Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбатҳои Трамп дар бораи таъхири интихобот аз ҷониби ҷумҳурихоҳҳову демократҳо рад шуд


Президенти ИМА Доналд Трамп
Президенти ИМА Доналд Трамп

Ҷумҳурихоҳҳову демократҳои Конгресси ИМА рӯзи 30 июл хеле зуд ҳарфҳои президент Доналд Трампро дар бораи эҳтимоли ба таъхир андохтани интихоботи президентии моҳи ноябрро бо сабабҳои гӯё тақаллуб шудани овоздиҳии фосилавӣрад карданд. Чандин узви ҷумҳурихоҳ, аз ҷумла раҳбари аксарият дар Сенат Митч МакКоннелл (ҷумҳурихоҳ аз Кентакки) гуфт, ки ҳеҷ гоҳ дар таърихи кишвар интихоботи федеролии дар қонун навишташуда тағйир наёфтааст. Дар вокуниши ҳамчунон сареи демократҳо раиси кумитаи назорати амнияти интихоботӣ Зой Лофгрен (демократ аз Калифорния), ҳарфҳои президентро башиддат интиқод кард.

Чанде баъд аз ин Трамп ба журналистон гуфт, ки ӯ хостори таъхир набуд, вале ҳамчунин намехоҳад, ки давоми моҳҳо мунтазири баргаҳои раъйдиҳӣ бишавад ва натиҷааш ин шавад, ки “интихобот ҳеҷ маъное надошт”.

Овоздиҳӣ тавассути почта дар давраи пандемия яке аз мавзӯъҳои баҳсбарангез дар ИМА шуд. Бархе иёлот мегӯянд, ки чунин шакли овоздиҳӣ амн аст. Трамп рӯзи 30 июл дар Твиттер имкони ба таъхир андохтани интихоботро матраҳ кард. Санаи интихоботро қонуни федеролӣ таъин мекунад ва танҳо Конгресс ҳақ дорад, ки онро тағйир бидиҳад.

XS
SM
MD
LG