Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар се моҳ дар Тоҷикистон 59 кас аз коронавируси нав ҷон бохтаанд


Акс аз фурудгоҳи Алмаатои Қазоқистон
Акс аз фурудгоҳи Алмаатои Қазоқистон

Мақомоти Тоҷикистон эълон карданд, ки дар се моҳи ахир дар кишвар 59 нафар аз коронавируси нав ҷон бохтанд. Ин омори расмӣ аст ва бархе аз сокинону мутахассисон ба дурустии он бо шубҳа менигаранд. Дар феҳрасти ғайрирасмии фавтидагон аз бемории ҳамагир дар Тоҷикистон то 22-юми июл номи беш аз 440 нафарро навиштаанд. Ин феҳрастро бар асоси хабари расонаҳо, шабакаҳои иҷтимоӣ ва иттилои наздикони фавтидагон таҳия мекунанд.

Ҷамолиддин Абдуллозода, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон, рӯзи 24-уми июл дар нишасти матбуотӣ дар бораи гуногунии омор гуфт, "танҳо рақамҳои пешниҳодкардаи ин ниҳод дуруст аст".

Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, дар як шабонарӯзи ахир 46 нафарро ҳамчун гирифтор ба коронавирус сабт кард ва 1 нафар низ фавтидааст.

Теъдоди фавтидагон бар асоси иттилои расмӣ ба 59 нафар ва шумораи умумии гирифторони коронавирус ба 7150 нафар расидаааст. Мақомот мегӯянд, 5906 нафар табобат ёфтаанд.

Аввалин мавриди сирояти коронавирус дар Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел эълон шуд ва мақомот дар он рӯз гуфтанд, ки 15 нафар ба СОVID-19 гирифтор шудаанд. Дар охири моҳи май рӯзона аз сирояти беморӣ ба 200 нафар гузориш медоданд, вале дар чанд ҳафтаи гузашта ба қавли мақомот, суръати густариш сусттар шудааст.

Мутахассисон мегӯянд, мумкин аст, теъдоди гирифторону талафот аз беморӣ дар Тоҷикистон зиёд бошад.

Коронавируси нав, ки охири соли гузашта дар шаҳри Вуҳани Чин кашф шуд, то кунун ба бештар аз 15 миллион нафар дар саросари ҷаҳон сироят карда, беш аз 640 ҳазор касро куштааст. Зиёда аз 9 миллион нафар шифо ёфтаанд.

XS
SM
MD
LG