Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Беморон ва наздикони онҳо гуфтанд, ки табобат аз коронавирус пулакӣ буд, ё бепул. ВИДЕО


Табобати гирифторони коронавирус дар Тоҷикистон пулакӣ аст, ё бепул?
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:55 0:00

Ҷавоби роҳгузарон дар бораи пулакӣ ё бепул будани табобати гирифторони коронавирус дар ин ҷост

Мақомоти расмии Тоҷикистон борҳо гуфтаанд, ки табобати гирифторони коронавируси нав бепул ё ройгон аст. Чанде аз роҳгузарон дар Душанбе ба пурсиши сарироҳии хабарнигори Радиои Озодӣ ҷавоб доданд, ки наздиконашонро бо пули худ муолиҷа карданд. Иддае гуфтанд, табобат пурра бепул буд. Гуруҳи дигар таъкид карданд, ки доруҳоро худашон хариданд, фақат кати хоб дар бемористонҳо ройгон буд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро эътироф кард ва аз он замон то 11-уми июл, ба иттилои расмӣ, 6506 кас гирифор шуда, 55 нафар фавтидаанд ва беш аз 5100 тан шифо ёфтаанд. Омори ғайрирасмӣ аз ин бештар гуфта мешавад.

Назари чанде аз роҳгузарон дар бораи пулакӣ ё бепул будани табобати гирифторони коронавируси нав дар Душанбе чунин аст:

  • "Хешовандони мо бемор шуданд ва дар шифохона бистарӣ гардиданд. Дар замони коронавирус, ки бепулӣ аст, аз онҳо "канданд". Нафақахӯр ҳастанд."
  • "Дар тамоми беморхонаҳо муолиҷаи гирифторон аз ҳисоби давлат аст. Наздикони мо бемор шуданд, аз ҳисоби давлат табобат гирифтанд."
  • "Ҳар кас аз ҳисоби худ табобат гирифт. Ман пурра ҳисоб накардам, аммо барои худу писарам тақрибан ҳазор доллар харҷ кардам. Аз тарафи давлат ёрӣ нашуд, муроҷиату пешниҳод кардем, ки доруҳоро арзонтар кунанд, нашуд."
  • "Яке аз пайвандони мо бемор шуда буд, гуфтанд, ки давлат пули табобатро пардохт мекунад."
  • "Хоҳари калониам бемор шуда буд, то сӯзандоруро худамон харидем. Аз ҳисоби шифохона ягон чиз набуд. Фақат ҷойи хоб бепул буд. Дигар ҳамаашро худамон харидем."
  • "Касал шудам, аз ҳисоби худамон табобат кардем. Чанде хешу табор фавтиданд. Фарзандон харҷ карданд. Дору даркор мешуд, мегуфтем, фарзандон ёфта меоварданд. Он вақт дору ҳам камёфт шуд. Як доруи панҷоҳ сомониро ба 350 сомонӣ ҳам фурӯхтанд. Ин ғорати мардум аст. Дар чунин вақт мардум бояд дастгири якдигар бошад, на ин ки аз ин фурсат суистифода кунад. Ин кори хуб нест."

Сарфи назар аз ин ки бар асоси Қонуни Асосӣ Тоҷикистон давлати иҷтимоӣ аст ва пешбинӣ мекунад, хидматрасонии тиббӣ ройгон бошад, амалан, тақрибан ҳамеша барои табобат зарур мешавад, ки пардохт намуд. Тибқи қарори рақами 600 аз соли 2008 як қатор хидматрасониҳои тиббиву беҳдоштии ройгон радабандӣ шудаанд, ки ба шаҳрвандон дар муассисаҳои тандурустии давлатӣ расонида мешаванд.

Дар ин санад, ҳамчунин нархномаи баъзе аз хидматрасониҳои тиббӣ оварда шудааст. Миёни хидматрасониҳои тиббии ройгон - муроқибати фаврӣ, ёрии аввалияи тиббиву беҳдоштӣ, таҳқиқоти пойгоҳӣ ва озмоишгоҳӣ, воксинкунии кӯдакон дар доираи барномаҳои эмкунӣ оварда шудааст.

Агар Шумо ҳам дар ин бора гуфтанӣ доред, дар зери матлаб нависед ё дар видео сабт кардаву ба мо фиристед. ИМО-ву Телеграм ва Вайберу Вотсап дорем.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG