Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ба зидди чанд мақоми "Агроинвестбонк" парванда боз кардаанд. ВИДЕО


Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон нисбат ба як гурӯҳ аз масъулони "Агроинвестбонк" парвандаи ҷиноӣ кушодааст. Ин афрод ба "қонуншиканӣ ҳангоми додани қарзҳо" муттаҳам мешаванд. Ному насаби онҳо эълон нашудааст ва маълум нест, худи онҳо дар ин робита чӣ назар доранд.

Сулаймон Султонзода, раиси Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон, рӯзи 28-уми июл ҳангоми нишасти хабарӣ гуфт, қарзҳои додаи гумонбарон 391 миллион сомониро ташкил медиҳад.

Ба гуфтаи Султонзода, дар баробари масъулони ин бонк, ба зидди намояндагони бархе аз ширкатҳо, ки аз "Агроинвестбонк" қарз гирифтаанд, низ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Масъулони Оҷонсӣ шумораи афродеро, ки алайҳи онҳо парванда боз шудааст, зикр накарданд ва танҳо гуфтанд, дар ин бора баъдан маълумот хоҳанд дод.

Соли гузашта низ Оҷонси назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон бо дастури Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳурӣ дар "Агроинвестбонк" тафтиш гузаронда, даҳҳо миллион сомонӣ зарарро ошкор карда буд. Аз он пеш дар соли 2018 Муродалӣ Алимардон, раиси "Агроинвестбонк"-ро бозпурсӣ карда буд.

"Агроинвестбонк" тақрибан панҷ сол боз бо бӯҳрон рӯбарӯст ва наметавонад беш аз 730 миллион сомонӣ амонати мардумро баргардонад.

Ба зидди чанд мақоми "Агроинвестбонк" парванда боз кардаанд
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:41 0:00

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG