 34 табиб рост меояд.

Дар гузоришҳои созмонҳои байналмилалӣ мисли ин коршиносон зарурати ислоҳот дар соҳаи тандурустии Тоҷикистон, аз ҷумла масъалаи бештар пулакӣ кардани хадамоти тиббиро дар миён мегузоранд.

Дар Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфтанд, ки бо муҳтавои гузориши Бонки Осиёии Рушд ошно нестанд, аммо бо иддаои омода набудани соҳаи тандурустӣ барои муқобила бо COVID-19 розӣ нестанд.

"Тоҷикистон давлати иҷтимоист ва набояд тиб пурра пулакӣ шавад"

Ҷумъабой Сангинов, табиби пуртаҷриба ва собиқ вакили Маҷлиси намояндагон дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, бо арзёбиҳои Бонки Осиёии Рушд чандон мувофиқ нест, чун кишварҳои пешрафта ва санъатии ҷаҳон низ аз COVID-19 талафоти зиёд доданд.

Ҷумъабой Сангинов.
Ҷумъабой Сангинов.


"Давлатҳое, ки иқтидори иқтисодии ниҳоят бузург доранд, дар баробари короновирус заъф нишон доданд. Чун суръати афзоиши вирус хеле тез буд, тактикаи муайяни табобати беморӣ вуҷуд надошт. Давлатҳое бо имконияти қитисодии маҳдуд, аз ҷумла Тоҷикистон бо вуҷуди камбудиҳо ва норасоиҳо то ин дам аз ин вирус нисбатан талофоти камтар доданд".

Ҷумъабой Сангинов мегӯяд, дар оғози ислоҳоти соҳаи тандурустӣ дар кишвар ширкат дошт, аз ҷумла ҳангоми вакили порлумон будан якҷо бо Вазорати тандурустӣ тарҳи Қонун "Дар бораи суғуртаи тиббӣ дар Тоҷикистон"-ро таҳия карданд, ки соли 2008 қабул шуд.

Иҷрои ин тарҳ ду бор ба таъхир афтод ва қарор аст аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор бигирад. Сангинов мегӯяд, роҳу равиши тандурустӣ дар Тоҷикистон рушан ва дуруст, танҳо имконияти иқтисодии давлат маҳдуд аст, аз ин рӯ барномаи суғуртаи тиббӣ ҳанӯз ҷорӣ нашудааст.

"Ба пурра пулакӣ шудани ёрии тиббӣ (калимаи хизматрасониро дӯст намедорам, дар мавриди тиб аз ин калима набояд истифода бурд- ҶС) ман розӣ нестам. Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва қисме аз ёриҳои тиббӣ, маориф ва нафақаро бояд бар уҳда гирад ва ройгон ба мардум фароҳам кунад. Тоҷикистон ҳамин роҳро пеш гирифтааст. Барномаи кафолатноки давлатӣ ба қишрҳои ниёзманди аҳолӣ қабул шудааст, як қисме ёриҳои тиббӣ мувофиқи он ройгон расонида мешавад. Баръакс бо бештар шудани имконияти молии давлат, доираи ин барномаро бояд васеъ кард".

Мушкили аслии тандурустиро дар Тоҷикистон коршиносон ва кормандони соҳа дар паст будани сатҳи мош медонанд. Бинобар омори ахир дар Тоҷикистон табибон вобаста ба дараҷаи тахассус моҳе аз 756 то 1036 сомонӣ ($74- 101) ва ҳамшираҳои шафқат аз 582 то 683 сомонӣ ($52-67) маош мегиранд.

Муллозуҳур Тоҳирӣ, табиби таҷрибадори тоҷик.
Муллозуҳур Тоҳирӣ, табиби таҷрибадори тоҷик.


Муллозуҳур Тоҳирӣ, табиби таҷрибадори тоҷик мегӯяд, кам будани маош аз мушкилоти аслӣ аст ва духтуронро дилсард мекунад.

"Ҳоло маоши духтур тақрибан 1000 сомонӣ аст. Ин чӣ мешавад? Як бор бозор харид карданӣ равед, бо ҳамин тамом мешавад. Барои ҳамин бисёре аз духтурони мо ба дигар кишварҳо, аз ҷумла Русия мераванд, чунки он ҷо ба табибон маоши хуб медиҳанд".

Тоҳирӣ афзуд, бар иловаи дигар ислоҳот дар бахши тандурустӣ, давлат бояд моҳонаи духутуронро боло бардорад.

"Ман боре номзадиамро ба вакили порлумон пешниҳод кардам. Тамоми даромади баромади будҷаи давлатро ҳисоб карда, ба коргарон тақсим намудам. Ба ҳисоби ман Тоҷикистон метавонад, ки ба духтурон ба ҳисоби миёна 300-400 долар моҳона маош бидиҳад",-иброз дошт Тоҳирӣ.

Бинобар маълумоти омор дар Тоҷикистон 70,5 ҳазор кормандони тиб фаъолият мекунанд. Дар маҷмӯъ дар қаламрави кишвар 4200 духтур ва 2200 ҳамшираи шафқат намерасанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (13)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG