Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико дар давраи пандемия ба Тоҷикистон чӣ қадар ёрӣ кард?


Акс аз сомонаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон

Ҳукумати Иёлоти Муттаҳида аз талошҳои давлати Тоҷикистон барои муқобила бо бемории COVID-19 ва ёрӣ ба муҳоҷирони ниёзманд дар давраи пандемия пуштибонӣ мекунад. Амрико то 25-уми июни имсол ба Тоҷикистон беш аз 5 миллион доллар додааст.

  • Аз ин ҳисоб Оҷонси Рушди Байнулмилалии Амрико (USAID) тақрибан 1,2 миллион доллар ҷудо кард. Ин кумак барои тақвияти тавоноиҳои соҳаи тандурустии Тоҷикистон, харидани васоили аввалиндараҷа барои назорат ва пешгирӣ аз беморӣ, баланд бардоштани зарфияти озмоишгоҳҳо, вокуниши фаврӣ ва иттилоърасонӣ дар бораи хавфи пандемия сарф мешавад.
  • USAID ҳамчунин ба Тоҷикистон ба маблағи 2663 доллар васоили муҳофизати шахсии бисёр муҳимро дастрас кард. Ин таҷҳизот чораи муваққатӣ барои муҳофизати пизишкон буда, аз 12 ҳазор ниқоб, 12 ҳазор дастпӯш, 1400 хилъат ва 400 айнаки муҳофизатӣ иборат аст.
  • Моҳи апрели имсол Оҷонси Рушди Байнулмилалии Амрико барои омода кардани озмоишгоҳҳои Тоҷикистон барои ташхиси фарогир ва назорати беморӣ дар муассисаҳои тиббӣ 866 ҳазор доллар дод.
  • Моҳи апрел USAID дар ҳамкорӣ бо созмони маҳаллии "Авесто" ва созмони амрикоии Resource and Policy Exchange, Inc. (RPX) беш аз 56 ҳазор кило маводи хӯрокворӣ (беш аз 171 000 доллар) ёрӣ кард. Ин кумакҳо ба зиёд аз сад муассисаи тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон равона шудааст.
  • Бюрои Вазорати корҳои хориҷии Амрико оид ба муборизаи байнулмилалӣ бо маводи мухаддир ва масъалаҳои ҳифзи ҳуқуқ (INL) дар чаҳорчӯби пуштибонӣ аз тарҳи ислоҳоти милитсия дар Тоҷикистон 30 ҳазор доллар дод. Ин кумак барои баргузор кардани маъракаи иттилоотиву таблиғотӣ, корҳои зиддиуфунӣ дар ҷойҳои ҷамъиятӣ, дастрас кардани ниқобҳои тиббӣ ва мусоидат ба табобати мардум сарф мешавад.
  • Моҳи май Марказҳои Иёлоти Муттаҳида оид ба назорат ва пешгирии бемориҳо (CDC/CAR) барои харидани таҷҳизоти озмоишгоҳӣ барои санҷиши COVID-19, ташкили давраҳои омӯзишӣ ба кормандони соҳаи тиб ва расонидани ёрии техникӣ ба марзбонҳо 1,69 миллион доллар дод.
  • Моҳи июн USAID ва Бунёди Оқохон ба Тоҷикистон барои муқобила бо бемории COVID-19 ба маблағи 2,6 миллион доллар кумак карданд. Ин ёриҳо беҳтар кардани сифати кумак ба беморон, бахусус беморони вазнин, ташкили ҷойҳои корӣ, дастгирии қишри ниёзманди аҳолӣ, кам кардани паҳншавии вирус, иттилоърасонӣ ба мардум дар бораи COVID-19-ро дар назар доранд.
  • Моҳи июни имсол USAID ва Созмони Ҷаҳонии Муҳоҷират ба беш аз 600 муҳоҷири дармондаи тоҷик дар сарҳади Қазоқистону Узбекистон кумак карданд, ки амн ба ватан баргарданд. Ин кор бо ҳамоҳангии ҳукуматҳои Қазоқистону Узбекистон ва Тоҷикистон сурат гирифт.

Дар давоми бист соли ахир Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон беш аз 1 миллиард доллар сармоягузорӣ кардааст, аз ҷумла барои беҳтар кардани низоми тандурустӣ, ҳифзи модару кӯдак ва мубориза бо бемориҳои ВИЧ/СПИД ва сил 125 миллион доллар додааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (5)

Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG