Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазир гуфт, нагузоштанд, ки COVID-19 иқтисодро бемори "бистарӣ" кунад


Завқӣ Завқизода.
Завқӣ Завқизода.

Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон мегӯяд, бо вуҷуди таъсири пандемияи COVID-19 ба иқтисоди кишвар, тавонистанд рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро дар сатҳи 3,5 дарсад таъмин намоянд. Аммо таҳлилгарони мустақил ба ин гуфтаҳо бо шубҳа менигаранд ва мегӯянд, ки дар чунин шароит ин кор баъид ба назар мерасад.

Тоҷикистон қаблан рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии худро дар соли 2020 дар сатҳи 7,8 фисад пешбинӣ намуда буд, аммо дар пай таъсири хуруҷи коронавирус онро бознигарӣ намуда, ба сатҳи 4,7 фоиз поин овард.

Вазири рушди иқтисод ва савдо рӯзи 3-юми август зимни нишасти хабарӣ гуфт, сатҳи ММД нисбати ҳамин давраи соли гузашта 4 банди фоизӣ коҳиш ёфтааст. Ӯ таъкид намуд, ки тавонистанд, бо фарқ аз кишварҳои минтақа таназзули иқтисодиро то ҷое пешгирӣ намоянд.

"Тадбирҳои зиддибуҳронии ҳукумат пеши роҳи таъсири манфии коронавирус ба иқтисодиёти кишварро то андозае гирифт. Агар муқоиса кунем, аз гуфтани номи давлатҳои алоҳида худдорӣ мекунам, лекин дар бисёр давлатҳои минтақа, ки шарикони тиҷоратии мо ҳастанд, аз рӯи ҷамъбасти нимсола онҳо ба таназзулӣ манфии иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуданд, хушбахтона мо ин таназзулӣ иқтисодиро дар нимсола хеле пешгирӣ кардем"- гуфт, вазири рушди иқтисод ва савдо.

Назари таҳлилгарон дигар аст

Бархе таҳлилгарон, ки масъалаи паёмадҳои пандемияи COVID-19-ро ба иқтисоди кишварҳо пайгирӣ мекунанд, арзёбиҳои вазири рушди иқтисод ва савдоро дур аз воқеият меҳисобанд. Абдуманнон Шералиев, таҳлилгари масоили иқтисодӣ рӯзи 3-юми август ба Радиои Озодӣ гуфт, 3,5 дарсад рушди ММД-и Тоҷикистон аслан ғайриимкон аст ва барои ин даҳҳо далел вуҷуд дорад.

"Далели аввал ин аст, ки худи мақомот эътироф мекунанд иқтисоди кишвар 31 дарсад аз пули муҳоҷирон мечархад ва вуруди ин пул 50 дарсад камтар шудааст. Далели дуввум, ҳамагӣ чанд кишвар дар ҷаҳон дар ин нимсола рушди иқтисодӣ доштаанд, он ҳам кишварҳое, ки аз пули хориҷӣ вобастагӣ надоранд ва рушдашон аз 1% боло нест. Далели саввум сатҳи зиндагии мардум аст, ки боризтарин нишондиҳандаи рушд ва рукуд мебошад, чаҳорум дурӯғи қаблии мақомот дар бораи пешбинии рушди имсолаи ММД аст, ки барои хориҷиён онро 2,5 ва барои дохил 4,5 дарсад гуфтанд".

Дар ҳамин ҳол Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, нақши Барномаи зиддибуҳронии Тоҷикистон дар рушди бахши хусусӣ, аз ҷумла кори соҳибкорон муассир аст.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров, профессори улуми иқтисод нишондоди рушди 3,5 дарсади Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилии кишварро дуруст арзёбӣ мекунад. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, пандемия ба кори корхонаҳои саноатии кишвар чандон таъсири зиёд нарасонидааст ва аз ин ҳисоб рушди иқтисодӣ ба назар мерасад.

Ӯ гуфт: "Зеро онҳо имкониятҳои дохилии рушди худро доранд ва бо хориҷи кишвар алоқаманд набуданд ва маҳкам шудани марзҳо ба рушди онҳо таъсири ҷиддӣ расонида натавонист. Масалан, агар саноати сементро гирем, қариб, ки бо ҷаҳони беруна алоқамандӣ надорад, ягон алоқамандияш ин содироти он аст, дигар таҷҳизоти технологӣ, имкони бо ашёи хом таъмин кардан барои чунин корхонаҳо дар дохил буд".

Нишондодҳои манфӣ, ки аз дигар ҷо ҳам садо додаанд

Вазорати рушди иқтисод ва савдо дар ҳоле аз рушди иқтисоди кишвар хабар медиҳад, ки ҳафтаи гузашта масъулони ниҳодҳои давлатӣ ба мисли кумитаҳои сармоягузориву андоз аз коҳиши воридоти сармоя ба иқтисоди кишвар ва қатъи кори даҳҳо ҳазор соҳибкор сӯҳбат карданд.

Бино ба арзёбии Бонки Ҷаҳонӣ иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2020 рушд намекунад, балки баръакс коҳиш ёфта, дар сатҳи ду дарсади зери сифр қарор мегирад. Ин нукта дар гузориш Бонки Ҷаҳонӣ, ки 8-уми июн бо номи "Дурнамои рушди иқтисоди ҷаҳон" нашр гардид, зикр шудааст. Аммо раҳбарияти вазорати рушди иқтисод ва савдо мегӯяд, боварӣ доранд, то охири сол сатҳи 4,7 дарсади рушди Маҷмӯи Маҳсулоти Дохилиро таъмин хоҳанд кард.

Қаблан мақомоти Кумитаи сармоягузории кишвар низ аз паёмадҳои ногувори пандемияи COVID-19 ба иқтисоди кишвар гуфта буданд. Фаррух Ҳамрализода, раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ рӯзи 28-уми июл зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе гуфт, "мо тарҳҳои муштараки сармоягузорӣ дорем, ки бештари онҳо бо Ҷумҳурии Халқии Хитой аст. Вале интизор дорем, ки сармоягузории хориҷӣ ба Тоҷикистон аз 30 то 50 дарсад коҳиш меёбад."

Дар ҳамин ҳол, хонаводаҳои бархе муҳоҷирони меҳнатии тоҷик ва чанде аз соҳибкорон ҳам дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ аз таъсири пандемияи коронавирус ба кору зиндагии худ изҳори нигаронӣ намуда, хостори дастгириву кӯмакҳои бештари давлатӣ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон ҳарчанд дар охири моҳи апрел мавҷудияти коронавурсро дар кишвар тасдиқ карданд, аммо ба таъкиди коршиносон таъсири пандемия ба иқтисоди кишвар ҳанӯз аз моҳҳои феврал-март оғоз шуда буд.

Ҳукумати Тоҷикистон барои кам кардани таъсири паҳншавии бемории COVID-19 ба иқтисоди кишвар ба чанд соҳа ва соҳибкорон сабукӣ додааст. Аз ҷумла, иншоотҳои соҳаи сайёҳӣ ва соҳибкороне, ки дар бозорҳо кор мекунанд, муваққатан аз пардохти андоз озод шуданд.

Қарори додани сабукӣ баъдӣ беш аз як моҳи эълони расмии мавҷудияти коронавирус дар кишвар ва дар пайи интиқодҳое қабул шуд, ки мегуфтанд, мақомот ба вазъи соҳибкорон дар шароити буҳрон таваҷҷӯҳ намекунанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG