Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигин аз омадани Толибон метарсад, вале ноумед нест. ВИДЕО


Нигин Афшор
Нигин Афшор

Нигин Афшор, мототсиклрони 16-сола аз Афғонистон умедвор аст, ки барои духтарони дигар намунаи ибрат мешавад. Аммо ӯ ва мураббиҳояш аз бозгашти Толибон нигаронанд, ки зидди машқу варзиш ва кори занон ҳастанд.

Саҳнаҳои мототсиклронии занону духтаронро дар бисёре аз кишварҳо метавон диду ба навор гирифт, вале вазъ дар Афғонистон фарқ мекунад. Тақрибан 20 сол пеш дар Афғонистон мумкин буд, барои мотосиклронӣ мардро ҳам бикушанд, чӣ расад ба духтари ноболиғе мисли Нигин.

"Салом. Номи ман Нигин Афшор аст. Ман 16 сол дорам ва як сол боз мототсикл меронам. Волидони ман, махсусан модарам, маро рӯҳбаланд месозанд ва дастгирӣ мекунанд. Ба он хотир ба ин навъи варзиш рӯ овардам, ки шавқовар аст", -- нақл кард Нигин.

Гузориши видеоиро дар ин ҷо бинед:

Нигин аз омадани Толибон метарсад, вале ноумед нест
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:39 0:00

Нигин пас аз 3 соли сарнагун шудани Толибон ба дунё омадааст. Дар аҳди онҳо суруду мусиқӣ ва ҳама навъи варзиш манъ буд. Занон ҳақ надоштанд бе мард аз хона берун шаванд ва чеҳраи худро намоён кунанд. Заноне, ки саркашӣ мекарданд, сангсор мешуданд. Кору пешрафт барои зан он замон номумкин буд.

Нигин гуфт, "пеш аз он ки ба мототсиклронӣ машғул шавам, се сол капитани тими Афғонистон оид ба варзиши сабук будам. Соҳиби се нишон дар Дубай шудам. Ҳамон ҷо сабқатҳои мототсиклронии мардонро дидам ва тасмим гирифтам, ки ин навъи варзишро дар Афғонистон рушд диҳем. Ҳадафи ман ҷалби духтарон ба ин варзиш аст. Мехоҳам, онҳо машғулиятҳои гуногун дошта бошанд".

Вале хатаре ҷой дорад, ки сиёсатҳои ҷаҳонӣ нақшаҳои Нигинро рӯйи об кунад. Аз охири соли гузашта гуфтушуниди Амрико бо Толибон шуруъ шуд. Ҷонибдорони исломи муътадил дар Афғонистон метарсанд, ки тундгароён дубора ба қудрат меоянд. Вале модари Нигин, ки Федератсияи мотоспортро дар Афғонистон раҳбарӣ мекунад, ҳоло дар ин бора фикр кардан намехоҳад.

Фаришта Афшор мегӯяд, “ман наметавонам бигӯям, ки аслан нигарон нестам. Албатта, як номуайянӣ вуҷуд дорад. Мушкилоти дигар ҳам вуҷуд дорад. Барои мисол, на ба ҳама дар Афғонистон рушди мототсиклронии занона писанд аст. Бархеҳо моро дастгирӣ мекунанд, бархе барои ин кор танқид. Вале ману шавҳарам мехоҳем, ки Нигин дар ин самт комёб шавад.”

Қарор буд имсол Нигин дар сабқатҳои мототсиклронӣ дар Эрону Малайзия ширкат кунад, аммо мусобиқаҳо ба далели пандемия лағв шуданд. Орзуи дастёбӣ ба ҷоизаву медалро Нигин ба соли дигар гузошт. Ба назари ӯ, муҳим ин аст, ки то он вақт низоми сиёсӣ дар Афғонистон тағйир накунад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG