Дар чанд ҷумла
Пайкараи маршал Рокоссовскийро дар Полша дуздидаву бесар карданд. АКС
Дар шаҳри Легнитсеи Полшаи ғарбӣ афроди номаълум пайкараи маршали Иттиҳоди Шӯравӣ ва Полша Константин Рокоссовскийро дуздиданд. Ҳодиса шаби 30 июл рух додааст. Ходимони полис баъди ҷустуҷӯҳо пайкараро бо сари бурида дарёфт карданд. Ҷустуҷӯи гумонбарон идома дорад.
Пайкараи Рокоссовский дар назди як қабристони шаҳрии сарбозони Артиши сурх гузошта шуда як бахше аз осорхонаи таърихии маҳаллӣ буд. Маршал Константин Рокоссовский соли 1896 дар Варшава таваллуд шуда, дар ҳайати артиши рус дар Ҷанги дуюми ҷаҳон хидмат кардааст. Соли 1917 ихтиёран ба Артиши сурх рафт. Ӯ ягона низомие буд, ки якбора маршали ду кишвар – СССР ва Полша шуд. Замони раҳбарии Сталин дар соли 1937 ӯро боздошт ва дар ҳамкорӣ бо ҷосусии Полша муттаҳам карданд. Соли 1940 дар мақомаш барқарор шуд. Ӯ яке аз фармондеҳои калони Ҷанги дуюми ҷаҳон буд ва соли 1945 раҳбарии паради ғалабаи Майдони сурхи Маскавро ба ӯҳда дошт.
Ҳайкали Рокоссовский дар Полша вокунишҳои якранг надоранд. Аз як сӯ нирӯҳои Фронти якуми Беларусӣ таҳти раҳбарии ӯ Полшаро аз зери дасти фашистони нозӣ озод карданд ва худи ӯ ҳам ба ватани таърихиаш муҳаббати зиёд дошт. Аз сӯи дигар, ин фармондеҳи низомӣ як тарафдори ашаддии Сталин буд ва, аз дидгоҳи миллатгароҳо, баъди озод шудани Полша ҳукумати ишғолгаронаи шӯравиро намояндагӣ кардааст.
Ҳамаи хабарҳои имрӯзро дар инҷо бихонед
Додситон гуфт, 405 тан баъди гузоштани "лайк" муҷозот нашуданд
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, соли гузашта 405 нафар дар зери маводҳои мамнӯъ дар шабакаҳои иҷтимоӣ аломати писанд ё "лайк" гузоштанд, аммо бар асоси қонуни нав аз ҷавобгарии ҷиноӣ озод шуданд.
Ҳабибулло Воҳидзода, Додситони кул 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, нисбати ин афрод эзоҳи моддаҳои дахлдори Кодекси ҷиноятӣ татбиқ ва "онҳо аз ҷавобгарии ҷиноятӣ озод карда шуданд".
Моҳи майи соли 2025 ҷазои ҷиноӣ барои "лайк"-гузорӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ бекор шуд. Ангушт задан ба аломати "писанд" ё "лайк" дар зери матлабҳои интернетӣ қаблан садҳо касро ба зиндон бурда буд.
Додситони кулли Тоҷикистон 13-уми феврал гуфт, дар пайи бекор шудани ҷазо барои гузоштани “лайк” дар шабакаҳои иҷтимоӣ, содиршавии ҷиноятҳои марбут ба ифротгароӣ назар ба як соли пеш 314 адад ё 23 дарсад кам шудааст.
Ба иттилои расмӣ, дар Тоҷикистон беш аз якуним ҳазор кас барои гузоштани "лайк" ва навиштани шарҳ дар зери матлабҳои, ба гуфтаи мақомот, "дорои хусусияти ифротӣ", ҷазо гирифтаанд.
Вакилони порлумони Тоҷикистон дар моҳи июни соли 2018 дар пайи ислоҳи Кодекси ҷиноии кишвар дар қонунгузорӣ "сафедкунии оммавии терроризм тариқи шабакаи Интернет"-ро ҷурм шинохтанд ва ин меъёр дар миёни мардум бо моддаи ҷазо барои "лайк" маъруф аст.
Намояндагони Осиёи Миёна вазъи Афғонистонро баррасӣ карданд
Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон мегӯяд, ки дар нишасти фавқулодаи Гурӯҳи тамоси намояндагони вижаи Осиёи Миёна дар бораи Афғонистон, роҷеъ ба вазъияти кунунии ин кишвар ва густариши робитаҳои тиҷоратӣ ва иқтисодӣ гуфтугӯ шудааст.
Ин нишаст рӯзи 16 феврал дар шаҳри Остона, пойтахти Қазоқистон баргузор шуд. Ҳеч намояндае аз Афғонистон дар он ҳузур надоштааст.
Дар эъломияи Вазорати корҳои хориҷии Қазоқистон омадааст, ки дар ин нишаст ҳамчунин роҷеъ ба ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт ва боркашонӣ аз тариқи Афғонистон ва низ амнияти минтақавӣ, баҳсҳо сурат гирифтааст.
Эркин Тукумов, намояндаи вижаи Қазоқистон барои Афғонистон гуфтааст, ки дар ин нишаст дар бораи роҳҳои муҳими ҳамкорӣ бо Кобул табодули назар сурат гирифт.
Дар ин нишаст намояндагони вижаи Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистон барои Афғонистон, ҳузур доштаанд.
Ин гурӯҳи тамос дар соли 2025 бо ибтикори Узбекистон таъсис ёфт ва нахустин нишасти он 26 августи ҳамон сол дар шаҳри Тошканд баргузор шуд.
Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳукумати Толибонро ба расмият намешиносанд, аммо аксари онҳо бо ин низом робитаҳои наздики сиёсӣ ва иқтисодӣ доранд.
Блогерони тоҷик беш аз 12 млн сомонӣ даромад гирифтаанд
Соли гузашта блогерони тоҷик 12,8 миллион сомонӣ ё 1,3 миллион доллар даромад гирифтаанд.
Намояндагони Кумитаи андози Тоҷикистон 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфтанд, блогерон соли гузашта ба давлат 2,4 миллион сомонӣ ё 257 ҳазор доллар молиёт супоридаанд.
Ҳаҷми молиёти супоридаи блогерон назар ба як соли пеш 97,3 ҳазор сомонӣ ё 10 ҳазор доллар камтар будааст.
Мустақилона тасдиқи ин рақамҳо аз манобеи мустақил имконпазир нест.
Тибқи омори расмӣ, феълан 119 нафар ҳамчун блогер дар Кумитаи андоз сабт шудаанд.
Сабти номи блогерҳо дар Тоҷикистон соли 2020 сар шуд.
Мақомот ба ин бахш замоне таваҷҷуҳ карданд, ки сафи блогерон барои гирифтани даромад бештар шуд.
Вакил хоҳони сахттарин ҷазо ба гумонбарони "Крокус" шуд
Вакили ҷабрдидагони ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳол"-и Маскав гуфтааст, дар мурофиаи навбатӣ аз додрас талаб хоҳанд кард, ки ба ҳамаи муттаҳамон "ҷазои сангинтарин" дода шавад.
Людмила Айвар дар ин бора рӯзи 16-уми феврал ба хабаргузории расмии ТАСС мусоҳиба додааст.
Аз рӯйи қонунҳои Русия ҳукми сангинтарин ҳабси абад аст.
Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав, ки рӯзи 22-юми марти соли 2024-ум рух дод, 149 нафар нафар кушта ва 609 кас маҷрӯҳ шуданд.
Муҳокимаи гумонбарон аз моҳи августи 2025 дар Додгоҳи дуюми ҳавзаи ғарбии низомӣ дар Маскав ҷараён дорад.
Дар курсии айбдорӣ 19 нафар нишастаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.
Мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва маълум нест, то куҷо ҳуқуқи гумонбаршудагони ҳамла ба "Крокус" риоя мешавад.
Нерӯҳои қудратии Русия ҳангоми боздошти гумонбарон даст ба азияту шиканҷаи бераҳмонаи онҳо заданд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба мисли Human Rights Watch гуфтанд, ба эътирофи гумонбарон бовар кардан душвор аст.
"Қанди порсӣ"-ро ба Нигина Амонқулова ва ду нафари дигар додаанд
Ҷоизаи имсолаи "Қанди порсӣ", ки барои талошҳо дар роҳи посдорӣ ва густариши забони порсӣ дода мешавад, имсол насиби овозхони маъруфи Тоҷикистон Нигина Амонқулова, устоди Донишгоҳи Принстони Амрико Майкл Берӣ ва адабиётшинос аз Афғонистон Латиф Нозимӣ гаштааст.
Тақдими ҷоиза рӯзи 15-уми феврал дар ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон дар Донишгоҳи Вестминистери Бритониё баргузор шуд.
Исфандиёри Одина, рӯзноманигори тоҷик дар Лондон, рӯзи 16-уми феврал ба Радиои Озодӣ гуфт, Нигина Амонқулова барои таронаҳояш, ки дар густариши забони форсӣ саҳмгузор аст, барандаи ҷоиза шуд.
“Аз ҷумла, масъулони Конун иҷрои таронаҳои Мавлавиро дар ҳамоиши ЮНЕСКО, ки бо хонандаҳои эронӣ дар гурӯҳи ҳунарии Фулодванд иҷро карда буд, қадр карданд,” – афзуд ӯ.
Ҳамоиши Конуни фаромарзии ҳамёрии порсизабонон аз соли 2014 дар маркази Бритониё баргузор мешавад ва ҷоизааш 500 фунт стерлинг, муодили тақрибан ҳафтсад доллар, аст.
Ин ҷоизаро соли 2024 ба Гулрухсори Сафӣ (Гулрухсор Сафиева), шоири саршинос аз Тоҷикистон ва Аминаи Шарофиддин (Амина Шарофиддинова), фаъоли тоҷик аз Самарқанд, доданд.
Пештар Дориюши Раҷабиён, рӯзноманигори маъруф ва муҷрии барномаҳои радио ва телевизиюни форсии Би-би-сӣ, барандаи ин ҷоиза шуда буд.
Вакил хоҳони сангинтарин ҷазо ба гумонбарони "Крокус" шуд
Вакили ҷабрдидагони ҳамла ба толори "Крокус Сити Ҳол"-и Маскав гуфтааст, дар мурофиаи навбатӣ аз додрас талаб хоҳанд кард, ки ба ҳамаи муттаҳамон "ҷазои сангинтарин" дода шавад.
Людмила Айвар дар ин бора рӯзи 16-уми феврал ба хабаргузории расмии ТАСС мусоҳиба додааст. Аз рӯйи қонунҳои Русия ҳукми сангинтарин ҳабси абад аст.
Дар ҳамлаи террористӣ ба "Крокус" дар канори Маскав дар рӯзи 22-юми марти соли 2024-ум 149 нафар нафар кушта ва 609 кас маҷруҳ шуданд.
Муҳокимаи гумонбарон аз моҳи августи 2025 дар Додгоҳи дуюми ҳавзаи ғарбии низомӣ дар Маскав ҷараён дорад.
Дар курсии айбдорӣ 19 нафар нишастаанд, ки аксарашон зодагони Тоҷикистон ҳастанд. Онҳо ба тарҳрезиву мусоидат ва анҷоми ҳамлаи террористӣ муттаҳам мешаванд.
Мурофиа паси дарҳои баста мегузарад ва маълум нест, то куҷо ҳуқуқи гумонбаршудагони ҳамла ба “Крокус” риоя мешавад.
Нерӯҳои қудратии Русия ҳангоми боздошти гумонбарон даст ба азияту шиканҷаи бераҳмонаи онҳо заданд ва созмонҳои ҳомии ҳуқуқ ба мисли Human Rights Watch гуфтанд, ба эътирофи гумонбарон бовар кардан душвор аст.
Ифшои беш аз 240 миллион сомонӣ зарар танҳо дар як шуъбаи БДА
Танҳо дар як шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дар Тоҷикистон беш аз 240 миллион сомонӣ, баробар ба 25 миллион доллар, зарари молӣ ошкор шудааст.
Ин рақамро намояндагони Оҷонси мубориза бо коррупсия рӯзи 13-уми феврал дар ҳузури хабарнигорон эълон карданд.
Фирӯз Камолзода, муовини раиси Оҷонси мубориза бо фасод, гуфт: "Нисбат ба масъулони шуъбаи бақайдгирии имтиҳоноти БДА-и Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон парвандаи ҷиноӣ оғоз карда шуд. Барои бе расмиятдарории гумрукӣ ба қайд гирифтан ва додани рақами воситаҳои нақлиёт."
Дар ҷараёни таҳқиқ, ба гуфтаи ӯ, "зиёда аз 253 миллион сомоние, ки барои надодани пардохтҳои гумрукӣ ба миён омада буданд, аз ҳисоби кормандони БДА ва соҳибкорони дигар пурра ба буҷа ворид карда шуд. Парванда нисбат ба онҳо ба суд (додгоҳ) фиристода шуд.”
Дар Оҷонсӣ ҷузъиёти дигар надоданд.
Тамосҳои батакрори мо ба Бозрасии Давлатии Автомобилӣ (ГАИ) бенатиҷа монд ва маълум нест вокуниши онҳо ба чунин иттиҳомот чист.
Навор дар Ютуб:
Зулфиқори Исмоилиён, коршиноси иқтисодӣ, шарҳ дод, ки садҳо миллион сомонӣ зиёни молӣ дар як шуъбаи Бозрасии Давлатии Автомобилӣ бозгӯйи чист.
“Ин нишондиҳандаи фасоди густурда аст дар Тоҷикистон. Ҳамин фасод дар тамоми соҳаҳои Тоҷикистон вуҷуд дорад. Тасаввур кун, ту меравӣ пеши духтур, пул надиҳӣ ягон кас туро нигоҳ намекунад. Дар кӯча агар милиса туро дошт, ронанда бошӣ, ҳатман пул медиҳӣ, дорӣ ё надорӣ,” – афзуд ӯ.
Ба иттилои расмӣ, соли 2025 дар Тоҷикистон зиёда аз 1900 ҷинояти коррупсионӣ ва иқтисодӣ ошкор карда шудааст. Як бахши он ба кори Бозрасии Давлатии Автомобилӣ бармегардад.
Дар гузашта интиқод аз ҳукумати Тоҷикистон бисёр зиёд буд, ки ба кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилӣ дасти боз додааст, ки ҳарчӣ хоҳанд мекунанд ва аз ронандагон ҳар вақт хостанд, ришва мегиранд.
Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ду сол пеш фармон дода буд, то теъдоди нозирони роҳ ва ё кормандони Бозрасии Давлатии Автомобилиро 30 дар сад кам кунанд.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Идомаи эътирозҳои ҳомиёни Имрон Хон дар Покистон
Ҷонибдорони Ҷунбиши инсофи Покистон (PTI) се рӯз боз роҳҳоро миёни Пешовар ва вилояти Панҷоб баста, ҳазорон мошини боркаш ва сабукрав дар нимароҳ мондаанд.
Аъзои ин ҳизб аз ҳукумати Покистон хостаанд, ки Имрон Хон, нахуствазири пешин ва бунёдгузори ин ҳизбро, ки дар зиндон бемор аст, ба шифохона интиқол диҳанд.
Тибқи гузоришҳо, биноии чашми рости Имрон Хон бинобар бемориаш 85 дарсад кам шудааст.
Тибқи гузоришҳо, гурӯҳе аз табибон барои дармони чашми Имрон Хон ба зиндон рафтаанд.
Ин дар ҳоле аст, ки 12-уми феврал Додгоҳи олии Покистон ба ҳукумати ин кишвар дастур дод, то пеш аз 16-уми феврал заминаи мулоқоти Имрон Хонро бо пизишкони чашм ва низ тамоси телефонии ӯро бо фарзандонаш фароҳам кунад.
Имрон Хон аз соли 2023 ба ин тараф дар зиндоне дар шаҳри Равалпиндӣ ба сар мебарад. Вай ба чанд иттиҳом, аз ҷумла, фасоди молӣ гумонзад аст. Имрон Хон худро бегуноҳ шумурда, ин иттиҳомотро дорои ангезаи сиёсӣ медонад.
Додситон: Баъзе гурӯҳҳо мехоҳанд робитаҳоро бо Чин вайрон кунанд
Додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, баъзе аз гурӯҳҳо дар Афғонистон мехоҳанд, бо ҳамла ба коргарони чинӣ муносибати Душанбе ва Пекинро вайрон кунанд.
Ҳабибулло Воҳидзода 13-уми феврал дар нишасти хабарӣ гуфт, "баъзе шаҳрвандон ва гурӯҳҳои ҷинояткор ҳастанд, ки тинҷию оромиро намехоҳанд ё мехоҳанд муносибати моро бо давлати Чин вайрон кунанд, вагарна роҳсоз чаро дар вақти корӣ паронда мешавад, махсусан, мардуми Чин?"
Додситони кулли Тоҷикистон аз ягон гурӯҳи мушаххас ном набурд ва танҳо гуфт, "ин куштор аз ҷониби шаҳрвандони Тоҷикистон амалӣ карда нашудааст".
Ба гуфтаи Ҳабибулло Воҳидзода, таҳқиқи ҳамла ба коргарони чинӣ дар марзи Тоҷикистон ва Афғонистон идома дорад.
Дар моҳҳои ноябр ва декабри соли гузашта дар пайи ҳамла аз хоки Афғонистон панҷ коргари чинӣ дар ноҳияҳои Шамсиддин Шоҳин ва Дарвози Тоҷикистон кушта шуданд.
Дар пайи ин ҳамлаҳо коргарони чинӣ аз минтақаҳои марзии Тоҷикистону Афғонистон хориҷ шуданд.
Муҳоҷирони тоҷик ташхиси тиббиро барои патент акнун дар Тоҷикистон месупоранд
Ҳукумати Русия ба муҳоҷирони тоҷик иҷозат додааст, ки ташхиси тиббиро дар Тоҷикистон супорида, санадҳои зарурии пизишкиро ҳаминҷо бигиранд.
Ин санад 9-уми октябри соли 2025 дар Душанбе имзо шуда, ҳафтаи гузашта ҳукумати Русия онро барои тасдиқ ба Думаи давлатӣ (порлумон) фиристод.
Баъзе аз расонаҳои русӣ бо такя ба Вазорати тандурустии Русия навиштанд, ташхиси тиббии муҳоҷирони тоҷик дар нуқтаи махсусе дар яке аз марказҳои тиббии Душанбе анҷом мешавад. Бо супоридани ташхис дар ватан, муҳоҷирони тоҷик дар Русия ташхиси такрорӣ намесупоранд.
Манбаъ мегӯяд, ин нуқтаи тиббӣ дар асоси қонунгузории Русия кор мекунад ва Тоҷикистон ин марказро аз супоридани андоз озод ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ озод мекунад.
Ҳамчунин кормандони ин марказ ба махзани маълумот дар бораи гирифторони бемориҳои ВИЧ, гепатит, сил ва бемориҳои сироятии Тоҷикистон дастрасӣ пайдо мекунанд.
Ҳанӯз маълум нест, ки ин ташхиси тиббии муҳоҷирони тоҷик дар ватан дар кадом марказии тиббии Душанбе анҷом мешавад. Мақомоти Тоҷикистон дар ин бора шарҳе надодаанд.
Супоридани ташхиси тиббӣ барои гирифтани иҷозаи кор ё патент дар Русия ҳатмӣ аст.
Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия тирамоҳи соли гузашта эълон кард, ки беш аз як миллион муҳоҷири тоҷик дар он кишвар кор мекунанд.
Гузоришҳо дар бораи таҳқиру бадрафторӣ бо ин муҳоҷирон ва зери по кардани ҳуқуқи онҳо зиёд нашр мешаванд.
Кишварҳои аврупоӣ мегӯянд, Навалний бо заҳри қотиле кушта шудааст
Мақомоти панҷ кишвари аврупоӣ мегӯянд, Алексей Навалний, пешвои мухолифони Русия, ки рӯзи 16-уми феврали соли 2024 дар маҳбас даргузашт, бо моддае бо номи "эпибатидин" заҳролуд шудааст.
Сухан дар бораи як заҳри қотиле меравад, ки аз пӯсти қурбоққаи сокин дар Амрикои Ҷанубӣ ба даст меояд. Рӯзи 14-уми феврал вазоратҳои корҳои хориҷии панҷ кишвар Бритониё, Шветсия, Фаронса, Олмон ва Ҳолланд дар ин бора як изҳороти расмӣ нашр карданд.
Дар баёнияи ин кишварҳо омадааст, ки Навалний бо "токсини марговар" кушта шудааст ва ин хулоса бар асоси ташхисест, ки баъди марги Навалниё дар хориҷ анҷом додаанд. Дар ҳоле ки мақомоти Русия сабаби марги ӯро "табиӣ" мехонанд, кишварҳои Аврупо мегӯянд, Маскав васоил, ҳам ангеза ва ҳам имкони заҳролуд кардани ин сиёсатмадорро дошт.
Эпибатидин як навъи заҳрест, ки тамоми аъзои баданро аз кор меандозад ва инсон қобилияти нафасгириро ҳам аз даст медиҳад. Алексей Навалний рӯзи 16-уми феврали соли 2024 дар зиндони "Полярний волк" дар минтақаи Ямало-Ненетс даргузашт.
Мақомоти зиндон иддао карданд, ки ӯ "баъди сайругашт худро бад ҳис кард ва аз ҳуш рафт". Муфаттишон ҷасади Навалнийро танҳо пас аз ҳашт рӯзи исрори модараш ба пайвандонаш доданд. Ӯро рӯзи 1-уми марти соли 2024 дар оромгоҳи Борисови шаҳри Маскав ба хок супурданд.
Сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 3.5 дар садро ташкил додааст
Дар соли 2025 сатҳи таваррум дар Тоҷикистон, ки беқурбшавии асъори миллӣ ва гаронии нархи молу маҳсулотро нишон медиҳад, 3,5 дарсадро ташкил додааст. Ба иттилои Бонки миллӣ таваррум асосан аз ҳисоби болоравии нархи маҳсулоти хурока ва молҳои дигар ба амал омадааст.
Масъулини бонк рӯзи 11-уми феврал гуфтанд, сатҳи таваррум муътадил аст. Ин дар ҳоле аст, ки Оҷонсии омори Тоҷикистон аз афзоиши нархҳо дар бозорҳои кишвар хабар дод. Тибқи иттилои оҷонсӣ, дар соли 2025 нархи равғани офтобпараст то гӯшти гову гӯсфанд ва меваю сабзавот, маҳсулоте, ки ошхона ва дасторхони тоҷиконро бе онҳо тасаввур кардан мушкил аст, аз ҳафт то бисту ҳафт дарсад афзудааст.
Дар аввали соли 2026 дар кишвар арзиши об, нерӯи барқ ва андозаи нишондиҳанда барои ҳисобҳо низ боло рафт. Гаронии нархи маҳсулот ва дигар хидматрасониҳо дар ҳолест, ки дар Тоҷикистон музди миёнаи кормандон 2 ҳазору 727 сомонӣ, камтар аз 300 доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Паёми видеоии Эмомалӣ Раҳмон дар пасманзари овозаҳо дар бораи ӯ
Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур дар талоши дигаре барои рафъи сару садо дар бораи сиҳатии Эмомалӣ Раҳмон паёми табрикӣ ва видеоии ӯ ба раҳбари Чинро нашр кардааст.
Дар ин паёми 3 дақиқаӣ, ки рӯзи 15-уми феврал дар вебсайт, канали телеграм ва саҳифаи президенти Тоҷикистон дар Фейсбук нашр шуд, Эмомалӣ Раҳмон бо табрики Си Ҷинпин, раиси ҷумҳурии Чин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ аз муносибатҳои дуҷонибаи ду кишвар изҳори хушҳолӣ мекунад.
Ӯ дар ин видео мегӯяд: “Боиси фараҳмандист, ки муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Чин дар қолаби шарикии ҳамаҷонибаи стратегӣ ҷараёни баланди рушдро касб кардаанд.”
Эмомалӣ Раҳмон дар ин видео ҳамчунин мегӯяд: “Бовар дорам, ки дар ҷараёни музокироту тамосҳои сатҳи олии дарпешистодаи соли равон робитаҳои байнидавлатии ду кишварро бо муҳтавои нави амалӣ боз ҳам ғанӣ хоҳем гардонид.” Маълум нест, ки ин музокирот кай ва дар куҷо сурат мегирад ва мӯҳтавои гуфтугуҳо низ чист.
Агарчӣ дар гузашта дафтари матбуоти раёсати ҷумҳурӣ паёмҳои табрикии Эмомалӣ Раҳмон ба раҳбарони кишварҳои ҷаҳонро катбӣ нашр кардааст, аммо паёмҳои табрикӣ ва видеоии ӯ ба раҳбарони хориҷӣ аҳёнан нашр шудаанд. Аз ин рӯ паёми нави ӯро талоше барои рафъи сару садо дар бораи сиҳатии Эмомалӣ Раҳмон медонанд, ки ҳафтаи гузашта дар шабакаҳои иҷтимоӣ зиёд шуд.
Дар байни ҷомеа ва ҳам телевизионҳои давлатӣ кам зоҳир шудани ӯ ҳадсу гумонҳои зиёдеро барангехт, ки ӯ гӯё бемор аст, вале баъзе манобеъ гуфтанд, ки барои истироҳат ба ҷазираи Ҳайнани Чин рафтааст. Эмомалӣ Раҳмон, ки қадам ба 74-солагӣ дорад, аз соли 1992 Тоҷикистонро раҳбарӣ мекунад ва барои ба даст гирифтани тамоми шохаҳои қудрат ва аъзои хонавода ва ҳампаймонҳои наздикашро дар мақомҳои калидӣ ҷой доданаш танқид мешавад.
Бар тибқи Қонуни асосӣ, агар раисҷумҳури Тоҷикистон ба таври муваққат ё доим вазифаашро иҷро карда натавонад, масъулияти раҳбарии кишварро раиси Маҷлиси миллӣ бар уҳда мегирад. Мақоме, ки ҳоло Рустами Эмомалӣ, писари Эмомалӣ Раҳмон, бар дӯш дорад.
Соли гузашта бештар аз 23 000 молиётсупорро ҷарима бастаанд
Дар соли 2025 барои напардохтани андоз ва риоят накардани қонунгузории андоз 23 716 молиётсупорро дар ҳаҷми 115 миллион сомонӣ ҷарима бастаанд. Ба гуфтаи Иброҳим Самадзода, намояндаи Кумитаи андоз аз ин ҳаҷм 100 миллион сомонӣ ба буҷа давлат рафтааст.
Аксари қонуншикании андоз сари вақт нарапдохтани молиёт, пинҳон нигоҳ доштани ҳаҷми даромад, пешниҳод накардани эъломия, сари вақт тартиб надодани сандаҳо, истифода накардани дастгоҳии назорати хазинавӣ мебошад.
Аз аввали соли 2026 ҳаҷми ҷаримаҳо барои қонуншиканӣ дар бахши андоз барои ҳама як баробар афзоиш дода шуд. Нусратулло Давлатзода, раиси Кумитаи андоз сабаби боло бурдани ҳаҷми ҷаримаҳоро бештар кардани масъулияти андозсупорандагон дар пардохти андоз ва риоят кардани талаботи қонуни андоз ва ҷилавгирӣ кардан аз иқтисоди пинҳонӣ ва такрор накардани қонуншиканӣ унвон кард.
Ӯ дар посух ба суоли он ки оё гароншавии ҳаҷми ҷаримаҳо боиси бештар шудани пинҳонкории иқтисодӣ ва гурехтан аз пардохти андоз намешавад, гуфт, баръакс ин масъулияти андозсупорандагонро барои риоят кардани талаботи андоз бештар мекунад.
Собиқадори футболи тоҷик Сулаймон Бобокалонов даргузашт
Собиқ бозигари дастаи “Помир”-и Душанбе ва сармураббии тими миллии футболи занонаи Тоҷикистон Сулаймон Бобокалонов дар синни 66-солагӣ дар шаҳри Челябински Русия даргузашт.
Сулаймон Бобокалонов ба ҳайси нимҳимоятгар фаъолияти худро соли 1978 дар дастаи «Пахтакор»-и Қӯрғонтеппа шуруъ намудааст. Ӯ дар ҳайати ин даста солҳои 1979-80 дар лигаи дуюми чемпионати СССР ҳунарнамоӣ кардааст.
Вай соли 1981 дар ҳайати «Помир»-и Душанбе дар 27 бозӣ иштирок карда, ду гол задааст. Баъди танаффуси дусола Бобокалонов соли 1984 боз ба «Помир» баргаштааст. Баъдан соли 1987 дар ҳайати «Вахш»-и Қӯрғонтеппа дар лигаи дуюми чемпионати СССР бозӣ кардааст.
Пас аз пошхӯрии СССР солҳои 1993-94 дар мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон узви дастаи “Шодмон”-и Ҳисор буд. Соли 1996 дар ҳайати тими «Ситора»-и Душанбе барандаи медали нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон гардидааст. Дар ҷараёни мавсим ӯ ба дастаи «Бофанда»-и Душанбе гузаштааст.
Вай соли 1993 дар ҳайати дастаи мунтахаби миллии Тоҷикистон чаҳор бозӣ анҷом додааст.
Фаъолияти мураббигии Сулаймонов дар футболи занона мақоми хоса дошт. Ӯ солҳои тӯлонӣ мураббии дастаи «Ласточка»-и Душанбе буда, тими миллии занонаи Тоҷикистонро роҳбарӣ кардааст. Ба шарофати талошҳои ӯ бисёре аз духтарон тавонистанд, ки малакаи худро сайқал дода, ҳамчун футболбози касбӣ фаъолият намоянд.