Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Оби Вахш кам шуд". Тоҷикистон интиқоли барқро ба Афғонистону Узбекистон коҳиш дод


Раиси ширкати "Барқи Тоҷик" тасдиқ кард, ки аз субҳи 27-уми июл интиқоли нерӯи барқро ба Афғонистон кам кардаанд. Мирзо Исмоилзода дар нишасти матбуотӣ сабаби чунин тасмимро ба "кам ворид шудани об ба дарёи Вахш" рабт дод. Вай гуфт, бо айни далел аз 16-уми июл содироти барқро ба Узбекистон низ коҳиш доданд.

Аз ин пеш "Брешно", ширкати таъминкунандаи нирӯи барқ дар Афғонистон, эълон кард, ки Тоҷикистон содироти барқро ба кишвари ҳамсоя 90 дарсад коҳиш додааст. Ширкат 27-уми июл гуфт, агар Тоҷикистон пештар ба Афғонистон 450 мегават барқ медод, ҳоло онро ба сатҳи 40 мегават поин овард.

Дар вилояти Кобул, Нангарҳор, Лағмон, Лугар, Пактико, Парвон, Панҷшер, Каписо ва Бағлон аз нирӯи барқи воридотӣ аз Тоҷикистон истифода мекарданд. "Брешно" гуфтааст, то замони ёфтани манобеи дигар Кобул ва вилоятҳои дигар бо навбат барқ дарёфт хоҳанд кард.

Мақомоти Афғонистон гуфтаанд, ҳоло ба гирифтани 450 мегават нирӯи барқ аз Узбекистон талош доранд.

Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯянд, дар ним соли гузашта бештар ба таъмини "эҳтиёҷоти дохилӣ" бартарӣ доданд ва содироти барқ ба хориҷи кишвар дар муқоиса ба ҳамин давраи соли 2019 беш аз 324 миллион киловат соат кам шуд. Ба иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар ин давра ба Афғонистон беш аз 546 миллион киловат соат ва ба Узбекистон беш аз 358 миллион киловат соат нирӯи барқ додааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG