Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳаким Фузайлов сармураббии нави "Хуҷанд" шуд


Ҳаким Фузайлов, сармураббии нави дастаи "Хуҷанд".
Ҳаким Фузайлов, сармураббии нави дастаи "Хуҷанд".

Футболбози машҳури тоҷик, сармураббии собиқи дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон Ҳаким Фузайлов то охири мавсими имсола бошгоҳи лигаи олӣ – “Хуҷанд”-и Хуҷандро раҳбарӣ хоҳад кард.

Тибқи иттилои дафтари матбуоти бошгоҳи “Хуҷанд”, Никола Лазаревич, ки дар аввали сол сармураббии даста таъин шуда буд, бинобар бастани сарҳадҳо дар байни кишварҳо бар асари пандемияи ҷаҳонии коронавирус, ба даста кӯмак карда наметавонад. Ҳоло ӯ дар зодгоҳаш дар Сербия ба сар мебарад.

"Мо маҷбур шудем, ки бо сабаби вазъияти ҷаҳонӣ ва алахусус дар клуб, дар паси мизи гуфтушунид нишинем. Дар натиҷаи гуфтушунидҳои пурсамар бо ҳайати мураббиёни феълӣ ва роҳбарияти клуб, ҷонибҳо ба хулосае омаданд, ки даста ба сармураббӣ ниёз дорад. Мутаассифона, Никола Лазаревич дар Сербия аст ва имкони ҳамроҳ шудан ба дастаро бо сабабе, ки ҳама мефаҳмад, надорад. Мо бо Ҳаким Қаюмович розӣ шудем, ки вай дастаро ба мусобиқаҳои дарпешистодаи ватанӣ ва байналмилалӣ омода мекунад ва шартнома то охири сол эътибор дорад", - гуфт Муродҷон Умаров, мудири иҷроияи бошгоҳи "Хуҷанд".

Ёдовар мешавем, чанд рӯз пеш Ҳаким Фузайлов бар асари идомаи пандемияи коронавирус бошгоҳи футболи навтаъсиси премйер-лигаи Қирғизистон - "Каганат"-и Ушро тарк кард.

"Мо ба Фузайлов Ҳаким Қаюмович барои коре, ки дар давраи душвори клуб ба анҷом расонида шуд, арзи сипос менамоем. Ӯ дар як муддати кӯтоҳ тавонист дастаро ҷамъ оварад ва бо касбияти баланд ба оғози чемпионат омода созад. Аммо вазъият бо пандемия ба он оварда расонд, ки сармураббӣ ва роҳбарият қарор доданд ҳамкориро қатъ кунанд", - зикр шудааст дар изҳороти бошгоҳи футболи "Каганат".

Дар охири моҳи июн Иттифоқи футболи Қирғизистон эълом кард, ки қаҳрамонии кишварро 11-уми июл дубора барқарор менамояд, вале ба иллати якбора зиёд шудани шумораи беморони гирифтори коронавирус дар ҷумҳурӣ, тасмим гирифт оғози мусобиқаро ба таъхир гузорад.

Ҳаким Фузайлов, ки мавсими гузашта сармураббии дастаи "Истиқлол"-и Душанбе буд, баъди он ки бозии даври охирини марҳилаи гурӯҳии Ҷоми АFC-2019-ро дар гурӯҳи "D" дар майдони худ бо тими “Алтин Асир”-и Туркманистон бо ҳисоби мусовии 1:1 анҷом дод ва аз ҳаққи ширкат дар даври баъдии мусобиқа маҳрум шуд, 27-уми июн бо хоҳиши худ аз вазифааш истеъфо дод.

“Истиқлол” бо раҳбарии Ҳаким Фузайлов порсол Ҷоми ФФТ (Федератсияи футболи Тоҷикистон)-ро ба даст овард. Баъдан дар бозӣ барои Ҷоми олии Тоҷикистон бар дастаи «Хуҷанд» бо ҳисоби 3:0 ғолиб омад.

Вале “Истиқлол” 12-уми феврали соли гузашта дар бозии марҳилаи дувуми муқаддамотии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2019 дар меҳмонӣ аз тими мизбон – АГМК-и Олмалиқ, барандаи Ҷоми Узбекистон-2018, бо ҳисоби 2:4 шикаст хӯрд ва аз ҳаққи мубориза ба сабқати гурӯҳӣ маҳрум гашт.

Ҳаким Фузайлов 12-уми августи соли 1964 дар шаҳри Қӯрғонтеппа (ҳозира Бохтар) ба дунё омада, собиқаи футболбозиашро солҳои 1982-1983 ба ҳайси ҳимоятгар дар дастаи “Пахтакор”-и Қӯрғонтеппа дар лигаи дуюми қаҳрамонии футболи СССР шурӯъ кардааст.

Баъди адои хидмати низомӣ, Ҳаким Фузайлов соли 1986 ба “Помир”-и Душанбе пайваст, ҳамроҳ бо ин даста аз лигаи якум ба лигаи олӣ баромад. Соли 1992, дар пайи пош хӯрдани Иттиҳоди Шӯравӣ, ба бошгоҳи “Локомотив”-и Маскав гузашт. Солҳои 1992-1995 дар “Локомотив” ва баъдан то соли 1997 дар “Арсенал”-и Тула бозӣ кард.

Ҳаким Фузайлов дар тӯли собиқаи футболбозиаш 372 маротиба ба майдон баромада, 21 гол задааст. Ӯ аз ҷумла 6 дафъа либоси дастаи миллии футболи Тоҷикистонро ба тан карда, як дафъа ба дарвозаи мунтахаби Узбекистон дар соли 1996 гол задааст. Дар он бозии марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё тими Тоҷикистон дастаи Узбекистонро бо ҳисоби бузурги 4:0 шикаст дод, вале дар бозии ҷавобӣ дар Тошканд бо ҳисоби боз ҳам бузургтари 0:5 шикаст хӯрд. Ҳаким Фузайлов дар он бозӣ капитани мунтахаби Тоҷикистон буд.

Фузайлов баъди анҷоми фаъолияти бозигариаш ба кори мураббигӣ гузашт. Ӯ дар гузашта бошгоҳҳои футболи “Бухоро”, “Динамо”-и Самарқанд, “Андиҷон”, “Локомотив”-и Калуга ва “Локомотив”-и Тошкандро ба ҳайси сармураббӣ машқ дода, дар “Локомотив”-и Маскав ва “Терек”-и Грозний ба ҳамдастаи собиқаш дар “Помир” Рашид Раҳимов ҳамчун дастёри сармураббӣ кумак кардааст.

Ҳаким Фузайлов моҳи январи соли 2016 муовини роҳбари департаменти техникии Федератсияи футболи Тоҷикистон таъйин шуд. Аз моҳи апрели соли 2016 то марти соли 2018 сармураббии дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон буд.

Ӯ баъди бохти тими миллии Тоҷикистон дар бозии даври охирини марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2019 дар шаҳри Манила ба тими миллии Филиппин бо ҳисоби 1:2 ва маҳрум шудан аз ҳаққи ширкат дар қисми ниҳоии мусобиқа 27-уми марти соли 2018 аз вазифаи сармураббии дастаи мунтахаби кишвар истеъфо дод.

Ҳаким Фузайлов дорои муҷаввизи дараҷаи "Pro" мебошад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG