Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони лимити барқ дар Тоҷикистон. Ҳукумат гуфт, оби Норак 17 метр кам шуд


Акс аз бойгонӣ

Ҳукумати Тоҷикистон эълон кард, ки дар пайи шадидан кам шудани оби обанбори нирӯгоҳи Норак маҷбур шудааст дар фасли гармо "лимит" ё маҳдудияти нерӯи барқро ҷорӣ кунад, то мардум дар тирамоҳу зимистон ба мушкили ҷиддӣ дучор нашаванд. Ҳукумат рӯзи 28-уми июл дар изҳороти расмӣ аз кам шудани об дар рӯдхонаҳои Вахшу Панҷ ҳам хабар дод ва гуфт, "чунин вазъият дар таърихи Тоҷикистон бори аввал ба вуҷуд омад".

Соли 2017 мақомоти Тоҷикистон расман лимити барқро бекор карданд. Баъди ба кор даромадани ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ва фаъол шудани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе умеди сокинон ба дарёфти барқи бештар ва муназзам зиёд шуд, аммо ҳар дафъа қатъи нерӯи барқ бо баҳонаҳои "таъмир" ва "камии об" шикояти сокинонро ба вуҷуд меорад.

"Имрӯзҳо дар обанбори Норак захираи об нисбат ба соли гузашта 17 метр кам аст. Агар чунин вазъ идома ёбад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд", -- гуфта шудааст дар муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон ба мардум.

Бинобар он, мақомот аз сокинон хостаанд, ки ҷорӣ шудани лимит ё маҳдудияти интиқоли нерӯи барқро аз тарафи ширкати "Барқи Тоҷик" "дуруст дарк кунанд". Дар ин давра, ба иттилои расмӣ, барои фасли тирамоҳу зимистони дарпешистода дар обанбори Норак об захира карда хоҳад шуд.

Эълони ҳукумат дар ҳоле нашр шуд, ки як рӯз пеш ширкати "Брешно" гуфт, Тоҷикистон содироти барқро ба Афғонистон то 90 дарсад кам кардааст. Масъулони ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯянд, ба далели камии об дар дарёи Вахш маҷбур шуданд аз 16-уми июл содироти барқро ба Узбекистон низ коҳиш диҳанд.

Ҳанӯз маълум нест, ки интиқоли нирӯи барқ ба хонаҳои мардум дар як рӯз чанд соат қатъ хоҳад шуд. Дар гузашта дар давраи "лимит" сокинон ҳамагӣ чаҳор ё панҷ соат барқ мегирифтанд.

Чанде аз корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ навиштаанд, ки як ҳафта боз бо маҳдудият нирӯи барқ мегиранд. Яке аз онҳо аз ноҳияи Спитамен навиштааст, баъзе аз хоҷагиҳои деҳқонӣ низ ба сабаби набудани барқ заминҳои кишти худро об дода наметавонанд ва эҳтимоли "сӯхтан"-и зироаташон ҳаст.

Камбуди барқ яке аз мушкили аслии ҳукумати Тоҷикистон аст. Ҳалли ин мушкил аз се ҳадафи стратегии ҳукумат ба ҳисоб меравад. Қаблан бархе аз таҳлилгарон пешниҳод карда буданд, ки Тоҷикистонро на нерӯгоҳҳои барқи обӣ, балки бунёди марказҳои барқу гармидиҳӣ ё нирӯгоҳҳои бодӣ аз камбуди барқ наҷот хоҳанд дод.

Таҷрибаи маҳдуд кардани интиқоли барқ ба хонаҳои мардум соли 1996-1997 шуруъ шуд. Мавзӯи камбуди нерӯи барқ дар Тоҷикистон аз як мушкили ҷиддии иҷтимоӣ то ба ҳадди проблемаи сиёсӣ расида буд. Соли 2008 дар авҷи норасоии нерӯи барқ ва сардии бесобиқаи ҳаво, чанд ҳолати фавти тифлони навзод дар таваллудхонаҳо аз бебарқӣ сабт шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (55)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG