Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Достони "муваффақиятҳо"-и Узбекистон зуд ба охир мерасад?


Брюс Паннир,

Бахши марказии Радиои Озодӣ

Мансабдорони Узбекистон дар оғози паҳншавии бемории ҳамагир дар бораи муваффақиятҳои худ барои муқобила бо он хабар медоданд. Омори расмӣ ҳам зоҳиран гуфтаҳои онҳоро тасдиқ мекард, вале шикояти сокинони Узбекистон дар ҳафтаҳои ахир аз вазъи хеле бад дар шифохонаву минтақаҳои карантинӣ ин ҳамаро зери суол гузоштааст. То куҷо мақомоти Узбакистон дар ин вазъият шаффофу ошкор буданд ва оё Узбекистон дар роҳи мубориза бо коронавируси нав воқеан муваффақ буд?

Ба назар мерасид, ки дар Узбекистон талошҳо барои пешгирӣ аз коронавируси нав хуб оғоз шудааст ва мақомоти ин кишвар барои буҳрон дар соҳаи тандурустӣ омодаанд. Дар ҳафтаҳои ахир вазъ пурра фарқ мекунад.

Оё вазъ аз аввал таҳти назорат буд?

Мавриди нахустини гирифторӣ ба COVID-19 дар Узбекистон рӯзи 15-уми марти имсол сабт шуд. Баъд аз як ҳафтаи он Узбекистон марзҳояшро бо кишварҳои дигар баст ва ҳукумат дастур дод, барои муҳоҷироне, ки аз Русия баргардонда мешаванд, марказҳои карантинӣ таъсис диҳанд.

Ҳарчанд ба назар мерасид, ки Узбекистон барои пешгирӣ аз паҳншавии беморӣ саривақт чораҳои зарурӣ меандешад, зоҳиран вазъ хеле зуд аз зери контрол берун шуд. Аммо оё вазъ аз аввал таҳти назорат буд?

Бахши узбекии Радиои Озодӣ рӯзи 17-уми январи имсол аз густариши зуком дар пойтахти Узбекистон гузориш дод. Ин як зукоми маъмулӣ буд, вале шуъбаи кӯдаконаи бемористони вилоятии Тошканд пур аз бемор шуд ва ба далели набудани ҷой бархе аз кӯдакон бо таби баланд дар қабулгоҳи шифоххонаҳо ва дар рӯйи замин хобида интизор мемонданд.

Ин вазъ дар беморхонаи Тошканд, шаҳре, ки дорои шароити хуби иқтисодӣ ва мағозаҳои қадимтарину муассисаҳои тиббии муосиру муҷаҳҳаз аст, низ мушоҳида шуд. Таҳлилгарон мегӯянд, агар вазъ дар беморхонаи марказии пойтахт чунин буд, пас, ҳадс задан мумкин аст, ки беморхонаҳои дур аз марказ чӣ шароите доранд.

Муқоиса бо Қазоқистон

Мақомоти Қазоқистон аз нахустин мавриди гирифторӣ ба коронавирус 13-уми март, ду рӯз қабл аз Узбекистон хабар доданд. Рӯзи 1-уми апрел Қазоқистон эълон кард, ки 369 ҳолати фавт аз ин бемориро сабт кардааст. Рӯзи 16-уми апрел Қазоқистон хабар дод, ки Узбекистон аз лиҳози омори беморӣ аз онҳо пеш гузаштааст. Он замон шумори беморон дар Узбекистон ба 1302 ва дар Қазоқистон ба 1295 нафар баробар буд.

Ин ки дар Узбекистон дар муқоиса бо кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ шумори беморон бештар аст, ногузир ба назар мерасид. Ин кишвар беш аз 30 миллион аҳолӣ дорад, дар ҳоле ки шумори аҳолии Қазоқистон ба 18 миллион баробар аст.

Дар охири моҳи май вазири меҳнати Узбекистон Эркин Муҳиддинов гуфт, тақрибан 500 ҳазор муҳоҷир ба далели аз даст додани ҷойҳои кории худ ба Узбекистон баргаштаанд. Бозгашти муҳоҷирон ба кишвар идома дорад ва онҳо гурӯҳ-гурӯҳ тавассути автобусу мошин ба сафар баромадаву дар марзи Русия бо Қазоқистон дар интизори дарёфти иҷозаи бозгашт ба ватан ҳафтаҳову моҳҳо интизор мемонанд.

Ҷамъшавии садҳо нафар дар як ҷо хатари мубтало шудан ба вирус ва паҳншавии бемориро зиёд кардааст. Вале бо кадом сабабе шумори беморон дар Қазоқистон афзоиш меёбад ва дар айни ҳол дар Узбекистон рақамҳо "фақат андаке" боло рафтаанд. То 29-уми июл дар Қазоқистон беш аз 86 ҳазор мавриди гирифторӣ ва 793 ҳолати фавт аз COVID-19 сабт шудааст. Дар Узбекистон шумори гирифторон 22100 ва талафот ҳамагӣ 127 ҳолат гуфта мешавад.

Марказҳои карантинӣ чӣ вазъ доранд?

Мақомоти Узбекистон дар ҳар як вилоят минтақаҳои карантинӣ таъсис доданд, аммо аз аввал дар ин марказҳо мушкилӣ ҷой дошт. Тақрибан ду ҳафта пас аз эълони нахустин ҳолати гирифторӣ ба COVID-19 дар марказҳои карантинии Узбекистон аллакай 28 ҳазор нафар ҷой карда шуданд.

Дар ин марказҳо дар ҳар ҳуҷра аз 4 то 6-нафарӣ ҷой карда шуда, баъзе аз онҳо марказҳоро ба урдугоҳи паноҳандаҳо монанд мекунанд.

Собирҷон Абдукаримов, вазири тозатаъйини беҳдошти Қирғизистон, рӯзи 3-юми апрел гуфт, як сабаби паҳн шудани коронавирус дар кишвар маҳз нигаҳдории мардуми зиёд дар марказҳо барои карантин буд. Мансабдорони узбек чунин чизе нагуфтаанд, вале рӯзи 20-уми июл бахши узбекии Радиои Озодӣ хабар дод, ки аз 566 нафари гирифтори коронавирус дар 24 соати ахир 110 нафари онҳо дар марказҳои карантинӣ қарор доштаанд. Рӯзи 15-уми июл "Озодлик" иттилоъ дод, ки аз 494 нафаре, ки нав бемор шуданд, 303 нафарашон дар карантин будаанд.

Гузоришҳо дар бораи бадрафторӣ ва худкушӣ, риоя нашудани қоидаҳое чун риояи фосилаи ҷисмонӣ ҳам дар минтақаҳои карантинӣ расонаӣ мешаванд.

Пизишкон мегӯянд, васоили муҳофизатӣ надоранд

Дилором Абдуваҳҳобова, корманди "Ёрии таъҷилӣ" дар суҳбат бо бахши узбекии Радииои Озодӣ гуфт, вай ба мақомот муроҷиат карда, хостааст, ӯву ҳамкоронашро бо либоси муҳофизатӣ таъмин кунанд, аммо муроҷиатҳояш беҷавоб мондаанд. Беморон аз он шикоят мекунанд, ки ба занги онҳо дар “Ёрии таъҷилӣ” тавсия дода мешавад, ба рақами дигар занг зананд. Дар беморхона ҳам на ҳама қабул карда мешаванд. Пизишкон ҳам шикоят доранд, ки на мукофотпулиҳои ваъдагӣ ва на маоши худро сари вақт гирифта наметавонанд.

Бо ин ҳол пизишкон мегӯянд, маҷбур карда мешаванд, ки бо дасти худ баёнот нависанд, ки агар ҳангоми иҷрои вазифаи хидматӣ ба коронавирус мубтало шаванд, танҳо худашон айбдор ҳастанд.

Бахши узбекии Радиои Озодӣ чанде пеш ҳамчунин аз камчин шудани дору дар дорухонаҳои ин кишвар гузориш дод. Дар ин кишвар мардум қариб тамоми доруҳоро харида, дарёфти оддитарин доруҳо барои табу сулфа мушкил шудааст.

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев рӯзи 16-уми июл вазири беҳдошти ин кишвар Алишер Шодмонов, шаҳрдори Тошканд Ҷаҳонгир Ортиқхоҷаев ва раҳбарони дигари минтақаҳои кишварро барои “нокомӣ” дар бархӯрд бо буҳрони коронавирус сарзаниш кард. Раҳбарони 11 ноҳияи Тошанд бояд тавассути телевизион аз мардум барои ноуҳдабароии худ дар мубориза бо коронавирус узр мепурсиданд.

Пизишкони зиёде дар ин кишвар дар пайи гирифторӣ ба COVID-19 фавтиданд. Аз ҷумла, Холишон Ҷалолова, ки ба гуфтаи хонаводааш, бо таби баланд беморонро муолиҷа мекард, аз ин беморӣ ҷон бохт. Мукамбара Умарова, духтари ин пизишки 48-сола мегӯяд, модараш 20 сол дар соҳаи тандурустӣ кор кардааст, аммо хеле дер аз тест гузашт ва бояд то сиҳат шудан кор намекард. Ба гуфтаи ӯ, ба модараш барои кори изофӣ маблағе пардохт нашуд ва мукофотпулиҳои ваъдагии ҳукуматро ҳам ӯ надид.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

Шарҳҳоро бинед (1)

Корбарони азиз! Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
Ин баҳс баста шудааст.

Шарҳҳо

Шарҳи нав расид
Идома
XS
SM
MD
LG